Нашрияи Омӯзгор

Таҷрибаомўзӣ самаранок ба роҳ монда шудааст

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов  дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Ба иттилои директори иҷроияи он Рустам Ғаниев, дар филиал айни замон 351 донишҷў таҳсил мекунанд, ки 19 нафари онҳо шаҳрванди хориҷӣ мебошанд. Барномаҳои таълимӣ аз рўйи 6 равия мутобиқ ба талаботи стандартҳои федералии таҳсилоти олӣ дар ду факулта – илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаи номбурда ташкили таҷрибаомўзӣ ва бо кор таъмин кардани хатмкунандагон хуб ба роҳ монда шудааст. Муассисаи олии таълимӣ барои гузаштани таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷўён бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Агентии хидмати давлатӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, БДА ҶТ «Амонатбонк», Донишгоҳи миллӣ, ҶСП «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Телеком Технолоҷӣ», ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо», Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту корхонаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Литсейи филиал фаъолияти назаррас дошта, айни замон дар он 249 хонанда аз рўйи равияи илмҳои табиӣ таълиму тарбия мегиранд. Ҳамчунин, дар филиал бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёрии довталабон барои қабул ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, шиносоӣ бо барномаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ ва шароити қабул курсҳои омодагӣ ташкил гардидаанд.

Дар ҳамоиши мазкур фаъолияти китобхонаи муассиса назаррас арзёбӣ гардид. Айни ҳол фонди умумии китобхона 17 190 нусха адабиёти таълимӣ, методӣ ва илмиро дар бар мегирад. Китобхонаи электронӣ ба шабакаи интернет ва шабакаи дохилӣ, инчунин, бо китобхонаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов пайваст буда, хонандагону донишҷўён, омўзгорону кормандон метавонанд озодона аз сарчашмаҳои мухталиф китобҳои даркории худро дастрас намоянд.

Дилафрўз Қурбонӣ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш