Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҷамъбаст гардид.
19-20-уми июли соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Сардори раёсати таҳси-лоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинов иброз дошт, ки тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло хонандагони ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм намудаанд ва соҳиби аттестати аъло гардида, дар синфҳои 10,11 (12) бо баҳои «5» (аъло) таҳсил намуда, имтиҳонҳои синфи 10,11-ро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд ва дастоварди таълимӣ дошта, ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявианд, ба озмун роҳ дода мешаванд. Барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра хонандагони ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм намудаанд ва соҳиби аттестати аъло гардида, дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯйи на бештар аз 2 фан баҳои солонаи «4» (хуб) ва аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии «5» (аъло) доранд, имтиҳонҳои синфи 10,11-ро бо баҳои «5» (аъло) супориданд, пешниҳод карда мешаванд.
Даври дуюм бошад, ба довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим), забони хориҷӣ (вобаста ба забони таълим), забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, география, алгебра, химия, биология ва физика санҷиши тестӣ (аз ҳар фан 20 саволӣ) месупоранд. Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи ҷамъиятӣ -гуманитарӣ аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим), забони хориҷӣ (вобаста ба забони таълим), забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва география санҷиши тестӣ (аз ҳар фан 20 саволӣ) месупоранд.
Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ аз фанҳои алгебра, геометрия, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва физика санҷиши тестӣ (аз ҳар фан 20 саволӣ) месупоранд. Ҳамчунин, ба довталабон се намуди супоришҳои тестӣ - пӯшида, кушода ва мувофиқоварӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар идомаи суҳбат Қутбиддин Муҳиддинов аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки соли равон пешниҳоди довталабон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бештар гардид. Бори аввал аз ноҳияи Айнӣ 2 нафар ва аз шаҳри Панҷакент 1 нафар пешниҳод шуд. Аз ВМКБ ҳуҷҷатҳои 8 нафарро пешниҳод карданд, ки танҳо 1 нафар хатмкардаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуруғ ба озмун роҳ дода шуд.
Мутаассифона, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истиснои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, аз вилояти Суғд ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Ашт, Айнӣ ва Ҷаббор Расулов, аз ноҳияҳои тобеъ ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат ва Рӯдакӣ дигар шаҳру ноҳияҳо имсол низ довталаб пешниҳод накарданд.
Ба озмуни мазкур 64 довталаб ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки ҳуҷҷатҳои 24 нафар бинобар сабаби мувофиқат накардан ба тартиби озмун бозпас гардонида шуда, 40 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмун ширкат варзиданд. Довталабон дар ду давр қувваозмоӣ намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд ва ба даври дуюм 18 нафар роҳхат гирифт. Тибқи тартиб хонандагон мувофиқи равияи худ, яъне табиию риёзӣ аз фанни алгебра (кори хаттӣ) ва ҷамъиятию гуманитарӣ аз адабиёт (иншо) менависанд. Он нафароне, ки барои аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, ҳам аз фанни математика ва ҳам аз адабиёт кори хаттиву иншо менависанд. Хушбахтона, имсол ба фарқ аз солҳои пештар 1 нафар Саидшоҳ Валиев хатмкардаи муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Данғара ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло пешниҳод гардид. Довталаби мазкур иншоро бо баҳои хуб супорид, вале аз фанни алгебра баҳои ғайри қаноатбахш гирифта, ба даври минбаъда роҳ дода нашуд.
Аммо боиси нигаронист, ки аз баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷатҳои довталабон нодуруст пешниҳод шудааст. Масалан, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо равияи интихобнамудаи хонанда ва қарори Шӯрои педагогӣ ва ҳам қарори Шӯрои шуъбаи маориф яксон намебошад ва мувофиқат дар онҳо дида намешавад. Тибқи тартиб хонандае ба озмун роҳ меёбад, ки на зиёдтар аз 3 фан баҳои 4 дошта бошад. Мутаассифона, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки аз шаҳру ноҳияҳо довталабоне, ки аз 15 -20 то 78 баҳои 4 доштанд, пешниҳод гардидаанд. Ин агар аз як ҷиҳат надонистани тартиб бошад, аз ҷиҳати дигар беэътиноӣ нисбат ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аст. Ҳамчунин, тибқи банди 8-уми тартиби мазкур бояд дар баробари бо баҳои аъло таҳсил намудан инчунин, бояд барандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ғолибони даври ҷумҳуриявии мусобиқаҳои илмӣ, дорандагони диплом ё сертификати мақоми ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта, намунаи маводи дар матбуоти даврӣ нашргардида дошта бошанд. Мутаассифона, аксари ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба талаботи банди мазкур ҷавобгӯ набуданд, ки баргардонида шуданд. Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳое пешниҳод гардиданд, ки дар онҳо тақаллубкорӣ дар баҳогузорӣ ба мушоҳида мерасад. Қ.Муҳиддинов аз он изҳори ташвиш намуд, ки комиссияи аттестатсионии муассисаҳои таълимӣ баҳои хонандагонро, хусусан, иншоро баланд гузошта, меъёри баҳогузориро риоя накардаанд. Натиҷа ҳамин аст, ки чанд нафар хонанда бо тасдиқ нагардидани баҳои иншо баргардонида шуданд. Шумо тасаввур кунед, барои то ба Вазорати маориф ва илм расидани ҳуҷҷати довталаб 3 зина ва ё комиссияро мегузарад. Бояд гуфт, ки барои тақаллубкорӣ дар гузоштани баҳои хонанда соли гузашта 2 директори мактаб аз шаҳри Конибодом ва 1 нафар аз шаҳри Душанбе аз вазифа сабукдӯш гардида буданд.
Муҳаммаддовуд Саломов, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси ҳайати ҳакамон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иброз дошт, ки дар ҳақиқат, вақте ба корҳои анҷомдодаи довталабон назар меафканем, дармеёбем дар озмун касоне иштирок мекунанд, ки ҷаҳонбинии баланд доранд. Дар байни довталабон нафароне низ буданд, ки сатҳи дониши онҳо ба талаботи озмун ҷавобгӯ набуд. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки дар зинаҳои поёнӣ ба корҳои хаттии онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад. Махсусан, дар навиштани иншо ҳолатҳое шуд, ки довталаб баҳои 3/2, 3/3, 4/3 гирифт. Дар ин озмуни пурнуфуз натавонистем нафареро пайдо намоем, ки баҳои 5/5 (иншои навиштааш ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати имло бехато бошад) ба даст орад. Аксари хонандагон ба хатоҳои зиёди имлоӣ роҳ доданд. Аз ин рӯ, мебояд дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши имлои нави забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, то хонандагон аз он ба таври зарурӣ огаҳӣ пайдо кунанд. Дар корҳои тестӣ танҳо як нафарро пайдо намудем, ки аз фанни забони тоҷикӣ аз 20 саволи пешниҳодгардида ба 19-тои он ҷавоби саҳеҳ доду халос. Сутуданист, ки мазмуни иншои қисме аз довталабон дар сатҳи баланд навишта шуда буд ва чанд нафар баҳои 5/4 гирифтанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ҷаҳонбинии довталабон васеъ аст ва онҳо ба адабиёти бадеӣ мароқ доранду пурмутолиа ҳастанд. Гумон мекунам, ки солҳои минбаъда бояд он нафароне пешниҳод карда шаванд, ки дониш ва ҷаҳонбинии баланд дошта бошанд.
Ба таъкиди Қутбиддин Муҳиддинов, мисолу масъалаҳо ва мавзӯъҳои корҳои хаттиву иншо ҳамагӣ дар доираи барномаи таълимӣ таҳия гардида буданд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 50 фоизи хонандагон арзанда буданду халос. Тибқи тартиб баъди гузаштан дар даври дуюм аттестатҳои аълои равиявӣ аз 6 фан 20 саволи тестӣ ва аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра аз 10 фан 20 саволӣ имтиҳон месупоранд.
- Ба мисолу масъалаҳое, ки аз фанни математика дар шакли тестӣ дар ҳаҷми 20 савол пешниҳод гардид, довталабон дониши хуб нишон доданд, ҳатто баъзе довталабоне буданд, ки пурра ҳалли мисолу масъалаҳоро ҳал намуда, холи ниҳоиро соҳиб гардиданд, - иброз дошт Маҳмадсалим Абдукаримов, муовини директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои физикаю математика, раиси ҳакамон аз фанни математика. - Аммо дар ҳалли мисолу масъалаҳо довталабоне буданд, бештари саволҳоро ҳал карда натавонистанд ва холи заруриро соҳиб нагардиданд. Мисолу масъалаҳо аслан дар доираи барномаи таълимӣ интихоб гардида буданд. Хусусан, масъалаҳои матнӣ, ки дар доираи курси алгебраи синфи 8 омӯзонида мешавад. Дигар масъалае, ки гузошта шуда буд, ёфтани соҳаи муайянии функсия ба ҳисоб мерафт. Довталабоне, ки сифр (0) гирифтанд, бо аризаҳои шикоятӣ муроҷиат намуданд. Аз як нафар пурсон шудам, ки таърифи ёфтани соҳаи муайяни функсияро ба ман шарҳ диҳад, мутаассифона, ҷавоб дода натавонист. Ҳол он ки омӯзиши функсия дар синфи 7 шурӯъ мешавад ва савол сода буда, дар худ ҷавоб дорад. Масъалаҳои геометрия ҳам чандон мураккаб набуда, дар доираи барномаи таълимӣ таҳия гардиданд. Бояд гуфт, нафароне буданд, ки аз масъалаҳои хаттӣ холи ниҳоӣ (50 хол) ба даст оварданд. Довталабоне, ки 0 хол гирифтанд, гумон мекунам, ки ба озмун тасодуфӣ роҳ ёфтаанд. Дар идома М.Абдукаримов қайд кард, ки мисолу масъалаҳои озмун чор сол аст, ки бо фарогирии 5 масъала аз панҷ боби математика тартиб дода шудаанд, ки танҳо шакли онҳо тағйир ёфтааст. Ҳамчунин, силсилаи мисолу масъалаҳои озмуниро дар шакли китоби алоҳида бо теъдоди 500 нусха ба табъ расонидам. Тавсия медиҳам, ба омӯзгороне, ки оянда шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо иштирок мекунанд, аз ҳоло онҳоро омода намоянд. Ҳолатҳое мешавад, ки хонанда аз як фан дониш хуб дорад, аммо аз дигар фанҳо ба қадри зарурӣ дониш надорад. Онро ба олимпиада пешбарӣ кардан мумкин, вале ба ин озмун бояд нафаре роҳ ёбад, ки ҳама фанҳоро дар сатҳи баланд медонад. Набояд ба хотири обрӯю эътибори муассиса ва шуъбаи маориф хонандаро аз донишаш зиёд баҳогузорӣ намуд, зеро озмуни мазкур нишон дод, ки кадом довталаб то чӣ андоза дониш ва ҷаҳонбинӣ дорад.
Тибқи иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Қутбиддин Муҳиддинов соли ҷорӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ 64 ҳуҷҷати пешниҳод гардид. Аз ВМКБ 8 нафар ҳуҷҷати довталаб пешниҳод гардид ва 1 нафар ба озмун роҳ дода шуд. Аз вилояти Хатлон 4 нафар пешниҳод шуд, 2 нафар иҷозати иштирок карданро ба даст овард. Аз 21 довталаби вилояти Суғд 16 нафар имконияти иштирок карданро соҳиб гардиданд. Аз шаҳри Душанбе 21 нафар пешниҳод гардид, ки 18 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 10 нафар пешниҳод гардид ва 1 нафар ба озмун роҳ ёфт.
Қ. Муҳиддинов иброз намуд, ки аз натиҷаи озмун бармеояд, ҳам сифати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо (ҳарчанд идеалӣ нест) ва ҳам сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҳам дараҷаи маърифати баҳсороии довталабону ҳаводорон боло рафтааст, ки ин омил бисёр хушҳолкунанда аст.
Дар ҷамъбаст 10 нафар соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра Дилафзо Абдухолиқзода, хатмкардаи литсейи №55-и шаҳри Душанбе, Шоҳрух Забиров - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 –и шаҳри Душанбе ва Моҳирахон Мансурова - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 - и шаҳри Душанбе бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, Матин Ҷӯраев, хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд, Муҳаммадҷон Ҳакимов - хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд ва Бунёд Насимов, хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, Шаҳзод Раззоқов, хатмкардаи литсейи №1 шаҳри Хуҷанд, Фараҳноз Олимова, хатмкардаи литсейи №1- и шаҳри Хуҷанд, Беҳрӯз Мансуров, хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд, Шоҳина Исмоилова - хатмкардаи литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра, Шаҳноза Ҳикматова, хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Шоҳрӯз Ҷунайдов - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Айнӣ, Бахтиёр Дадобоев - хатмкардаи гимназияи «Гёте»-и шаҳри Хуҷанд, Мадина Зарифова - хатмкардаи гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд, Хуршед Муродов - хатмкардаи гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарзона Султонова - хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Хуҷанд, Далер Ҳусейнов - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҳикматулло Садиров - хатмкардаи литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид хатмкардагонеро, ки бо аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра қадрдонӣ шуданд, табрик намуда, қайд кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои лаёқатманду донишманд ниёз дорад ва обрӯю нуфузи кишварро маҳз олимон муаррифӣ менамоянд. Дар ин замина ҳар яки шуморо мебояд, ки дар равияи интихобнамудаатон пажӯҳишҳои илмӣ анҷом бидиҳед ва дар рушди Ватани азизамон саҳми босазо гузоред.
Дар интиҳои суҳбат Қутбиддин Муҳиддинов вобаста ба имтиёзи дорандагони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло зикр кард, хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва аттестати аълои универсалӣ бо медали нуқра хатм менамоянд, ба дилхоҳ ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд Хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани равия ба ихтисос бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд ва аз имтиёзи пешниҳодшуда даст мекашанд, дар сурати хоҳиш доштан дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ мувофиқи тартиби умумӣ (бе гирифтани имтиёз) ширкат менамоянд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр