Нашрияи Омӯзгор

Занги нимашаб, эҳсоси танҳоӣ ва афсонаи мўрча

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Шаб аз нима гузаштаву хоб гўё ба дидагони ман наздик мешавад. Чун хоб ба дида намеояд, лаҳзаҳои гуногун, ашхосу ҳаводису рўйдодҳои мухталиф пеши назар пайдо мешаванд.

Хоб аз дидагон мегурезаду хаёлоти ногувор маро раҳо кардан намехоҳад, ҳузни  ноаёни  мағшуштар тану ҷони маро фарогир мешавад. Дигар маро раҳоиву наҷот аз панҷаҳои фўлодини хаёлот нест. Намедонам чӣ коре бикунаму чӣ чорае барои наҷоти хеш биандешам. Чароғро гирон мекунам. Нигоҳи чашмонам ба гўшии болои миз меафтанд. Дар дилам орзуе рў мезанад: “Эҳ, кош ҳоло касе маро ёд мекарду зангам мезад”. Умедвориам чанд муддате тўл кашиду гўшӣ сокит.

-“Наход  ягон хоббезори дигаре набошад, ки дар ин нимашаб ёди ман кунад?!” – ҳузнам афзунтар мешавад. “Ё шояд кадоме чун ман бедорхоб асту низ умедвори занге ва фақат таҳаммул мекунад аз бевақтӣ ва нобаҳангомӣ!?”

Гўширо ба даст мегираму умедвориам мубаддал мешавад ба заъф. Дилам гум мезанад ба овози ошное, ҳамдаме, ҳамдами лаҳзаи танҳоӣ  .... Аммо ҳайҳот!

Ғайри хоҳишу ихтиёр мекушоям дафтари рақамҳоро. Чаро?!  Намедонам. Кадом номе ё рақаме ба чашмам гарм мерасад. Ғайриихтиёр тугмаи даъватро пахш менамоям. Ғайриихтиёр!!! Ман аз марзи ихтиёр берун рафтаам.

- Алло, - садо меояд аз гўшӣ пас аз чанд лаҳзае.

-Салом, дўстам, - ҷавоб медиҳам бо хурсандӣ ва гўё, ки ҷустаамро ёфта бошам.

  - Ҳа, ако, тинҷӣ? – ба ҷои алейки салом мепурсад аз он сў.

- Тинҷист, дўстам, тинҷист!

- Дар ин бемаҳалӣ занг задед?!

- Магар бевақт аст?

- Як ба соат нигоҳ кунед, агар дошта бошед!?

- Ба соат маро чӣ кор, дўстам! Бароям қиссае бигў, то лаҳзае осоиш ёбам.

- О, чӣ қиссае бигўям? Ман қиссахон набошам. Дигар қисса ҳам вақту соат доштагист?!

- Қиссаро барои оварондани хоб, дар шаб намегўянд?  

- Он қиссаро барои кўдакон мегўянд!

- Мо магар ҳанўз кўдак нестем?

- Кўдакони сарсафеди хоббезор! – киноя мекунад ў.

   - Ҳар чӣ бошад, бароям қиссае бигў!? – зора мекунам ман.

- О, ако! Мани хобзада ба шумои хоббезор чӣ қиссае дар ин нимашабӣ метавонам бигўям?! Шабатон хуш, ако! – Аз он тарафи гўшӣ садои кўтоҳи якнавохте меояд, - гуд,... гуд, ...гуд. Гўиё аҷнабие, ки гўширо офаридаву барномасозӣ карда, маро мазоҳкунон дастафшонӣ мекунад ... хайр ,... хайр..., хуш бош..., хуш,... хуш..., хоббезор,...безор ...ӣ- ӣ- ӣ.

Дўстам аз занги бевақту ғайриихтиёри ман малул шуду ман аз малоли ноҷояву хоболудонаи ғайриихтиёри ў. Яъне, ҳама берун аз ихтиёр!  Куҷост ҳамон марзи ихтиёр?!  Куҷост худи ҳамон ихтиёр то орамаш ба каф?!

Ай дўст, дўсти азиз! Чаро малул шудӣ? Магар мушкил буд қиссаеро, аққалан, бофтану гуфтан?! Маро мақсуд на қисса буд, балки шунидани садои таскинбахшу рўҳафзои ту, то  рўҳи рамидаву қароргумкардаам ором шаваду даме биосояд ва хоби даргурез шавад меҳмон ба дидаҳои хоббезор! Ту аз ман мепурсӣ, кадом қисса!? Магар дар олам қисса кам аст барои бофтану гуфтан?  Магар ҳар дами мо, ҳар рўзи мо, дидаву шунидаи мо қиссае нест?

Масалан, мебофтиву мегуфтӣ: - Будасту набудаст, Мўрчаяке будаст. Майдаҳак будаасту сиёҳак, миёнборик ва хеле ҳақиру назарногир. Зиндагоние дошта ба зайли фақир. Метапида барои ғун кардани дона дар лона. Рўзе миёни борик бо риштаи ҳиммату ғайрат барбасту давид ба саҳро, суроғи ризқи парешон, яъне донаҳои пошида. Давиданҳо натиҷа бор оварданд. Дар канораи киштае донае ёфт пўхтаву расидаву пуршира. Аз ёфта меболиду зўраш даҳчанд меафзуд. Ҳарчанд дона  аз ў бузургтар буд, бо ҷаҳд даст ба дона заду пойҳоро кард ба замин тиргак. Дона аз ҷаҳди Мўрчаяк ҷунбид аз ҷой ва Мўрчаяк хазид ҷониби лона. Чандин сангаку кулўхак, чандин хораку хасак барин монеаҳоро зери по карду паси сар. Дона борҳо аз чангак мераҳиду меғелид ба дуртар. Мечаспид бо ҷаҳди тоза бо чангакҳои гиро ба дона, вале дар дил ҳаросе дошт аз Мўрчаи зарди каллакалон, ки чанд бор дона аз чангакаш рабуда буд ва мерафт пайраҳаҳои мўрчагонаро чапғалат дода, ҳарчанд мешуд роҳаш дарозу душвортар. Мерафт бо ҳарос. Ҳароси ҷон не, ҳароси гум кардани ёфта, гум кардани рўзӣ. Мерафту меафтод. Меафтоду мехест. Мехесту мехазид сўи лона. Вале мекўшид наравад ҷониби Санги калони сиёҳ, ки лонаи Зардаки каллакалон зери он буд.

 

Ногаҳ, ... болои сараш сиёҳие пайдо шуд. Аввал фикр кард абрро ба ҳоли ў раҳм омадаву ба сараш соя афканда. Вале фикраш хато буд, чун хаёли хомхаёлон. Мурғе буд донахор. Мурғе буд, ки аз баландӣ донаро дид, вале Мўрчаякро не. Агар медид – чӣ? Ўро чӣ парво аз мўрча буд? Муҳим дона буд, на мўрча. Болҳоро ғун карду хамбид паси донаи пўхтаи ширадор ва минқори сангин зад ба дона  ... ва ба Мўрчаяк. Мўрчаяк зарбаро таҳаммул кард барои дона ва раҳо накард донаро аз чангак. Ҳарчанд зарби минқор ҷонкоҳ буд, ранҷи бурда аз барои дона гаронтар. Дарди аз даст додани ризқи бо заҳмат ба даст омада ҷонкоҳу вазнинтар. Мўрчаяк ҷонҳавл чангак ба дона зад сахттар.

Чашм задание худро дид даруни минқор. Мўрчаяк нияти раҳо кардани донаро надошт, ки надошт. Вале торикии даруни минқор ваҳмовар буд. Донаро раҳо карду чангак ба минқор зад. Кора накард. Зери по нармии намноке ҳис карду бо хаёли тар кардани ҳалқи қоқшуда чангак ба он зад. Мурғ аз дарди забон минқор во кард ва ғайриихтиёр гуфт: қа –а – а.

Мўрчаяк бехудона ва ғайриихтиёр худро андохт ба рўшноии яклаҳзаина пайдошуда ва ... афтод ба замин. Сараш гаранг шуд, чашмонаш сиёҳӣ зад, дилаш сих зад. Пойҳои шалпару захмёфта дароз кард рўи  замин ва оҳе кашид пурҳасрат. Надонист афсўси донаи пуршираи аз даст рафтаро хўрад, ё шукронаи ҷони саломатмондаро кунад. Надонисту пой дароз карду хобид. Хобид, хобиду хест  ва ... равон шуд  ба домани саҳро, суроғи донаи нав....

Бале, дўстам! Аққалан бароям ҳамин қиссаро мехондӣ, овози чун қисса гуворои ту  рўҳи аз ихтиёр рафтаи маро ба ихтиёр меоварду оромиш медод. Ту хаёл кардӣ, ки новақт суроғат кардам, пас нотинҷист ва пурсидӣ:

- Тинҷист? Дар ин бевақтӣ?

Эй дўст, дўсти азиз! Магар тинҷӣ на вақтест, ки оромист!? Магар вақте рўҳи кас ноором асту аз марзи ихтиёр берун меравад, тинҷист? Магар садои дўст, овои дўст, суроғи дўст вақту бевақтӣ дорад? Магар рўҳи мо фақат дар вақт ноором мешаваду навозиш мехоҳад?  Магар мо  рўҳан дўст  нестем?

    Аё дўст, ту новақт суроғам кун! Дар вақт дигарон суроғам мекунанд. Ту рўҳи маро ором бахш! Ҷисми маро оромбахши дигаре ёфт хоҳад шуд. Ман дар новақт ба ту муҳтоҷам!  Дар вақт ёрирасону ҳоҷатбаророн бисёранд, ай дўст, дўсти азизу ҷонии ман!  

 

Муртазоалӣ Муродов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш