Гуфтам даме бин ҳоли ман, гуфто, ки нозир нестам,
Гуфтам бихон шеъри маро, гуфто, ки шоир нестам.
Гуфтам дилам бо худ бигир, гуфто, ки дил дорам худам,
Гуфтам, ки о бар диданам, гуфто, ки зоир нестам.
Гуфтам надорам ҳамдаме, гуфто, ки ҳамдам баҳри чист?
Гуфтам канорам чарх зан, гуфто, ки доир нестам.
Гуфтам ба ҳуснат куштаӣ ин қалби пурхуни маро,
Аз мо нагардон рўи худ, гуфто, ки соир нестам.
Гуфтам ба сад дил ошиқам, хандида гуфто, офарин,
Гуфтам марав аз кўи ғам, гуфто, ки тоир нестам.
Меҳроҷиддин АЛИМАРДОНОВ,
узви маҳфили “Адибони ҷавон”-и Маркази санъат ва эҷоди
кўдакони ба номи Парии Ҳисорӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр