Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти ибратомўзи таълимгоҳ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар хусуси пешрафту дастовардҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат зиёд шунидаву иттилоъ ҳам доштем. Вале бо наздик омадани соли таҳсили нав тасмим гирифтем, ки бо фаъолияти таълимгоҳе аз наздик шинос шуда, ҳақиқати ҳолро воқеъбинона инъикос намоем. Бо ин мақсад ба Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов омада, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дидан намудем. Бояд зикр кард, ки таълимгоҳи мазкур яке аз калонтарин муассисаи таълимӣ дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, дар он 1932 нафар хонанда таҳсил мекунад, ки ба онҳо 65 омўзгори варзидаву соҳибмаълумот сабақ меомўзонанд. Сарвари таълимгоҳ Акрам Иброҳимов, ки собиқаи 40-солаи корӣ дораду 10 сол боз ҳамчун директор фаъолият мекунад, дар пешрафти муассиса саҳми назарраси худро мегузорад. Мавсуф соли 1987 факултаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи давлати омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм ва дар мактаби №7 ба кор оғоз намуд. Баъди чанде ба сифати нозири шуъбаи маориф фаъолият намуда, сипас, корро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба таври густарда ба роҳ монда, бо заҳмату талошҳои бардавом таълимгоҳро ба мактаби пешқадам табдил дод. Акрам Иброҳимов сарвари соҳибтаҷрибаву кўшо буда, саъй бар он менамояд, ки дар ҳамаи самтҳо мактаб пешрав бошаду фаъолияти омўзгорон намунаи ибрат.

- Бинои мактаби мо соли 1990 барои таҳсили 1200 хонанда дар ду баст сохта шудааст, - мегўяд А. Иброҳимзода ва меафзояд, ки дар муассиса шароиту имконияти созгор баҳри донишандўзии хонандагон муҳайё гардидааст. Дар таълимгоҳ ду синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки дорои 48 компютер, ду тахтаи электронӣ ва 2 видеопроектор мебошад. Ба тасдиқи директор,  як синфхонаи компютерӣ бо кумаки кишвари Ҳиндустон муҷаҳҳазонида шудааст. Ба шогирдон омўзгорони соҳибтахассус аз фанни технологияи иттилоотӣ машғулият мегузаронанд. Дигар дарсҳо низ ба истифодаи васоити техникии замони муосир аз ҷониби омўзгорони фаннӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд. Дар масъалаи татбиқи Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф сухан ронда, А. Иброҳимов зикр намуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанҳои алгебра, физика, химия ва биология аз ҷониби маъмурият нақша - чорабиниҳои махсус таҳия гардидааст. Тибқи яке аз бандҳои ин нақша-чорабинӣ, машғулиятҳои омўзгорони ин фанҳо дар муҳлати пешбинишуда санҷида ва дар  Шўрои омўзгорони мактаб натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ мешавад. Ҳамчунин, бо иқдому талоши омўзгорони фанҳои дақиқ ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида шуда, маҳфилҳо пайваста амал мекунанд.

Соли ҷорӣ бошад, 62 нафар мактабро хатм карда, 48 нафар тавассути Маркази миллии тестии  назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олӣ ва коллеҷҳо шомил гардиданд. Иштироки муҳассилини таълимгоҳ дар озмунҳои фаннӣ низ назаррас мебошад. Соли гузашта 2 нафар хонандаи мактаб аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Боиси хурсандист, ки дар муассиса таҷрибаи пешқадами омўзгорони соҳибмактабу собиқадор ба таври мунтазам аз ҷониби муаллимони ҷавон мавриди омўзиш қарор дода мешавад.  Дар ин масъала омўзгорони соҳибтаҷриба Сангалӣ Эмомалиев аз фанни химия, Шаҳодат Ҳафизова, синфҳои ибтидоӣ, Гуландом Ҳасанова (математика), Фирўза Юсуфова (синфҳои ибтидоӣ) ва чанди дигар пешгом буда, зуд-зуд ба дарсҳои омўзгорони ҷавон даромада, маслиҳатҳои беғаразонаи худро аз онҳо дареғ намедоранд. Машғулиятҳо аз фанни математика дар кабинети ба таври замонавӣ муҷаҳҳазгардонида гузаронида мешавад. Маъмурияти таълимгоҳ ба омўзиши касбу ҳунар ва ба таври намунавӣ гузаронидани машғулиятҳои технологияи меҳнат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. 

Ҳоло муассиса дорои 2 кабинети технологияи меҳнат (духтарона ва писарона) мебошад. Кабинети фаннии духтарона 12 мошинаи дарздўзӣ дошта, дар машғулиятҳо аз ин фан духтарон ба дўхтани курта, сўзандўзӣ, гулдўзӣ, бофтани жемперу ҷўроб ва амсоли инҳо машғул мешаванд. Кабинети ба писарон ҷудогардида низ бо дастгоҳҳои барқии харротӣ, чўббурӣ ва ғайра таъмин буда, хонандагон дар машғулиятҳо ба сохтани ҷевон, мизу курсӣ машғул мегарданд. Норасоии ҷойи нишастро ба назар гирифта, бо қувваи хонандагон ҳамасола 40-50 адад мизу курсӣ сохта мешавад.  Китобхонаи мактаб фаъолияти хуб дошта, дорои 1,5 ҳазор нусха китоби бадеӣ мебошад. Китобдор Шаҳриниссо Абдиева, ки 6 сол боз дар китобхона кор мекунад, дар баргузор намудани чорабиниҳои шавқовари беруназсинфӣ ва маҳфилҳои адабӣ ба омўзгорон кумак мерасонад. Соли гузашта дар озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи минтақавӣ 9 нафар хонандаи муассиса фаъолона иштирок карда, пирўзӣ ба даст оварданд.

Соли ҷорӣ хонандаи синфи 9 Сабрина Ҳомидзода дар даври шаҳрии озмуни мазкур ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Дар хусуси таъмиру тармим ва омодагии мактаб ба соли таҳсили нав директор қайд кард, ки бо ёрии волидони хонандагон ва сокинони деҳа имсол 5 синфхона пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар ин кор саҳми раиси АВО Абдухалил Назаров хеле калон аст. Ҳамчунин, қисмати пеши бинои мактаб бо заҳмати омўзгорон рангубор карда шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассиса ба омўзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Омўзгорони таълимгоҳ ҳамасола (15-16 нафар) аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ мегузаранд. Хусусан, ба роҳ мондани дарсҳо аз рўи усули муносибати босалоҳият ба таълим, бо тасдиқи директор, дар мактаб самараи нек дода истодааст.

- Имсол ният дорем, ки маводу таҷҳизоти заруриро аз фанҳои физика ва химия харидорӣ намуда,  ду озмоишгоҳи фаннӣ ташкил кунем, - мегўяд А. Иброҳимов.

Шодӣ РАҶАБЗОД,                                                                                       

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш