Нашрияи Омӯзгор

«Мароми ў – ҳақиқати таърих»

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Душанбе китоби нав таҳти унвони «Мароми ў – ҳақиқати таърих», ки ба хотираи муаррихи маъруфи тоҷик, академик Раҳим Масов бахшида шудааст, аз чоп баромад.

Дар маҷмўа мақолаҳо ва маводҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки фаъолияти илмӣ, илмӣ-ташкилӣ ва ҷамъиятию сиёсии олими барҷастаро тавсиф мекунанд. Номи китобҳое, ки дар ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик осори возеҳ гузоштаанд, аз қабили «Таърихнигории Тоҷикистони Шўравӣ», «Эҳёи фарҳангии Тоҷикистон», «Таърихи табартақсим», «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилиятсия».

Раҳим Масов, ки аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт, муаллифи беш аз 500 асари илмӣ ва илмию оммавии таърихист, ки 14 номгўи  онҳоро монографияҳо ташкил медиҳанд. Мавсуф 21 июни соли 2018 аз олам даргузашт.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш