(Охираш.Аввалаш дар шумораи гузашта)
Баъд аз сипарӣ гардидани чанд рўз дар деҳа овозаи тоза паҳн шуд, ки муаллими китобнавис тасмим гирифтааст, хонаю ҳавлӣ ва гову молашро фурўхта, ҳамроҳи фарзандонаш (чор нафар писар, чун чор духтарашро хонадор карда буд) ба шаҳр мекўчад. Азмаш қатъист.
-Дар деҳа зиндагӣ карда, як порча замин надошта бошӣ, гову мол парво карда натавонӣ, ширу ҷурғоту чаккаю маска, гашничу пиёзу шибита пул дода бихарӣ, аз ин ҳазор мартаба беҳтар нест, ки дар шаҳр зиндагӣ кунӣ?- гуфтааст муаллим.
Ҳарчанд директори мактаб пофишорӣ намуда, насиҳат ва таъкидаш кардааст, ки «аз ин раъйят гард, аздусар ҳеҷ кас парвои кўчиданатро надорад, масъалаи замин вазнин аст, бе пул ба ту намерасад», эътибор надодааст муаллим ва ғазабнок ба моҷаро нуқта гузоштааст:
-Мекўчам, тамом-вассалом. Равед, аз пайи ҷустуҷўйи муаллими забон ва адабиёти тоҷик шавед! Ана, ҳамин гуна гапҳо.
Тасодуфро бинед, ки субҳи рўзи ҷумъаи ҳафтаи охири моҳи ноябр, ҳангоме ки харидоре аз ҳамсоядеҳ дари муаллимро кўфта, дар асоси маслиҳати пешакӣ бастаҳои пули дар рўймоли алвонӣ печонидаро шумурдаю ба ў супурданӣ буд…
-Муаллим, ҳо-о-о муаллим,-гуфтани касе муаллиму харидори хонаи ўро ба ташвишу ҳайрат мувоҷеҳ сохт. Кӣ бошад? Тинҷист ё…
Дарро кушода, муаллим рў ба рўяш марди тақрибан 50-55-соларо, ки соле қабл аз кадом деҳаи дурдаст кўчида омада, дар қисмати болоии деҳа зиндагӣ ба сар мебурд, дид. Мегуфтанд, ки вай соҳиби гову моли зиёд ва рамаи гўсфандон буда, 5 гектар замини фермерӣ ҳам дорад. Муаллим гоҳ-гоҳ бо ў дар маъракаҳои тўю худоӣ ва ҷаноза вомехўрд. Дар ин субҳи барвақт ўро дар назди дарвозааш дучор омада, вай дар ҳайрат монд, ҳатто пурсупоси муқаррариро фаромўш кард.
-Мебинам, ки маро дида, дар ҳайрат мондед, - чашм аз муаллим наканда, лаб ба сухан кушод мард.
-Медонед, муаллим, ман се рўз пеш аз сари мол, аз мавзеи Чашмасор баргаштам ва аввалин хабареро шунидам, он буд, ки шумо хонаю дару ҳавлиятонро фурўхта, ба шаҳр кўчиданӣ ҳастед. Худоё, Худовандо,-гуфтам пеши худ, кош муаллим хонаю дарашро ба савдо назадаву харидор пайдо нашуда, ё дер карда бошад. Кош…
Муаллим ба пеши пояш нигоҳ дўхта, якбора:
-Дер кардед, ака,-гўён сухани мардро бурид. -Мана харидор ҳамин ҷо, маблағро овардааст. Мо пешакӣ маслиҳат карда будем. Узр, узр, ака.
Садои хандаи баланди мард муаллимро бағоят шигифтзада кард. Мард механдиду механдид, ҳатто аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. «Чӣ шудааст ба вай,-аз дил гузаронид муаллим. -Ақлашро бохтааст чӣ бало? Ё ба ҳоли ман механдед? Эҳ, болои сўхта намакобаш ҳамин-да».
-Бахшиш муаллим,-узрхоҳӣ кард мард ва ба муаллим рамузҷўёна нигарист.
-Маблағро гирифтед?
-Ҳо, гирифтам,-посух дод муаллим ҳамоно банди ҳайрату тааҷҷуб.
-Акнун, баргардонед, ман ҳамаашро ба шумо мефаҳмонам.
-Не, мебахшед, лафзи мард якта, мо савдо кардем. Дигар ҳоҷати гапи зиёдатӣ ва қилу қол нест.
-Медонед, даст ба китфи муаллим гузошта изҳор намуд мард, ман барои харидани хонаю ҳавлии шумо наомадаам. Савдоятонро вайрон карданӣ ҳам нестам. Гўшам бод гирифта буд, ки чанд сол боз шумо барои соҳиб шудан ба замини иҷора банди ташвишу такудав ҳастеду хоҳишатонро иҷро намекунанд.
Ва ана, ҳоло аз ҳама дилатон мондаю хонаву ҳавлиятонро фурўхта, ба шаҳр кўчиданиед. Ман намегузорам, ки шумо барин омўзгори донишманду соҳибкитоб, ки барои мактаб шахси аз ҳама даркорӣ ва сарсупурдаед, аз деҳа баромада равед.
Мард лаҳзае ба хаёл рафт ва пас аз он сар бардошта афзуд:
-Бовар кунед, дар мактаб ягон писару духтари ман таҳсил намекунанд. Ман барои худам не, барои наслҳои оянда мегўям. Охир, дилам месўзад. Наравед, муаллим. Шумо одами даркориед, ба Худо, аз сари сидқ мегўям. Ман дар ин субҳи солеҳон барои он омадам, ки ба шумо дасти ёрӣ дароз кунам. Охир, мегўянд – ку, некӣ куну дар об андоз.
-Хайр? – назари суол дўхт ба мард муаллим. -Ман, ба фикри шумо, аз деҳа наравам?
-Не, ҳеҷ гоҳ,-ҳанўз даст аз китфи муаллим набардошта буд мард. -Аз ҳисоби заминҳои фермерии худам як гектарашро ба шумо ҳуҷҷат карда медиҳам. Ба Худо қасам мехўрам. Ба лафзи мард бовар кунед. Илтимос!
Ҳафтаи оянда ман ба ноҳия рафта, замини ваъдагиро ба номи шумо ҳуҷҷат мекунам.
Муаллим ҳайрону даҳонво, пушти сар хорида, дудиланамо ба харидор менигарист.
-Акнун баргардонед пулҳои харидора,-гуфт мард ва чанд қадам қафо гузошт.
-Гармии кор дар сари кор гуфтаанд, ҳамин хел не? Аз ман хафа нашавед, боз. Муаллим, шуморо ба ҳеҷ ҷо рафтан намемонам. Гапи мард якта!
***
Дар чорроҳаи деҳа аҳли деҳа ҷамъ омада, дар хусуси навигариҳо суҳбат ороста буданд.
-«Муаллими китобнавис» соҳиби замини фермерӣ шудааст.
-Ҳо, ба туфайли Мардон. Аз ҳисоби заминҳояш як гектарро ҷудо карда ба муаллим додааст.
-Ба Худо, мард будааст, мардак. Дар ин давру замон, кӣ ин хел дилу гурда мекунад?
-Акнун гап сари ин ки муаллим кай зиёфат медода бошад?
-Мо, мардум, ҳамин қадар ҳунар дорем.
-Чӣ ҳунар?
-Ҳунари хўрдану ишкам дамондан.
_...
Шодӣ Раҷабзод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр