Нашрияи Омӯзгор

Минтақаи Кўлоб: фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 860        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади шинос гардидан бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб суҳбате доштем бо директори Маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кўлоб Эмомалӣ Саидамиров.

- Марказ таҳсилоти иловагии минтақаи Кўлоб  дорои бинои алоҳида ва мустақилияти молиявӣ мебошад. Дар соли таҳсили 2020-2021 дар Маркази таҳсилоти иловагии мазкур 35  маҳфил  фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1100 нафар  хонандаи муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд, - гуфт Э. Саидамиров ва афзуд, ки роҳбарони маҳфилҳо бо мақсади  тарбия намудани насли наврас дар рўҳияи шуҷоату мардонагӣ, ватандўстию ватанпарварӣ, эҳё  ва рушду нумўи  анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва малакаву маҳорати насли наврас,  тибқи нақшаи таҳрезишуда як қатор  озмуну чорабиниҳои оммавиро  дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузарониданд.

 Барои азхудкунии донишҳои замонавии наврасону ҷавонон, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудан ва тақвият бахшидан ба қобилияти эҷодии онҳо ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, маъмурияти муассиса ба самти илмҳои техникию дақиқ, шиносоӣ бо кашфиёти нави илмҳои муосир ва технологияи пешқадам диққати ҷиддӣ дода, дар соли таҳсили 2020-2021 маҳфилҳои “Математика”, “Химия”, “Физика”- ро ташкил намуда, ба ин маҳфилҳо омўзгорони соҳибкасбу навоварро ҷалб намуданд, ки ин маҳфилҳо зиёда аз 100 нафар хонандаро фаро гирифтаанд.

Бояд қайд кард, ки дар ин давра дар 11 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб 188 маҳфил бо фарогирии 5927нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд. Боиси нигаронист, ки то имрўз муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Данғара, Муъминобод ва Ховалинг соҳиби бинои алоҳида нестанд, муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ховалинг мустақилияти молиявӣ надорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Шўрои минтақавии созмонҳои талабагии минтақаи Кўлоб фаъол  бошад ҳам, кори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва созмонҳои талабагӣ дар ноҳияҳо бо ду по мелангад.

Дар 597 муассисаи таълимии минтақаи Кўлоб  453 роҳбари созмонҳои талабагӣ бо 175184 нафар узви созмонҳои талабагӣ фаъолият мекунанд. Аз 453 роҳбари созмони талабагӣ 300 нафарашон дафтари корӣ (кабинет) надошта, дар шароити ногувор амал менамоянд.  Бояд қайд кард, ки мақомоти маҳаллӣ ба ҷои ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мадад расондан, баръакс, аз 4 то 12 воҳиди кориашонро ихтисор намуда, ба дигар муассисаҳо тақсим намудаанд. Аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Балҷувон бо 7 воҳиди корӣ фаъолият дорад, ки дар он ҳамагӣ 48 нафар хонанда дар 4 гурўҳ фаро гирифта шудаанд. Бинои муассиса аз  кабинети кории директор ва мушовир ва 1 синфхона иборат буда, шароити одӣ барои гузаронидани машғулиятҳоро надорад. Имрўз фаъолияти созмонҳои талабагӣ ва худидоракунии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба талаботи рўз ҷавобгў набуда, омўзиш ва навгониҳоро талаб мекунад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия созмонҳои талабагӣ бо утоқҳои корӣ ва атрибутикаи созмон (аз қабили парчам, нақора, шайпур,  кўлоҳ ва ғайра) таъмин нестанд. Фаъолияти кории Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Кўлоб нисбат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагии дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб буда, беҳтар ба роҳ монда шудааст. Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр бинои асосии худро дошта, аз 15 кабинети фаннӣ ва 28 адад компютер, 2 адад ноутбук, 3 адад принтер, 1 адад кинопроектор ва 7 адад мошинаи дарздўзӣ таъмин мебошад, ки аз онҳо аъзои маҳфилҳо истифода мебаранд. Айни замон дар муассисаи мазкур 39 маҳфили ҳунаромўзию таълимӣ амал мекунад,ки дар онҳо 41 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи 1240  нафар хонанда машғуланд. Баъзе хонандагон дар ду-се маҳфил аъзо мебошанд. Аъзои маҳфилҳо чи дар чорабиниҳои шаҳр ва чи дар чорабиниҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштаанд. Самти дигари фаъолияти кори маркази таҳсилоти иловагии шаҳр, ҷоннок намудани кори созмонҳои талабагӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Роҳбарони созмонҳои талабагӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо дафтари корӣ  (кабинет) таъмин мебошанд, ки ин барои гузаронидани ҷамъомадҳои фаъолони созмон ва дигар корҳои ҷорӣ барои ҷалб намудани хонандагон дар кори созмон истифода бурда мешаванд. Камбудии асосие, ки дар кори созмонҳои талабагӣ дида мешавад,  нарасидани атрибутикаи созмонҳои талабагӣ мебошад. Аз шумораи  умумии 39 маҳфил 9 адади он дар мактабҳо ташкил карда шудааст (мактабҳои рақамҳои 4,5,8,11,14,53, литсейи инноватсионӣ, муассисаи томактабии №1 ва  мактаби рассомӣ), 30 маҳфил дар бинои муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо 6,5 воҳиди корӣ фаъолият дорад. Муассисаи  таҳсилоти иловагӣ соҳиби  бинои асосӣ ва мустақилияти молиявӣ буда, дорои 5 утоқи корӣ, 5 мошинаи дарздўзӣ, 1 компютер, 2 принтер  ва  2 нотбук  буда,  аъзои маҳфил аз онҳо  истифода мебаранд. Дар муассисаи мазкур дар соли таҳсили 2020-2021 15 нафар корманди омўзгорӣ дар 7 маҳфил фаъолият намуда, ба 340 нафар хонанда маҳорати касбҳои гуногунро таълим  медиҳанд. Аз сабаби набудани шароит ва дар масофаи дур аз маркази ноҳия ҷойгиршавии муассисаҳои таълимӣ дар назди мактаби №18-и Ҷамоати деҳоти Даштиҷум маҳфилҳои  «Забони русӣ», “Ҳусни хат”, маҳфили «Дуредгарӣ» дар назди мактаби №4-и Ҷамоати деҳоти Доғистон, маҳфили «Чакандўзӣ» дар назди мактаби №24-и Ҷамоати деҳоти Саричашма, маҳфили  «Математикони ҷавон», дар назди мактаби №8, маҳфили “Ватанпарвар”,дар назди мактаби №3, маҳфили «Овозхонӣ»  дар назди  мактаби бачагонаи ноҳия ташкил карда шудааст. Паҳлўи дигари фаъолияти муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия назорати фаъолияти кори созмонҳои талабагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия мебошад. Фаъолияти созмонҳои талабагӣ ва худидоракунии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба талаботи рўз ҷавобгў нест. Аз 43 роҳбари созмонҳои талабагӣ танҳо дар муассисаҳои таълимии № 12,15, 38 ва 49 роҳбарони созмони талабагӣ бо утоқҳои кории алоҳида таъмин карда шудаанду халос. 50-80%-и  созмонҳои талабагӣ бо утоқҳои корӣ ва атрибутикаи созмон  таъмин нестанд. Дар ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ созмонҳои талабагӣ фаъолият намекунад.

Фаъолияти Муассисаи таҳ-силоти иловагии ноҳияи Фархор дар байни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб то ҷое хуб ба роҳ монда шуда, он  дар бинои алоҳида ҷойгир аст. Дар муассиса 16 маҳфили гуногун фаъолият дорад, ки дар онҳо 560 нафар хонанда ба машғулиятҳои ҳунаромўзию эҷодкорӣ фаро гирифта шудаанд. Дар давоми сол чорабиниҳои  “Чароғаки роҳнамо”, “Рассомони беҳтарин”,  “Дастони моҳир”, “Ихтироъкорони наврас”, “Забондони беҳтарин”, “Хатти зебо”,  “Математикони наврас”, “Химикони наврас”, “Навқаламони ҷавон”, “Рўдакихонӣ”, “Мавлавихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Камолхонӣ”, инчунин, озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурўғи  маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуданд. Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, тавре ки дар боло зикр намудем, ягона муассисаи таҳсилоти иловагие мебошад, ки на бинои алоҳида дораду на соҳиби мустақилияти молиявӣ мебошад. Кормандони муассиса дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия дар шароити душвор фаъолият мекунанд.

Дар  муассиса 5 маҳфил аз рўи машғулиятҳои дўзандагӣ, бофандагӣ,  гулдўзӣ,  коркарди чўб ва маҳфили физика дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД, “Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш