Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаҳои синнусолии тарбия

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Ҳанўз аз даврони Шўравӣ оиларо яке аз қишрҳои ибтидоӣ ва асосии ҷомеа меҳисобиданд ва  маҳз оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар аз рўзҳои аввал тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои минбаъдаи он бомуваффақият паси сар мешаванд.

Олимони соҳаи тиб бар он ақидаанд, ки марҳалаҳои гузариши синнусолӣ ва ташаккули ақлониву ҷисмонии инсон ба давраҳои мухталиф тақсим карда мешавад. Мувофиқи даврабандиҳои маъмул, кўдакиро ба марҳалаи навзодӣ то синни яксолагӣ, кўдакии давраи аввал – 1 то 3- солагӣ, синни томактабӣ аз 4  то  6- солагӣ, синни ибтидоии мактабӣ – аз 6 то 10-солагӣ, синни миёнаи мактабӣ – аз 11 то 15-солагӣ ва синни калони мактабӣ аз 15 то 18-солагӣ ҷудо менамоянд, ки ҳар давра хусусиятҳои ба худ хосро дорост.

Агар  ҳар як даври гузариши синнусолӣ мутобиқ ба ҳолати рушди тафаккури инсонӣ дуруст тарбия карда шавад, он гоҳ инсони солим ба воя мерасад.

Маҳз дар ҳамин марҳала олами маънавию ҷисмонии кўдак метавонад аз ҳама зуҳуроти таъсиррасон бархўрдор бошад. Ва ҳар қадар падидаҳои нек дар рўзгори кўдак рух диҳад, ҳамон андоза зебопарастию мутобиқшавии кўдак ба олами комилан саршор аз адолати иҷтимоӣ дар зеҳнаш пайдо  мешавад.

Мувофиқ  ба синну сол тарбияи наврасонро психологи машҳури рус Роберт Немов дар китоби худ «Психология» ба зинаҳои зерин ҷудо намудааст.

1.Дар 11-12 -солагӣ наврасон бори аввал дар вуҷуди худ эҳсоси ҷасурӣ, босабр будан, боварӣ, пуртоқатӣ ва худшиносиро мепарваранд.

2.Зинаи дуюм аз 12-солагӣ то 20-солагӣ идома меёбад. Дар ин давра ҳолати рўҳии инсон тағйир ёфта, одам хислатҳои хубро, ба монанди кумак расондан ва ё мададгори касе шудан, инчунин, ошиқ шудан, хаёлпараст будан ва дигар эҳсосоти дар ниҳодаш ташаккулёфтаро мепарварад.

3. Дар зинаи сеюм, ки он аз 20 то 40 – солагӣ идома меёбад, инсон ба зиндагӣ ба чашми нав менигарад ва ҳар зуҳуроти ба вуқўъ пайвастаро дар мизони ақлаш бармекашад.

4.Зинаи чорумро Роберт Немов балоғати ақл медонад, ки он аз 40-солагӣ оғоз меёбад.

Аз ин рў, ҳар як омўзгор вазифадор аст, ки  зимни гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ба ин масъала ба таври даркорӣ таваҷҷуҳ намояд ва насли наврасро аз рўи гуфтаҳои олимони соҳа тарбия намуда, онҳоро ба роҳи ростӣ, некӣ, дўст доштани Ватан ва илму маърифат раҳнамун созад.

Саломат Зулфиқорова,

омўзгори мактаби № 92-и  ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш