Нашрияи Омӯзгор

Сад санади таърихӣ доир ба Масчоҳ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба омўзиши таъриху фарҳанги ғании кишварамон зиёд гардида, пажўҳишҳои бешумори илмӣ анҷом пазируфтанд. Имсол дар мамлакатамон 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад ва ба пешвози ин санаи таърихӣ дар гўшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад ва дар ин радиф таълифу нашри асарҳои зиёди бадеию публитсистӣ ва илмӣ низ истисно нест. Воқеан, дар ҷумҳурӣ дар самти омўзиши сарчашмаю маъхазҳои таърихию илмӣ ва ба ин васила, ба роҳ мондани пажўҳишҳои ҷиддӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба ин мақсад дар кишвар марказҳои зиёди илмӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ дар роҳи муаррифии таъриху фарҳанг машғуланд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бамаврид таъкид карданд:  «Рў овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад». Дар ҳамин замина китоби нав  таҳти унвони «Масчоҳ: сад санади таърихӣ» (Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2021. – 152 саҳ.) дар таҳия ва тавзеҳоти номзади илмҳои  филологӣ Аҳмад Ҳоҷизода  ба нашр расид. Дар китоби мазкур ҳуҷҷатҳое бо ҳуруфоти кириллии тоҷикӣ гирд оварда шудаанд, ки нусхаи асли онҳо сар то сари Масчоҳ аз мардум дарёфт гардидаанд. Аксари асноди таърихӣ ба асри XX мансуб буда, ҳуқуқҳои молумулкии мардумро мувофиқи қонуни ҳоким дар он замон танзим мекарданд.

Аҳмад Ҳоҷизода ҳамчун донандаи хуби забони арабӣ таҳия ва баргардонии чандин асарро аз забонҳои арабиву форсӣ ба забони тоҷикӣ анҷом дода, дар муаррифию шинохти бештари осори  мутафаккирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла, Абўалӣ ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ,  Низомулмулк, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ  ва дигарон саҳми арзанда гузоштааст.  То ин дам асарҳои Абўалӣ ибни Сино «Мақулот», «Қиёс», «Фанни хитоба», «Кавну фасод» ва «Ҳайат» аз ҷониби А. Ҳоҷизода  аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Ҳамчунин, асари мондагори устод Садриддин Айнӣ ва барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз «Намунаи адабиёти тоҷик» бори аввал бо пешниҳоди устод Камол Айнӣ аз форсӣ ба хатти кириллӣ аз ҷониби А. Ҳоҷизода баргардон гардид ва соли 2010  ба нашр расид.  Мавсуф дар таҳия ва  баргардони хатти мушкилхони форсӣ маҳорати беандоза дорад. Номбурда аз пуркортарин донишмандонест, ки дар муаррифию шинохти таъриху фарҳанг ва осори безаволи гузаштагон корҳои шоистаеро анҷом додааст.

Китоби «Масчоҳ: сад санади таърихӣ»  низ аз пажўҳишҳои арзишманди мавсуф мебошад, ки баъд аз назари таҳқиқ гузаронидани 7230 санади бойгонӣ таҳия шудааст, ки он басо амали заҳматталаб аст. Дар ин бора номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода таъкид медорад: «Душвории хондану фаҳм кардани он санадҳоро, ки бо хатту салиқаву саводи котибони мухталиф рўйи коғазҳои бо гузашти замон фарсудаву дарида боқӣ мондаанд, ба болои ҳамаи ин, ворид шудани калимаву ифодаҳои русӣ, ки ба форсӣ навишта шудаанд ё номҳои муҳрдорон, ки дар бисёре аз мавридҳо ҷуз нақшу доғҳои сиёҳ асаре аз онҳо намондааст, мушкилоти афзунтар аст. Лекин лаззати ёфтани маънӣ ва шинохти ҳарфу ҳиҷо зуд ин гуна нороҳатиҳои Аҳмад Ҳоҷизодаро ҷуброн мекунад».

Санадҳое, ки аз ҷониби А. Ҳоҷизода оварда шудааст, аҳамияти баланди таърихӣ дошта, тарзу шеваи мардуми ҳамон маҳалҳоро то давраи Аморати Бухоро ва Россияи подшоҳӣ нишон медиҳад. Навиштаҷоти он замон омехтаи ибораву ифодаҳои арабиву русӣ мебошад ва фаҳму дарки он барои хонанда мушкил аст, вале муҳаққиқ дар қисмати тавзеҳот он луғоту ибораҳоро шарҳу тавзеҳ бахшидааст. Ҳамчунин, муҳаққиқ ҳар санадро бо зикри рақам ва феҳристи нигоҳдории он овардааст, ки пажўҳишгарон метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба сарчашмаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои ин китоб интихобан аз бойгони шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва  нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гирифта шудаанд. Месазад, ки имрўз ба масъалаи пажўҳишҳои илмии ҳуҷҷатнигорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ба таври илмӣ омўхтани онҳо  манфиатбор хоҳад буд.

Муҳаққиқ вобаста ба матн ва мазмуну муҳтавои ҳуҷҷатҳо дар сарсухани китоб таъкид мекунад: «Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар матни ҳуҷҷатҳои ин маҷмўа таҳаввулоти таърихии асри XIX –ро дар минтақа, аз ҷумла, дар диёри Масчоҳ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Бо паҳн гардидани ҳукмравоии Россияи подшоҳӣ тағйирот дар системаи маъмурӣ ҷорӣ карда мешавад. Агар то солҳои ҳафтодуми асри XIX  дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо Масчоҳ ҳамчун вилоят сабт ёфта бошад, пас, баъди ин таърих тадриҷан номгузории маъмурии Россияи подшоҳӣ нуфуз пайдо мекунад ва Масчоҳ ҳамчун вулус (волост) тобеи участка, уезд ва вилоят мувофиқ ба тақсимоти маъмурии Россия мегардад. Дар ҳамин давраи таърихӣ ба сохтори маъмурии дохилии Масчоҳ низ тағйирот ворид карда мешавад ва калимаи даҳа/деҳа мавриди истифода қарор мегирад, ки дар Масчоҳ тақрибан ба маъное, ки мо имрўз «ҷамоати деҳот» мефаҳмем ва чанд мавзеъро дар бар мегирад, ба кор бурда мешавад. Номҳои ба истилоҳи имрўзӣ, деҳаҳои маълуму машҳури Масчоҳ дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун «мавзеъ», «қария», «қишлоқ» зикр ёфтаанд».

Ҳамин тариқ, дар пешгуфтор мавзўю муҳтавои ҳуҷҷатҳо шарҳу тавзеҳи батафсил ёфтааст, ки дар омўзиш ва дарки ин санадҳо мусоидат мекунад. Таҳлилҳои муҳаққиқ амиқ ва муфассал буда, истилоҳ ва давраҳои тадвини санадҳоро равшан барои хонанда тафсир менамояд. Ҳуҷҷатҳои мазкур масъалаҳои муносибатҳои иқтисодӣ, вазъи кишоварзӣ, заминдорӣ, хариду фурўши замину об, вақф кардани молу пул ва замину амволи ғайриманқул, ба иҷора ё гарав мондани замин ва  қисме аз ҳуҷҷатҳо ба масоили талоқи шаръӣ, васояту парасторӣ, ривояти даъвоҳо ва амсоли инҳоро  дар бар мегирад.

Дарвоқеъ, китоби «Масчоҳ: сад санади таърихӣ» барои муҳаққиқон ҳамчун дастури раҳнамо дар шинохти бештари таърихи як гўшаи кўҳистони кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш