Нашрияи Омӯзгор

Ибни Туфайл ва масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Аз қадимулайём барои мардуми олам  тарбияи фарзанди солеҳу бофазилат аз орзуву омоли писандида ба шумор мерафт ва  тавассути чунин фарзандони бакамолрасида онҳо пуштибони миллату ҳомии Ватан ва ҳимоятгари номуси миллиро комёб мегардиданд.  Дар ин замина таъмини адабиёти таълимӣ барои такомули фарҳангу маърифати онҳо аз имконоти аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Ин буд, ки гузаштаи инсоният, аз ҷумла, ниёгони мо, фарзандони хешро бештар аз тариқи таълиму тарбия, бо такя ба ақидаҳои маорифпарваронаи мутафаккирони гузаштаамон ба худшиносиву маърифат ва кордониву ҳушёриву шинохти фазилату ақл водор мекарданд.

Яке аз бузургтарин мутафаккирони тамаддуни гузаштаи мо Абўбакр Муҳаммад Ибни Туфайл мебошад. Мазмуну мундариҷаи осори бегазанди  ў ҷанбаҳои гуногунпаҳлуи ирфонӣ ва таълимиро фарогир буда, бештар аз масоили сулҳ, дўстӣ, хирад, ватандўстӣ ва ғайраи иборат мебошанд.  Маҳак ва ҷавҳари аслии ин осор ва ақидаи марказии онҳоро масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияи шахс, муттаҳидиву ягонагӣ, ростӣ, ватандўстию адолатхоҳӣ, худшиносиву ватанпарварӣ ва мардиву матонату футувват ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам, Ибни Туфайл ба қатори бузургмардони илму фарҳанги ҷаҳонӣ шомил буда, аз ҷумла, устоди маънавии тамоми олимону мутафаккирони зиёди доираҳои таълимии  Шарқу Ғарб маҳсуб мегардад.

Бо далелҳои зиёде метавон гуфт, ки новобаста аз методологияи  фаровони таълимӣ - тарбиявии замони муосир, имрўзҳо мебояд, ки дар раванди таълим ва тарбия ҳарчӣ бештар ба ақидаҳои маърифатомези Ибни Туфайл ва дигар мутафаккирони адабиёти пурмояи хеш такя намуда,  аз хазинаи бойи ахлоқию маънавии он дар ҷараёни тадриси насли наврас дар макотиби  олӣ ва ҳамагонӣ ба таври васеъ истифода барем ва кўшиш намоем, ки савияи донишомўзӣ, ҳунару зебоишиносии хонандагону донишҷўёнро бо таъсири андешаҳои маърифатӣ боло бардорем.

Мазмуну мундариҷаи андешаҳои маорифпарварона ва ирфонии Ибни Туфайл аз масоили сулҳ, дустӣ, хирад, ватанпарастӣ ва ғайра иборат буда, назариёти марказии онҳоро масъалаҳои тарбияи шахс ва ба дараҷаи шахсият расонидани инсон ташкил медиҳанд.

Аз ин нуқтаи назар омўзиши ақидаҳои педагогии Ибни Туфайл дар асари ў «Ҳай ибни Яқзон» барои тарбияи насли наврас дар ҳама давру замон аҳамияти бузурги назариявӣ дошта, инсоният метавонад ба тариқи таълимоти ғояҳои он анъанаҳои муносиботи  гузаштаю  имрўза ва робитаи муттасили байни ҳамдигариро муайян намояд.  Сифатҳои ахлоқии зикргардида тамоми асари “Ҳай ибни Яқзон”-ро дар бар гирифтаанд, ки мутафаккир дар ин асар ба таври ҳидоят ақидаи муайяни таълимиро ба миён гузошта, ҳама паҳлуҳои гуногуни онро ба тариқи сужаҳои мухталифи маънавӣ баррасӣ мекунад ва асли ҳақиқати бадеиро, ки манзур ба илми таълиму тарбия ва ё педагогика мебошад, пайваста талқин мегардонад.

Асари «Ҳай ибни Яқзон» маърифатӣ, таълимӣ, ахлоқию фалсафист ва Ибни Туфайл  мутафаккир, омўзгор ва файласуфи асил аст. Чунонки ҳазор сол пеш оламро аз басирати доҳиёнаи худ мебинад, асосҳо ва қоидаҳои муҳимтарини илми ахлоқ ва тарбияро мавриди таҳқиқ  қарор дода, дар он пеш аз ҳама, ақидаҳо бар таълимоти башардўстӣ, ватанпарвариву далерӣ, шинохти футувват ва адл, эҳтироми шахс, падару модар, бузургон, ғамхорӣ ва меҳнатдўстӣ, таблиғи некӣ, хираду хирадмандӣ, донишомўзӣ ва шинохти маънавии муҳит ва табиатро мавриди тарғиб қарор медиҳад. Аз ин нигоҳ, ин асари ў ба илми педагогикаи муосир низ заминаҳои хуби бархурдориҳоро муҳайё намудааст.

Яке аз ақидаҳои педагогии муҳимме, ки дар сароғози андарзҳои таълимотии “Ҳай ибни Яқзон” шакл бахшидаанд ва назари Ибни Туфайлро дар ин самт диди вусъатгир бахшидааст, марбут ба тарбияи инсон дар заминаи хирадмандӣ, ситоиши маориф ва илму фарҳанг, заковат бар ҳушмандиву шуҷоат, зиракӣ ва ғановати маънавӣ мебошад. Тарбияи хирад ва ситоиши ин мавзўъ дар «Ҳай ибни Яқзон»-и Ибни Туфайл, албатта, як падидаи нав нест, чунонки  ин мазмуну мундариҷаро дар китобҳои динии тамоми мардумони олам, аз ҷумла, дар Авастову Инҷилу Таврот ва билохира, бо хулоса  дар  Қуръони маҷид низ ба шумор дучор меомадем. Бо ин иддао метавон афзуд, ки чунин маъхазҳои фарҳангӣ ва маърифатии динӣ,  ки низ,  албатта,  моли адабиёт ва кутуби таълимот барои тарбияи хулқи инсоният ба шумор мераванд, метавонанд ба сифати сарчашмаҳои тарбиявӣ батадриҷ истифода шаванд.

Инсон дар таълимоти Ибни Туфайл, бахусус, китоби ў “Ҳай ибни Яқзон”азхуд кардани се сифати ахлоқӣ, ки барои расидан ба камолот аз маъбади ахлоқӣ сар мезанад, яъне пиндор, кирдор ва гуфтори ҳамидаву некро ситоишгар аст, ки ин се аркон моҳияти камол ёфтани инсонро дар ҳар маврид муқаддам медоранд.

Фарзонаи САЙФИДДИН,

ассистенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДК ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш