Нашрияи Омӯзгор

Пайдоиши тестҳо ҳамчун шакли назорати дониш

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Тест яке аз шаклҳои аз ҷиҳати технология пешрафтаи гузаронидани назорати автоматик бо параметрҳои назоратшавандаи сифат мебошад. Ба воситаи санҷишҳои тестӣ имкониятҳои мо маҳдуд карда намешаванд.      Тестҳо бори аввал соли 1864 аз тарафи Жорж Фишер дар Британияи Кабир барои санҷиши савияи дониши донишҷўён коркард шуда буданд. Назарияи асосҳои тест бошад, соли 1883 аз тарафи рўҳшиноси фаронса Френсис Галтон пешниҳод шудааст. Истилоҳи “test” (тест)-ро бори аввал рўҳшиноси амрико  Жорж Кеттел соли 1890 ба илм ворид кард. Панҷоҳ тесте, ки аз тарафи ў пешниҳод шуда буд, дорои хусусияти рўҳ-физиолог ва барномаи содакардашуда ба ҳисоб мерафт. Рўҳшиноси фаронса  Алфред Бине принсипҳои таҳқиқотии тестро ба функсияҳои олии рўҳии одам татбиқ карда буд, ки ба намудҳои тестҳои ў дохил буданд: тестҳо барои озмоиши хотира, диққатҷалбкун, намудҳои муарриф ва ғ. Рўҳшиноси олмон Уилям Штерн соли 1911 муайянкунии коэффитсиенти шуурнокиро (IQ) ба воситаи тестҳо кашф карда буд. 

Дар аввали асри ХХ ҳудудгузорӣ  байни тестҳои рўҳ ва педагог дар коркарди тестҳо ба вуҷуд омад. Аввалин тести стандаркунонидашудаи педагог аз тарафи рўҳшиноси Амрико Эдвард Ли Торндейк (1874-1949) тартиб дода шуда буд.

Ташхиси ҷоришавии тестҳо дар мактабҳои хориҷа таърихи пешин доранд. Э.Торндейк тартибдиҳандаи тестҳои педагогӣ маҳсуб ёфта, марҳилаи гузариши тестҳоро дар мактабҳои Амрико ба се гурўҳ ҷудо карда буд:

Давраи ҷустуҷў (солҳои 1900-1915). Ин давра марҳилаи аввали тартибдиҳии тестҳо барои санҷиши хотира, таваҷҷуҳ ва ҷиҳатҳои рўҳии одам буд, ки аз тарафи рўҳшиноси фаронса А.Бине пешниҳод карда шуда буд. Дар ин давра бо баробари сохтан, инчунин, тестҳо барои дарки ақлронии инсон ва муайян кардани коэффитсиенти шуурнокии  онҳо истифода бурда мешуд.

Вақте намуд ва шаклҳои гуногуни тест ба вуҷуд омад, 15 соли охир (баъд аз солҳои 1915) як пешравию тараққиёт дар соҳаи тестҳои мактаб ба мисли зангўлае овоз бароварда буд. Ин ба дарёфт ва мавқеъёбии тестҳо дар раванди таълим ва  ҷиҳатҳои манфиву мусбати он  такон бахшид.

Аз соли 1931 марҳилаи пешравии тестҳои замонавӣ ба вуҷуд омад. Дарёфти мутахассисон барои омода намудани тестҳои замонавӣ, ҷорӣ кардани дигаргунӣ ба шакл ва намудҳои тест, принсипҳои нав ба тестҳои соҳаи мактаб ва намудҳои таҳлилкунии тестҳо буд.

Пас аз қарори маъруф ИҶШС “Дар бораи таҳаввулоти педагогӣ дар системаи Комиссариати халқии маориф” (соли 1936), на танҳо тестҳои зарарнок, балки зеҳнӣ низ бартараф карда шуданд. Кўшишҳо барои эҳёи онҳо дар солҳои 70-ум натиҷаи мусбат надод. Аз ин лиҳоз, соҳаи илм ва амалияи мо назар ба мактабҳои хориҷа хеле ҳам қафо мондааст.

Афзалиятҳои тест: афзалияти асосии тестҳо,  суръатнок (босуръат) ва шаффофона будани онҳо аст. Дар тестҳои анъанавӣ бошад, тавассути маводи дидактикӣ дақиқ будани онҳо ба ҳисоб меравад.

Норасоиҳои тест: агар донишҷў шумораи ҷавобҳои дурустро азёд карда, онҳоро гузорад, пас, ба омўзгор дараҷаи дониши донишҷў маълум намешавад, дар ин ҳолат фаъолияти рўҳии донишҷў ва натиҷа, танҳо эҳтимолият дораду халос. Донишҷў ба донишҳои худ кафолат (эътимод) надорад. Ба норасоиҳои тест, инчунин, дохил кардан мумкин аст, эҳтимолияти тахминро. Мисол: агар, дар саволи тест ду ҷавоб (вариант) бошад, ба панҷоҳ фоизи (50%) чунин тестҳо ҷавоби дуруст гардонидан имконпазир аст.

Тестро  чӣ гуна бояд омода кард?

Ҷорӣ кардани тестҳо дар раванди амалияи таҳсилот як далели бебаҳост. Тестҳо дар ҳамон асос омода карда мешаванд, ки замимаи муваффақият доранд ва донишҷўён ин мавзўъҳои тестро дар раванди таҳсил гузаштаанд. Бо ин намудҳои тест аз наздик шинос мешавем:

Тестҳои таълим ва ҷамъбаст. Фарқи байни онҳо дар истифода ва миқдори онҳо мебошад.

Тестҳои таълим -  доираи мавзўъҳоеро дар бар мегиранд, ки донишҷўён дар рафти омўзиш холҳои намунавию қаноатбахшро ба даст овардаанд. Мақсади тестҳои таълим – баҳогузорӣ ба сифати дониш, азхудкунии саволҳои гузашта (оид ба мавзўъҳои гузашта) ва дар хотир нигоҳ доштани қисмҳои асосии мавзўъҳо мебошад.

Дар охири ҳар боб тестҳои ҷамъбаст (бо миқдори зиёдтар нисбат ба тестҳои таълим) гирифта мешаванд, ки дараҷаи дониши донишҷўёнро оид ба бобҳое, ки дар раванди муайяни таҳсил гузаштаанд, нишон медиҳад.

Тестҳои объектив ва эссе-тестҳо

Тартиб додани саволҳои тест, албатта, ба маводҳои (мавзўъҳои) таълим вобастагии калон дорад. Аз рўи маводҳои таълим омода кардани тест ба фанҳои дақиқ душворие пеш намеорад, аммо дар равияҳои гуманитарӣ бошад, каме душвортар аст.

Тестҳои объектив” – шарҳи бетахминро ифода мекунанд. Ин намуди тестҳо дар худ якчанд роҳи ҳал доранд, ки дар онҳо метавон, ба  як савол  чанд ҷавобро интихоб ва дуруст ё нодуруст будани ҷавобҳоро қайд кард ва ғ.

     Вақте шумо мехоҳед, ки каме ҳам бошад, савол бо ҷавоб муносибат дошта бошаду фаҳмо дарҷ гардад, ба шумо тестҳои дорои интихоби “ду ҷавоб”-ро тавсия медиҳем. Вақте мехоҳед, тестҳои сода ва зудҳалро тартиб диҳед, ба шумо тестҳои дорои ҷавоби “дуруст” ё “нодуруст” тавсия дода мешавад. Ҳамаи намудҳои тест, аз ҷумла, тестҳои объективиро метавон дар равияҳои гуманитарӣ низ истифода бурд. Як намуди намунаи тестҳои объективиро аз фанни забони англисӣ нишон медиҳем:

QUESTIONS  (САВОЛҲО)

True

(дуруст)

False

(нодуруст)

Bobojon Ghafurov was in 1977? (Бобоҷон Ғафуров соли 1977 ба дунё омадааст?)

+

 

B.Gafurov was born in the Dushanbe? (Б.Ғафуров дар Душанбе таваллуд шудааст?)

 

+

Bobojon Gafurov was buried in Khujand? (Бобоҷон Ғафуровро дар Хуҷанд гўрондаанд?)

 

+

In 1931, he entered the Institute of Journalism in Moscow? (Соли 1931 ў ба Донишкадаи рўзноманигории Москов дохил шудааст?)

+

 

B.Gafurov Hero of the Tajik people?  (Б.Ғафуров Қаҳрамони халқи тоҷик аст?)

+

 

 

 

   Тест-эссе.  Дар якқатор равияҳо, хусусан, дар равияҳои гуманитарӣ дар ҳамон ҳолат ба дониши донишҷўён баҳои баланд дода мешавад, ки онҳо ба саволҳо хаттӣ ҷавоб гардонанд. Дар ин ҳолат тест-эссеҳо нақши муассир доранд. Тест-эссеҳо бадиктантҳои санҷишшабоҳат дошта, омўзгор саволҳоро мехонад, донишҷўён хаттӣ ҷавоб мегардонанд.

Фарқи тест-эссеҳо аз дигар намудҳои тест дар он аст, ки онҳо дар худ далел (исбот) ва вақти бисёрро талаб мекунанд. Онҳо метавонанд ҷумлаҳои нопурраеро дар бар гиранд, ки донишҷў бояд пурра гардонад; порчаеро аз ягон асар мисол оваранду мазмуни онро талаб кунанд; шеърро маънидод кунанд ва ё ба мисли тестҳои од ба саволҳо ҷавоб  гардонанд ва ғ.

Қоидаи тартибдиҳии тест-эссеҳо:

- Интихоби мавзўи тест-эссе. Як мавзўъро интихоб карда, доир ба ҳамон мавзўъ саволҳо тартиб диҳед. Пеш аз оғози тест-эссе номи мавзўъ ва масъалаҳои дар бар гирифтаи тест-эссеро ба донишҷўён маънидод кунед. Дар тест-эссеҳои сатҳи байналмиллалӣ асосан навиштани масъалаҳои глобалиро аз донишҷўён талаб мекунанд.

- Маҳдудияти ҳаҷм (миқдор). Тест-эссеҳо ба миқдори кам (на зиёда аз 10-то) дар доираи мавзўъҳое тартиб дода мешаванд, ки донишҷўён хулосаҳои худро оид ба ин мавзўъҳо пештар гуфтаанду медонанд. Саволҳои мантиқ ва душворфаҳро ба миқдори кам бояд истифода кард. 

- Маҳдудияти вақтро ҳам бояд ба инобат гирифт. Зеро, қисме аз донишҷўён, «вақт камтар гўён» саросема мешаванд ва ба саволҳо ҷавоби нопурра ва нодуруст менависанд. Вақтро вобаста ба савол тарзе муайян кунед, ки ба ҳар як савол ҳадди ақал 3-5 дақиқа рост ояд.

- Методикаи баҳогузорӣ. Пеш аз оғози тест ба донишҷўён оид ба баҳогузорӣ маълумот диҳед. Мисол: ба ҷавоби дуруст ва пурра - 2 хол, дуруст, аммо нопурра - 1 хол; умуман ҷавоб нест – 0 хол.

- Хатоҳои грамматикӣ. Дар тест-эссеҳо нисбат ба дигар намудҳои тест, бояд ҳатман ба хатоҳои грамматикии (қоидаҳои имлоии) ҷавобҳо эътибори ҷиддӣ дод. 

               Намунаро ба тест-эссеҳо аз забони русӣ меорем:

- Мавзўъ: Александр Сергеевич Пушкин

- 5 савол.

- Ба ҳар савол 5 дақиқа вақт.

- Ба ҳар ҷавоби дуруст ва пурра 2 хол; дуруст, аммо нопурра 1 хол; умуман ҷавоб нест 0 хол. (9-10 хол баҳо 5;  7-8 хол баҳо 4; 5-6 хол баҳо 3; 3-4 хол баҳо 2)

Саволҳо:

- Почему Александра Сергеевича Пушкина все знают и любят?

- Где и когда родился А.С.Пушкин?

- Кто пробудил в душе маленькой Саши любовь к русской народной поэзии?

- Сколько лет было Пушкину, когда он закончил лицей?

- В чём истинная причина трагической гибели великого русского поэта?

   Эзоҳ: ба ҷавобҳо рақам нагузоред!

Мо фикр мекунем, оид ба тартиб додани тестҳои вариантдор қисми зиёди хонандагони мо маълумоти кофӣ доранд, бинобар ин, мехоҳем оид ба тарзи дуруст тартиб додани ин намуди тестҳо каме маълумоти пурратар дода бошем.

    Умуман, мақсади ҳамаи санҷишҳои тестӣ як аст – санҷиши савияи дониши донишҷў дар муддати кўтоҳи вақт.

Умедбахт Ҳоҷибеков, 

омўзгори забони англисии мактаби №1 ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Зафаробод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш