Нашрияи Омӯзгор

Будем ба дарсаш ҳама чашму ҳама ҳуш

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

15-уми август зодрўзи Абдулғанӣ Эшонҷонов, муаллими арҷманди ман ва ҳазорон нафари дигаре, ки аз соли 1928 то нимаи аввали соли 80-уми асри гузашта дар деҳаҳои Нимичи Поён, Ҷафр, Хуфак, Омўзишгоҳи омўзгории вилояти Ғарм (ноҳияи Рашти имрўза), Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи омўзгорӣ (акнун ДДОТ ба номи устод Айнӣ) ҳангоми таҳсил аз ў дарси забон омўхтаанд, мебошад. Аз зикри унвони деҳаҳои ноҳияи Рашт (Нимичи Поён, Ҷафр, Хуфак) хонанда шояд дарёфта бошад, ки Абдулғании ҷавон пас аз хатми муассисаи муаллимтайёркунӣ, соли 1929, дар ҳамон давраи ниҳоят вазнини иқтисодиву сиёсӣ ба шуъбаи маорифи ин водӣ роҳхат гирифтаву ба кор омадааст. Ошноияшон бо устод Боқӣ Раҳимзода эҳтимолан аз ҳамин вақтҳо оғоз ёфта бошад, ки пас аз хатми Донишгоҳи омўзгориву муддате дар донишгоҳ муаллимӣ кардани Боқӣ Раҳимзода якҷо дастур навиштаанд. Аз ҷумла, «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (Грамматика, имло,  инкишофи нутқ. Китоби дарсӣ барои синфи 11.-Сталинобод, 1947.-139с.) ва «Забони тоҷикӣ» (Грамматика, орфография (имло) ва инкишофи нутқ. Китоби дарсӣ барои синфи 4.-Сталинобод, 1949.-171с.)-ро, ки бо нашрҳои мукаррари худ ба аҳли маорифу шогирдонашон солҳо хидмат кардаанд (Ногуфта намонад, ки муаллифони баъдӣ бо такя ба ин мавод дастурҳои худро такмил додаанд).

Пас аз ду-се соли муаллимӣ дар Ғарм бо маслиҳати мудири шуъбаи маорифи вақт А.Н. Кисляков ба Сталинобод омада, дар факултаи коргарии назди  Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ДДОТ  ба номи  С.Айнӣ) таҳсил намудааст.

Комиссариати маорифи ҷумҳурӣ бо дарназардошти қобилияти Абдулғанӣ ўро ба Университети давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) ба номи Жданов роҳхат медиҳад. Як сол давраи тайёриро (1934-1935) мегузарад, пасон дар бахши форсии факултаи филология мехонад. Соли 1940 онро бо баҳои аъло ба итмом мерасонад ва корро дар донишгоҳ идома медиҳад. Баъди ду соли фаъолияти омўзгорӣ ба ҷабҳа алайҳи фашизми ғаддор фиристода мешавад. Аз майдони корзор ба диёр бармегардад ва шаш сол (1946-1952) дар  Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент тадрис мекунад. Раёсати Донишгоҳи омўзгорӣ ўро боз ба кор даъват менамояд ва то поёни умр дар ин нахустин донишгоҳи кишвар дар паҳлуи омўзгорони донишманд, олимони машҳури соҳаи  забон ва адабиёт Холиқ Мирзозода, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Тилло Пўлодӣ, Носирҷон Маъсумӣ ба ҳайси дотсент дарс гуфта ва ҳам корҳои илмиву дастурӣ анҷом додааст. Чор соли сипаришуда дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм низ дар инкишофи ин шахсият беасар  набудааст. Матонатро дар гуфтору рафтори муаллим вобаста ба омилҳои фавқ медонам. Як воқеияти дигарро низ набояд фурў гузошт, ки  муаллим саводи ибтидоии исломӣ ҳам дошт. Мо, ҳамсабақон, (нависанда Абдулҳамид Самад, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Сайдамир Аминзода), ин огоҳии муаллимро эҳсос мекардем.

Қазоват фармоед: донишҷўйи соли чоруми таҳсил аз ҳалли мушкилоти алифбову имло худро дар канор нагирифта, соли 1939 зери унвони “Мулоҳизаҳои ман” ба рўзномаи “Тоҷикистони сурх” мақола ирсол кардааст ва он 16-уми июн чоп шудааст. Мақолаи дуюми муаллим Эшонҷонов ба масоили  адабиётшиносӣ ихтисос дорад, ки соли 1946 таҳти унвони “Сюжети Хусрави Парвиз дар асарҳои Фирдавсию Низомӣ” дар маҷаллаи “Шарқи сурх”, № 4-5 ба табъ расидааст. Ин тадқиқот гувоҳи тасаллути ў ба нақди адабӣ низ ҳаст, яъне устод бо он таҳкурсие, ки аз айёми навҷавонӣ дошт ва бо он маълумоте, ки баъдан ба даст овард, метавонист ҳам дар самти забоншиносӣ, ҳам адабиётшиносӣ таҳқиқоте шоиста анҷом бидиҳад, назири ҳамсабақони хеш, академикҳои шодравон Абдулғанӣ Мирзоев, ховаршинос Михаил Николаевич Боголюбов (Санкт-Петербург) ва дигарон, аммо ба поси назари Комиссариати маорифи ҷумҳурӣ, ки ба омўзгорони ҷавон бисёр ниёзманд буд, корро қаблан аз ин ришта шурўъ намуд, вале нағз медонист, ки пешбурди бомуваффақияти кори таълиму тарбият маҳз бо ҷустуҷўҳои илмӣ самаровар хоҳад шуд.

Чунончи, ҳамроҳ бо донишманди мумтоз Абдусалом Деҳотӣ “Забони модарӣ” (барои синфи 11, соли 1948), мустақим “Китоби хониш” (барои синфи 1, соли 1949) ва бо ҳаммуаллифии А. Акрамов соли 1962 “Китоби хониш” (барои синфҳои 11)-ро навиштанд, ки солҳо китоби рўйимизии хонандагон будаанд. Китобҳои “Забони модарӣ” (барои синфи 11), “Китоби хониш” (барои синфи 11)-ро низ бо устод Абдусалом Деҳотӣ ба чоп тайёр намудааст. Мақолаҳои “Сохти дарси грамматикаи забони тоҷикӣ” (1947), “Дарси намунавӣ” (1947), мактабҳои тоҷикӣ” (1954), “Программа (барнома) оид ба  методикаи (усули) таълими забони тоҷикӣ” (1955), “Намудҳои пурсиш ва аҳамияти он дар машғулиятҳои грамматикӣ” (1956), “Методикаи (усули) таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ” (1956), “Омўзонидани пунктуация (аломатҳои китобат) дар синфҳои 1-1V мактабҳои ибтидоӣ” (1957), “Функцияи (аҳамият ё вазифа) грамматикии асосҳои феъл дар забони ҳозираи тоҷикӣ” (1957), “Воситаҳои баланд бардоштани маданияти нутқ ва захираи луғавии хонандагон” (1958), “Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ва хусусиятҳои он дар забони ҳозираи  тоҷик” (1960), “Сифати хушхатнависии мактаббачагонро боз ҳам баланд бардорем” (1961), “Усули таълими аломатҳои китобат дар синфҳои V-V111” (1962), “Аъзоҳои чидаи ҷумла дар забони ҳозираи тоҷик” (1965), “Хабарҳои номӣ ва тарзи ифодаёбии онҳо” (1969), “Синтаксиси (наҳв) забони адабии ҳозираи тоҷик” (ҳаммуаллиф, 1970), “Хусусиятҳои грамматикӣ ва услубии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти чида” (1971), “Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак ва тобишҳои маъноии онҳо” (1973), «Ҷумлаҳои мураккаби тобеи пайваст ва баъзе тафовутҳои он аз ҷумлаҳои  тобеи сертаркиб” (1974) ва даҳҳои дигар, ки дар нашрияҳои “Мактаби советӣ” (“Маърифати омўзгор”), “Газетаи (рўзнома) муаллимон”, “Маориф ва маданият”, “Ирфон”, “Маориф”,  маҷмўаҳои илмии назди  кафедраҳо интишор ётаанд, бозгўйи эҳсоси масъулияти ин омўзгор ва олими заҳматписанд мебошанд. Ба як сухан, муаллим бо санъату маҳорат дарс мегузашт, сеҳр, ҷозиба, истеҳкоми мантиқи сухани ўро дар таровишҳои хомаи адибону олимони аз ў сабақгирифта эҳсос менамояму бас.

Сулаймон Анварӣ,

устоди ДМТ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш