Нашрияи Омӯзгор

Фароғати 200 хонанда дар Хоруғ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ, «Емс»-и ноҳияи Рўшон, «Насими Ғунд» ва «Саодати»-и ноҳияи Шуғнон даври дуюми истироҳати хонандагон идома дорад.Ўрдугоҳи «Умед»-и шаҳри Хоруғ дар ду давр зиёда аз 200 хонандаро ба истироҳат фаро гирифтааст. Дар ўрдугоҳҳои Ҳисору Варзоб 20 нафар хонанда аз  ВМКБ ҷалб гардидаанд.

Шарикони рушд низ дар таъсиси истироҳати хонандагон саҳмгир буда, Литсейи Оғохон лагери академикии илмиро бо ҷалби 50 нафар хонанда   (барои иштирокчиёни озмунҳои умумиҷумҳуриявии озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурўғи маърифат») оғоз бахшид.                         

Ҷ.Қозибеков,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш