Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши чашмаҳо ва обҳои шифобахш

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Соли хониши ҷорӣ китоби нави “Табиатшиносӣ” (олами атрофи мо) барои синфи 4 аз ҷониби як гурўҳ муаллифон бо роҳбарии Н. Қодиров аз чоп баромад ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас намуд. То ин вақт омўзгорон барои гузаштани дарсҳои табиатшиносӣ душворӣ мекашиданд, зеро китобҳои пешина ба стандарт ва роҳнамои ҳозираи ин фан мувофиқ набуданд. Китоби нав хеле хуб навишта шудааст, мазмуни он барои хонандагон шавқовар аст. Аз сабаби он ки мазмуну муҳтавои китоби нав бо роҳнамои омўзгор мувофиқ меояд, кори омўзгорон низ осон шуд.

Намунаи банақшагирии ҳамаи мавзўъҳои фанни табиатшиносӣ дар роҳнамои омўзгор аз тарафи муаллифон хеле хуб нишон дода шудааст. Ман дар синфи 4 дарс мегўям ва ҳоло мехоҳам аз таҷрибаам бо ҳамкасбони худ тарзи банақшагирӣ ва гузаштани як соат дарси фанни табиатшиносиро дар мавзўи «Чашмаҳо ва обҳои шифобахши Тоҷикистон» баён намоям.

Пас аз гузаронидани қисми ташкилии дарс бо хонандагон саволу супоришҳои пеш аз матни мавзўъро муҳокима карда, донишҳои пешинаи хонандагонро бедор мекунем.

Дар қисмати «Баёни мавзўи нав» омўзгор оид ба мафҳуми “чашма” ба хонандагон маълумот дода, таваҷҷуҳи онҳоро ба хўша (кластер) ҷалб мекунад. Дар ҳалқаи байни хўша чунин навишта шудааст - чашмаҳои шифобахш. Аз хонандагон пурсида мешавад, ки оид ба чашмаҳои шифобахш чӣ маълумот доранд. Ҷавобҳои хонандагон дар атрофи он навишта мешавад. Ҳамаи ҷавобҳои хонандагонро бояд  ба эътибор гирифт  ва агар лозим шавад, барои ҷавоби онҳо доираҳои иловагӣ кашид. Баъди ба охир расидани ҷавоби хонандагон омўзгор аз тариқи суҳбат ҳар кадом фикри пешниҳоднамудаи онҳоро шарҳ дода, бо мавзўи имрўза мепайвандад ва бо ин роҳ мазмуни дарсро бо хонандагон муҳокима мекунад. 

Баъди кор бо хўша ва муҳокимаи масъалаҳо, барои пурратар шинос шудани хонандагон бо моҳияти мавзўъ аз онҳо хоҳиш карда машавад, ки бо матни мавзўи китоб (саҳ. 170-171) шинос шаванд. Пеш аз хондани матн чунин супориш дода мешавад:

 – Матнро бодиққат хонед ва калимаҳои нофаҳморо барои худ қайд кунед.

Пас аз хондани матн аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки калимаҳои қайднамудаи худро пешниҳод намоянд ва хонандагон бо ёрии омўзгор ин калимаҳоро шарҳ медиҳанд.

То ин вақт хонандагон шояд каме хаста шуда бошанд. Аз ин хотир, бо онҳо бозии гурўҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин, бозиро ба хотири мустаҳкам кардани дарс истифода мебарем. Тартиби бозӣ чунин аст:

1.   Хонандагон ба гурўҳҳои хурд муттаҳид мешаванд (тарзи гурўҳбандӣ ба ихтиёри омўзгор);

2.   Ба ҳар гурўҳ се варақ  бо навиштаҷоти номи чашмаҳои шифобахш (Гармчашма, Хоҷаобигарм, Чилучорчашма) дода мешавад;

3.   Омўзгор бонавбат хусусиятҳои яке аз ин чашмаҳоро мегўяд (мехонад). Масалан, «Ҳарорати оби он ба 60 дараҷа баробар аст» (Гармчашма); «Дар таркиби об ва буғи он 18 намуди моддаи муолиҷавӣ вуҷуд дорад» (Хоҷаобигарм); «Оби он хунук, соф ва сермоҳӣ аст» (Чилучорчашма) ва ғайра.

4. Аз гурўҳҳо хоҳиш карда мешавад, ки ба кадом чашма дахл доштани маълумотро муайян кунанд ва варақро бо навиштаҷоти номи ин чашма боло бардоранд (нишон диҳанд).

5. Дар охир гурўҳи ғолиб муайян ва ба ифтихори онҳо кафкўбии аҳли синф ташкил карда мешавад.

Албатта, ин фикрҳои ман оид ба тарзи гузаронидани мавзўи мазкур буд. Аз ҳамкасбони муҳтарам хоҳиш мекардам, ки онҳо низ аз таҷрибаи худ барои омўзгорон намунаҳои гуногуни банақшагирии дарсҳоро дар рўзномаю маҷаллаҳо нашр намоянд. Ин кори мо боиси рушд ёфтани малакаю маҳорати дарсдиҳии омўзгорон гашта, сатҳи дониши хонандагон боло меравад ва дар умум, ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат мерасонад.

Малоҳат  Маҳмадова,

омўзгори мактаби №128-и  шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш