Ба саҳни ҳавлии коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ворид шудему гурўҳи калони устодону кормандони техникиро дидем, ки ба корҳои ободонӣ дар саҳни муассиса машғул буданд. Директори коллеҷ Баҳодур Давлатзода ин ҳолатро чунин шарҳ дод:
- Мехоҳем, ки атрофи бинои таълимиамон ҳамеша тозаву озода бошад. Охир, мо, мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат зебоиписандонро тарбия менамоем. Бинобар он, барои дигарон ҳамеша бояд намуна бошем. Бинои коллеҷи моро бо сабаби таъмини нақшаи генералии шаҳр ва азнавсозиҳо ба бинои муваққатӣ кўчонданд. Ба ҳар сурат, шароитамон бад нест, сол то сол заминаи моддӣ – техникии муассиса беҳтар мешавад. Аз нарасидани созҳои мусиқӣ танқисӣ надорем. Шодем аз он ки шогирдонамон дар аксар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ширкат намуда, дар сатҳи зарурӣ маҳорату ҳунари хешро намоиш медиҳанд. Албатта, чунин амал маъмурият ва ҳар як омўзгорро рўҳбаланд месозад, зеро маълум мегардад, ки заҳмати мо, устодон, беҳуда намеравад…
Бино ба таъкиди директор, коллеҷи мазкур соли 1945 ҳамчун омўзишгоҳи мусиқӣ ташкил ёфта, минбаъд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми августи соли 2004, №326 ба муассисаи давлатии коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдили ном кардааст. Айни замон дар коллеҷ таҳсил ба шакли рўзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст. Пас аз хатми синфи 9 чор сол (дар шуъбаи рўзона) ва баъди хатми синфи 11 дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона низ се сол муқаррар гардидааст. Аксари хатмкардагони коллеҷ аслан, ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардида, дигарон барои кор ба муассисаҳои фарҳангӣ ва маориф (ҳамчун омўзгорони фанни суруд ва мусиқӣ) ба кор мераванд. Маъмурият ҳамеша бар он мекўшад, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос тамоми донишу малака ва имкониятҳои мавҷударо ба кор барад. Ба қарибӣ сатҳу сифати таҳсилотро дар коллеҷ Агентии назаорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор дод ва коллеҷ дар бораи идомаи фаъолияти хеш дорои шаҳодатнома гардид.
- Дар коллеҷи мо, - мегўяд Б. Давлатзода, - аз рўйи 11 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Донишҷўён дар ёздаҳ шуъба – мусиқишиносӣ, фортепиано, дирижёри хори академӣ, созҳои тории оркестрӣ, созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ, созҳои оркестри халқӣ, сурудхонии академӣ, сурудхонии анъанавӣ, режиссура (ороиши овоз), санъати эстрада (мусиқии созӣ), санъати эстрада (сурудхонӣ) ба шакли таҳсили рўзона ва дар ҳашт шуъба ба шакли таҳсили ғоибона ба донишандўзӣ фаро гирифта шудаанд.
Бино ба иттилои директор, дар коллеҷ ба масъалаи интизом ва давомоти шогирдон, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳову имтиҳонҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, баъд аз ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли гузашта 25 нафар аз шуъбаи рўзона ва 2 нафар аз шуъбаи ғоибона барои ҳозир нашудан ба имтиҳонҳо ва насупоридани санҷишу имтиҳонҳо дар муҳлати муайянгардида аз коллеҷ хориҷ шуданд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсил аз ҳисоби донишҷўёни барқароршуда, ки чор нафарро ташкил медиҳанд, теъдоди умумии донишҷўён ба 366 нафар расид, ки аз ин миқдор 180 нафарашон ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Боз ҳам барои давомоти нокифоя ва бесабаб иштирок накардан дар рейтинг ва мониторинг ҳафт нафар донишҷўйи шуъбаи рўзона аз коллеҷ хориҷ карда шуданд. Теъдоди омўзгорон дар коллеҷ имрўз 127 нафарро ташкил медиҳад. Аз нақли директор маълум гардид, ки корҳои таълимию методӣ дар шуъбаҳо тибқи нақшаи инфиродии устодон барои мукаммалсозии лексияҳо, дарсҳои амалӣ, инфиродӣ ва назариявӣ равона карда шудааст. Корҳои таълимию методии омўзгорон дар иттиҳодияи таълимию методӣ баррасӣ гардида, чораҳои мушаххас қабул карда мешаванд. Аз тарафи устодони коллеҷ китобҳои таълимии мухталиф ва дигар дастурҳои методие, ки барои беҳбуди сифати таълим ва азхудкунии донишҷўён истифода бурда мешаванд, таҳия ва таълиф мегарданд.
Чунонки Б. Давлатзода зикр намуд, солҳои охир дар самти иҷрои корҳои таълимӣ - методӣ дар коллеҷ, баргузории имтиҳоноти техникӣ ва консертҳои академӣ, тартиб додани дастурҳои таълимию методӣ, гузаронидани рейтинг, мониторинг, озмунҳои фаннию конфронсҳо, санҷишу имтиҳонот пешравиҳо ба назар мерасанд.
Яке аз дастовардҳои назарраси фаъолияти коллеҷ иштироки шогирдон дар озмунҳои мухталифи байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, фестивалу озмунҳои сурудхониву навозиши асбобҳои мусиқӣ ва монанди инҳо мебошад. Аз ҷумла, моҳи апрели соли ҷорӣ консерти ҳисоботии коллеҷ дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов дар сатҳи хеле баланди касбӣ гузашт. Ғайр аз ин, донишҷўёни коллеҷи санъат дар озмуни ҷумҳуриявии «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин» бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид, ширкат намуданд. Дар озмуни «Сарояндаи беҳтарин» коллеҷ ҷойи аввалро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, Ҷоми ғолиби озмуни мазкурро ба даст овард. Ҳамчунин, дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдому дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 39 нафар донишҷўи коллеҷ, минҷумла, 24 нафар дар номинатсияи навозандагӣ, 15 нафар дар номинатсияи сарояндагӣ фаъолона иштирок намуданд ва 18 нафари онҳо барои иштирок дар даври дуюми озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Барои баргузор намудани барномаи фарҳангӣ дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ коллеҷ бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид.
Дар коллеҷ, бино ба таъкиди директори он, нисбат ба солҳои қаблӣ шароити таҷрибаомўзӣ барои донишҷўён хеле беҳтар гардидааст. Табодули таҷрибаи онҳо дар муассисаҳои консертӣ ва таълимии системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи раванди таълим ба роҳ монда шудааст. Пеш аз оғози таҷрибаомўзӣ ба донишҷўён оид ба қайди рўзномаҳо, тартиби рафтору гузаронидани таҷрибаомўзӣ дар муассиса суҳбатҳо доир карда мешаванд.
Яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷараёни таълим корҳои тарбиявӣ ба шумор мераванд. Бино ба таъкиди Баҳодур Давлатзода, дар коллеҷ Шўрои созмони ҷавонон таъсис дода шудааст, ки барои баланд бардоштани сифати корҳои тарбиявӣ нақши муҳим мебозад. Дар коллеҷ ба масъалаи тарбияи меҳнатии шогирдон низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад ҳар ҳафта рўзи шанбе ҳашарҳои ободонӣ гузаронида шуда, дар он донишҷўён ба таври муташаккилона иштирок мекунанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр