Нашрияи Омӯзгор

Аз 11 то 14 август азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ

Сана: 2021-08-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

 

Аз 11 то 14 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки интихоби дурусти худро ба роҳ монанд. Зеро дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рўи балҳои бадастовардааш ба гурўҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис мешавад.

Зимни суҳбат котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода зикр намуд, ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рўйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд,  расонида мешавад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рўйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷўён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2021 холӣ мондаанд, дар якчанд нуқтаи бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ба роҳ монда мешавад.

Рўйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

- Дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рўйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин, довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд, – қайд кард З. Абдусаломзода.

Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Амонатбонк» оғоз гардидааст. Довталабони хоҳишманд метавонанд маблағи мазкурро пешакӣ дар яке аз филиалҳои бонки мазкур пардохт кунанд.

Инчунин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида дар бораи кадом рўз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Рўйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи марказ гузошта мешавад.

Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан ба рўйхати мазкур, инчунин, тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи марказро хонанд.

З. Абдусаломзода зикр кард, довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар то 5 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5 август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Бояд гуфт, ки дар сурати то 5 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ў аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок надорад.

 

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш