Нашрияи Омӯзгор

Табиатро дўст бояд дошт

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Яке аз проблемаҳои глобалии замони имрўза  бархўрд ва муносибати бераҳмонаю бетафовути одамони сайёра ба табиат мебошад.

Барои тадқиқу таҳлили мавзўи зикршуда тасмим гирифтем, ки ифлосшавии муҳити зистро дар доираи маҳалли худ таҳқиқ намоем.

Барои ин аз усули пурсишнома истифода карда, муайян намудам, ки бо кадом сабабу роҳҳо муҳити атрофамон ифлос ва хароб мегардад.

Дар пурсишнома, ки бо 56 нафар хонанда гузаронида  шуд, маълум гардид, ки хонандагон, асосан, се намуди ифлосшавии муҳити зистро медонанд. 16 нафар иброз доштанд, ки ифлосшавии табиат, асосан, ба воситаи ифлосшавии замин ба амал меояд, 21 нафар сабаби онро дар ифлосшавии ҳаво ва 19 нафари дигар муҷиби онро дар ифлосшавии об медонанд.

Дар ин масъала 52 нафар иштирокдор гунаҳкори асосӣ инсонро мешуморанд. 3 нафар дар ифлосшавии табиат ҳайвонотро  сабабгор донистанд. Як нафар қайд намуд, ки ҳангоми офатҳои табиӣ низ обу ҳаво метавонад ифлос шавад. Дар ҷараёни тадқиқот аз хонандагоне, ки дар пурсиш ширкат варзиданд, пурсон шудем, ки оё онҳо низ дар ифлос кардани муҳити атрофашон даст доранд ё не? Ҳамаи иштирокчиёни пурсишнома ин нуктаро тасдиқ намуданд.

Дар натиҷаи тадқиқоти мазкур  яке аз муҳимтарин паҳлуҳои мавзўъ муайян гардид, ки он дар бораи ба куҷо партофтани партовҳо аз ҷониби  сокинони маҳал маҳсуб меёфт. Дар асоси пурсишнома муайян гардид, ки  дар деҳаи Тўсиён 7 нафар  партовашонро ба об мепартоянд, 9  нафари дигар онро  месўзонанд, 40 нафар партовашонро ба замин ва дигар мавзеъҳои аз хонаҳояшон дур  мепартоянд.

Хонандагон мушкилоти ҷойдоштаро вобаста ба ифлосшавии муҳити атрофи худ, аз рўи мушоҳидаи ҳаррўзаашон дар харитаи маҳаллашон нишон доданд. Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки ҳамаи хонандаҳои ҷамоат бевосита дар ифлосшавии табиати гирду атрофи муҳити зисти деҳа даст доранд. 

 Дар натиҷаи таҳлилу омўзиши мавзўи мазкур  ба хулоса омадам, ки сабабгори ҳамаи намуди ифлосшавии табиати гирду атроф ва обу ҳаво дар навбати аввал, худи сокинони маҳал мебошанд. Нисбат ба омилҳои табиӣ омилҳои антропогенӣ ё худ таъсири инсон дар ифлос намудани муҳити зист аз ҳама бештар дида мешавад.

 Барои пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист ва коҳиш додани хатарҳои зараровари он дар деҳа пешниҳод намудам, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, сокинони худи деҳа андешидани чораҳои зерин аз манфиат холӣ нест: ташкил намудани ҷойи махсус барои партовгоҳ, ҷойгир намудани қуттиҳои махсус барои партов дар назди хонаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан, дар назди марказҳои савдо, ки сабабгори ифлосшавии кўчаю роҳҳо мегарданд, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ,  аз ҷумла, дар  мавзўи “Ифлосшавии муҳити зист ва проблемаҳои экологӣ”, ташкил намудани гурўҳҳои ташаббускор  бо номи “Дўстдорони табиат” дар мактабҳо, баргузории ҳашарҳо барои тоза кардани гирду атроф дар деҳа, ба роҳ мондани ташкили озмуни “Деҳаи тоза” миёни деҳаҳои  ҳар як ноҳия.

Шамима ШОДИБЕКОВА,                                   

хонандаи синфи 7- и мактаби рақами 12 - и ноҳияи Роштқалъа, узви Академияи хурди

илмии ВМКБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш