Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳо афзун мегарданд

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

20-уми июли соли ҷорӣ дар толори маркази матбуотии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазири маориф ва илм, Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ, сардорони раёсату шуъба ва кормандону масъулини зерсохтори вазорат баргузор гардид.

-           Дар мавсими тобистони соли 2018 дар ҷумҳурӣ  1519 лагери наздимактабӣ бо фарогирии 1144992 нафар, 54 лагери беруназшаҳрӣ бо фарогирии 23622 нафар, 245 лагери меҳнатӣ –истироҳатӣ бо фарогирии 11730 нафар, 2 лагери санаторӣ бо фарогии 55 нафар, 113 лагери варзишӣ –беҳдоштӣ бо фарогирии 5595 нафар, 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ бо фарогирии 17342 нафар кӯдаку наврас фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли 2018 хонандагони кишвар дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ (дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка) фаъолона иштирок намуда, сазовори 196 медал (47 медали тилло, 71 медали нуқра ва 78 медали биринҷӣ) гардиданд. Ҳамасола ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 14 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4276 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, -  иброз дошт  муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев. Муовини аввали вазири маориф ва илм, ҳамчунин, қайд кард, ки ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҳар ду кишвар иқдом гирифта шуд.

Дар ин замина бояд  аз ҷониби кишвари мо  ду муассиса (як мактаб дар вилояти Самарқанд ва як кӯдакистон дар вилояти Фарғона) сохта шаванд. Ҳамзамон, як мактаб дар  ноҳияи Спитамен ва як маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта хоҳанд шуд. Инчунин, зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ 77 муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Дар 426 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130 ҳазор хонанда бо забони ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои таъмин ва омода намудани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳое, ки дар он таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи алоҳида фаъолият дорад.

Қайд гардид, ки соли таҳсили 2018-2019 1246 ҷой ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҷудо ва  озмун гузаронида шуд. Беҳтаринҳо ба муассисаҳои олии кишвар шомил гардиданд.

Масъали дигаре, ки рӯзноманигорон ба он таваҷҷуҳ намуданд, тағйир додани вақти таҳсил ва баргаштан ба низоми таҳсили чаҳорчорякӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷавобан ба ин савол муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз дошт, ки воқеан, барои баргардонидани таътилҳои муқаррарӣ Вазорати маориф ва  илм мактуби расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд, ки  он дастгирӣ ёфт ва барои мувофиқа ба дигар вазорату идораҳо пешниҳод гардид. Эҳтимол дорад, дар соли хониши 2018-2019 таътилҳои собиқ барқарор карда шаванд.

Дар масъалаи Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода қайд кард, ки барои вусъат бахшидани рушди корхонаи ватанӣ шартномаи муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ ба имзо расонида мешавад. Вобаста ба нархи шартномаҳои тарафайн дар минтақаҳо нархҳо гуногун  аст. Барои хариди либосҳои мактабӣ ярмаркаҳо ташкил карда мешаванд.

Шоистаи таъкид аст, ки нишасти матбуотии вазорат тавассути  саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Ба саволҳои зиёди кормандони васоити ахбори омма муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев, муовинони вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, Л. Назирӣ ва сардорони раёсатҳои вазорат ҷавобҳои мушаххасу қаноатбахш доданд.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш