Нашрияи Омӯзгор

Чу худ донӣ, ҳама дониста бошӣ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар таърихи илму адаби форс – тоҷик на танҳо ба ҳайси як шоири мумтозу пурмаҳсул, балки чун мутафаккиру файласуф низ маъруф аст. Як вижагии осори ў аз лиҳози мундариҷа нисбат ба дигар удабои мо ин аст, ки дар он ғояҳои озодманишию худшиносӣ боризтару возеҳтар ва бештар аст. Осори Ҳакими Юмгон аз эҳсосоти волои худшиносӣ, ифтихор ва ватандўстӣ мамлўст.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар гуфтани панду андарз анъанаҳои гузаштагонро идома дода, дар осори манзум ва мансураш ахлоқи ҳамидаи инсониро ситоиш ва ахлоқи разиларо накуҳиш кардааст.

Дар осори ин шоири чирадаст тавсифи хирад ва илму ҳикмат, ситоишу тарғиби маърифатандўзию ақлгароӣ басо фаровон мушоҳида мешавад.  Камолот, азамату қудрату хештаншиносии инсон, аз нигоҳи суханвар  бастагӣ ба хирад доранд. Фазилату маърифат аст, ки инсонро бар махлуқоти дигар бартарӣ мебахшад. Шоири файласуф ҷавҳару сиришти ҷибиллии инсони комилро  таркибёфта аз илм медонад ва каси бемаърифатро инсони ноқису шахси беҳилмро орӣ аз ҷамолу зебоӣ мешуморад.

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Манзалату ҷойгоҳи донишу маърифат дар осори Ҳакими суханвар волост. Шоир ҳеҷ чизеро барои инсон болотар аз илм намеҳисобад. Аз ин рў, илмро ба азизтарину қиматтарин неъмат – ба ҷон баробар ва шахси ҷоҳилу маҳрум аз донишро чун ҷасади беҷон, офаридгории илмро чун офаридгории модар медонад:

Тан ба ҷон зинда-сту ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кону ҷонат гавҳар аст.

Илм ҷони ҷони туст, эй ҳушёр,

Гар биҷўйӣ ҷони ҷонро, дархур аст.

Сўйи доно, эй бародар, ҳамчунон-к

Ҷон танатро, илм ҷонро модар аст.

Ҳаким Носир ба ҳикмату хираду заковат арҷи фаровон гузошта, онро сабаби саодат, машъали роҳнамо ва силоҳи муқтадири инсон аз ҳар гуна шарру шўр ва омили худогоҳию ҳувият  меҳисобад:

Бидон худро, агар худро бидонӣ,

Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.

Чу худ донӣ, ҳама дониста бошӣ,

Чу донистӣ, зи ҳар бад роста бошӣ.

Дониш, аз назари шоир, худ бемаргию зиндагисту доноён зинда ва ҷаҳолат нобудӣ ва нодон мурда аст:

Марг ҷаҳл асту зиндагӣ дониш,

Мурда нодону зинда доноён.

Аммо ҳикмату маърифат он гаҳ касро судманд хоҳад буд, ки амал бо он пайванд бошад. Он кӣ илм омўзаду аз рўи он амал накунад, аз ҷоҳил тафовуте надорад:

Илмро ҷуз амал банд надидаст ҳаким,

Илмро кас натавонад, ки бибандад ба таноб.

Ва ё:

Илму амал варз, ки мардум ба ҳашр,

3-оташи ҷовид бад-ин ду раҳост.

Дар осори Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ чунин панду андарзҳои марбут ба тарғиби илму ҳикмат фаровон аст ва таълиму тадрис ва корбурди онҳо барои омўзгорон дар тарбияи мактабиён ҳадафманду судбахш асту дар ҳеҷ замон аҳаммият ва арзишашон коста нахоҳад гашт.  

Ҷамила Бурҳонова,

муаллимаи забон ва адабиёти тоҷикӣ мактаби № 115-и ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш