Аз он шоду мамнунем, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони синфҳои 6,7,8, 10, 11 дар як муддати хеле кўтоҳ бо китобҳои нави дарсии фанни география таъмин шуданд. Мавзўъҳои китобҳои дарсии синфҳои 6 ва 11 оммафаҳм ва пурмазмун таҳия гардиданд.
Бо вуҷуди ин, дар таҳияи китобҳо камбудиҳо низ мавҷуданд. Масалан, китоби нави синфи 11-ро ба даст гирифта, мебинед, ки аксари мавзўъҳо хеле мураккабанд. Калимаҳои муғлақ ва душворфаҳм ҳам дар матнҳо кам нестанд. Бемуҳобо, муаллиф вақти навиштани китоб хонандаи мактабро чун хатмкунандаи донишгоҳ ва ё аспиранту докторант тасаввур кардааст. Бовар намекунед? Марҳамат, мавзўъҳоро бодиққат мутолиа кунед, худатон дар ҳайрат мемонед, ҳатто омўзгор барои сарфаҳм рафтани мавзўъ душворӣ мекашад. Китобҳои синфҳои 6, 10 баръакс, ба таври содаву фаҳмо таълиф гардидаанд. Китоби дарсӣ барои синфи 9 (нашри нав) кай аз чоп мебарояд? Охир, мо то ҳол ҳамон китоби дарсии маълумотҳояш хеле куҳнаи нашри соли 2006-ро истифода мебарем.
Пурсида мешавад: маълумоти куҳнашуда ба кӣ лозим?
Алиҷон Маҳмудов,
омўзгори мактаби №25,
шаҳри Конибодом, Аълочии
матбуоти Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр