Нашрияи Омӯзгор

Устоди меҳрубон

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Омўзгор ҳамчун раҳнамо  бояд соҳибтаҷриба, навовар ва эҷодкор бошад. Ҳар дарси ў ба дарси дигараш монанд набуда, ҳамеша рангину шавқовар роҳандозӣ гардад. Пайваста худомўзӣ кунад, дониши сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, педагогӣ ва равоншиносии худро комилтар карда, тақвият бахшад.  Омўзгори ғамхору меҳрубон Файзигул Ашўралиева соли 1971 ба Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, соли 1976 бо ихтисоси химия ва биология онро бо муваффақият хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳи мазкур ба собиқ вилояти Қўрғонтеппа рафта (ҳоло Хатлон), дар мактаби миёнаи №6 ба ҳайси омўзгори химия ва биология ба кор пазируфта шуд.

Соли 1995 ба шаҳри Душанбе омада, дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар факултаи химия ва биология ба ҳайси омўзгор фаъолият кард. Аз соли 2000-ум то ин ҷониб дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Барои кори пуршараф дар соҳаи илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.  Файзигул Ашўралиева омўзгори пешқадам, масъулиятшинос буда, дар фаъолияти педагогиаш ҳар рўз навҷўйӣ дида мешавад. Омўзгор усулҳои гуногуни таълимро ҷўстуҷў намуда, шавқу ҳаваси шогирдонашро ба омўзиши фанни химия ва биология зиёд менамояд. Корҳои лаборатории омўзгор ҳама вақт дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.

 Мавсуф ҳамчун роҳбари синф фаъолияти пурсамар дошта, синфаш дар озмуни байни синфҳо ҳамеша ҷои намоёнро соҳиб мешавад.

Гулноз НЕКҚАДАМОВА,

муовини директори мактаби №36-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш