Нашрияи Омӯзгор

Баъзе вижагиҳои шеъри устод Лоиқ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,

Аз хомаам таровиши нақши азал расад.

Бале,  устод Лоиқ Шералӣ бо назми нотакрори хеш, бо вижагиҳои тоза ва орифонаву ошиқона ба шеъри муосири адабиёти тоҷик либоси тозаву пероста пўшонид. Худи устод мефармояд:

 Шеър гуфтам барои  шумо,

 Қадри худро дуруст бишносед.

 Яке аз вижагиҳои шеъри устод дар он аст, ки ҳамеша муборизаи қувваи некиву бадӣ дар мадди назари шоир мебошад. Метавон гуфт, ки ба истиснои силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома», дар дигар ашъори ў ин ҷиҳат фаровон ба назар мерасад. Ҳар шеъре, ки шоир мегўяд, аз қисмату тақдир ва олами худи ў сарчашма мегирад. Дунёи шоир одатан  фарох аст, он ҷо таровати бачагию ҷавониашро гум накардааст ва бо ҷаҳони мураккабу зиддиятнок рў ба рў мешавад. Ҳамаи инро ў шоирона тасаввур мекунад:

Ҳарчи мебинам дар олам шоирона,

Дилфиребу дилнишин аст.

Ҳарчи мебинам бароям чун насиба,

Аввалин аст, охирин аст.

 Шоир метавонад дар шеъре  аз худ ифтихор кунад ва дар дигар шеъраш ба мазаммати худ пардозад, чунонки дар шеъре бо номи «Ифтихор» мегўяд:

Дар миёни кўҳсорон кўҳсонам зодаанд,

Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд.

Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,

Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд.

Устод Лоиқ аз ҳақиқати таърихӣ дур нарафтааст, балки як лаҳзаи даҳшатбори таърихиро, ки дасти қувваи бадиро бар қувваи некӣ боло бардоштааст, пеши назари кас меоварад:

Мешиносам ман сари худро қатори он қадар сарҳои саркаш,

Дар қатори хиштҳои сарманору қасри Темур,

Мешиносам хуни худро, к-ў мисоли ҷўи об,

Ҷорӣ мегардад ба дарёҳои хуни асри Темур.

Дигар ҷанбаи муҳимми эҷодиёти Лоиқро мавзўи модар ташкил медиҳад, ки ин масъала низ ашъори шоир тимсоли некӣ  ва накукорӣ, инчунин, меҳру шафқати инсониро таҷассум кардааст. Модар дар шеъри устод маънии модарро медиҳад, вале ҷиҳати ҷовидона будани модар бештар мавқеъ пайдо мекунад:

Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд, модар,

Ту фақат ҷовид хоҳӣ монд дар дунёи зебо.

Ба воситаи тасвири бадеии чеҳраи модар, Лоиқ махсусиятҳои дилчаспи миллӣ  ва урфу одатҳои шарқиро матраҳ месозад. Ба таъбири дигар, ҳувияти модарона бо  ҷанбаи миллӣ тавъам мебошад. Ин ҷиҳат, ки дар меҳвари “Модарнома”-и устод ҷой гирифтааст, шеъри ўро таровати тоза мебахшад ва ҳам таъсирбахшии онро меафзояд ва дар дарки маънию манзалати модар мусоидат менамояд. Барои Лоиқ ҷаҳони ботинии модар муҳим аст, ки чӣ навъ «дар як гўшаи хомўши кўҳистон» рўзгор дораду ба андешаи дуру дароз фурў рафтааст. Ин ҳолат бевосита аз ҳиссиёту андешаҳои модар мавқеъ пайдо мекунад,  на аз қаҳрамони лирикӣ. Дар ин замина аз «Модарнома» шеъре бо номи «Ба модарам», ки беҳтарин намунаи ин силсила шинохта шудааст, метавон порае аз он шеърро бозгў намуд:

Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рўйи оламро,

Ба гирди хеш гўё чарх гаштӣ , зиндагӣ кардӣ.

Ба гирди деҳа гўё домани гардун бичаспида,

Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.

Чӣ дорад  олами дар худ ниҳони ту,

Аё модар, аё модар!

Дар шеъри «Қасидаи модар» шоир меҳру муҳаббат, самимияту саховатмандӣ, халлоқият ва қадру манзалати модарро беинтиҳо тасвир намудааст:

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг

Бошад бақои олам маҳзи бақои модар…

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гўянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Бештари шеърҳои ба модар бахшидаи устод Лоиқ дар баргузидаи «Дасти дуои модар» ҷойгир шудаанд. Муҳтавои ин ашъор дар унвони маҷмўа тазаккур ёфтааст. Табиист,  вақте фарзанд рахти сафар мебандад, модар ба дунболаш роҳӣ мешавад ва дасти дуо мебардорад ва барои ҷигарбандаш сафари бехатарро аз даргоҳи Худованд металабад. Дар ҳамин замина шоир бо эҳсосоти пок ва содиқонаи хеш модарро ба тасвир мекашад ва ўро робитаи вуҷуд медонад:

Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,

Аз сари дастони ту  пайроҳаи дури ҳама.

Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,

Қобили сурат шавад обу гиле…

Ба ҳамин тартиб, сар то пойи ин маҷмўа ҳикоят аз меҳру муҳаббати шоир нисбат ба модари хеш дорад.

Ҳақиқат Қурбонова,

омўзгори мактаби № 27, ноҳияи Айнӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш