Омўзгор аз нигоҳи ман шахси боодоб, донишманду хирадпеша, фозилу оқил мебошад. Ман ҳам омўзгорам ва аз мушоҳидаҳоям мебинам, ки волидайни хонандагон нисбат ба муаллимони ба касбашон содиқу вафодор эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Падари банда низ омўзгор буд. Солҳои зиёд фаъолияти пурбор дошт. Медидам, ки ҳангоми дар нафақа будан омўзгорони мактаби деҳа ба аёдаташ меомаданд, шогирдонаш ҳам зиёд аз ҳолу аҳволаш пурсон мешуданд. Ҳис мекардам, ки падарам омўзгори шинохта будаасту дар байни ҳамкорону шогирдон обрўю нуфузи зиёд доштааст.
Омўзгор бояд дар байни ҳамкорон ва шогирдон бо хулқу хў, рафтори намунавӣ, пеш аз ҳама, бо донишу заковати фитрӣ фарқ кунад. Падарам дар хона мизу курсии корӣ дошт. Чанд соати рўзи худро ба хондани китоб, тайёрӣ ба машғулиятҳо сарф менамуд. Ў барои мо намунаи ибрат буд. Таъкид менамуд, ки ҳалолтарин нон нони муаллимист, ба шарте ки муаллими ҳақиқӣ бошӣ, масъулияти касбиро донӣ, аз рўи виҷдон кор кунӣ..
Мо аз оила се нафар, як писару ду духтар касби падарро интихоб кардем. Омўзгор бояд ҳамеша либоси тоза, озодаю шинам ва дарзмолшуда пўшад. Риояи назокати либоспўшӣ яке аз омилҳои эҳтироми муаллим аз ҷониби шогирдон аст.
Баъзе омўзгорон ба шогирдон бо сиёсат, садои баланд, ҷиддият муносибат мекунанд. Ба андешаи ман, сиёсату ҷиддият он қадар дар таълим нақш надорад, агар дониш набошад. Боре дар рўзномаи «Набзи Файзобод» мақолаи омўзгор Қурбон Ҷомиро хондам. Ў менавишт, ки агар муаллим дониш надошта бошад, бо дўғу даранг, бо сиёсат обрў намегирад. Ин хел муаллим сирри бедонишии худро фош мекунад.. Ман ба гуфтаи ў комилан мувофиқам.
Хуршед ЮСУФОВ,
муаллими литсейи
касбӣ-техникии ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр