Нашрияи Омӯзгор

Қиссаи сазовор дар васфи омӯзгор

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Хабари ба Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ пешниҳод гардидани қиссаи хондании нависанда Маъруф Бобоҷон «Тавба» хеле хушҳолам кард. 

Ҳикоя, очерк, сафарнома, қисса ва романҳои ӯ, ки дар онҳо ишқу муҳаббат, сарнавишти инсонҳои меҳнатдӯст ва зиндагидида, ҳалолкору покрав ва алорағми чунинҳо мардуми фасодзада, каҷназар ва орӣ аз фаросати инсонӣ таҷассум ёфтааст, хонданию зебоянд.

Маъруф Бобоҷон бо аввалин навиштаҳои худ охирҳои солҳои ҳафтодум ва аввалҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба адабиёт ворид гардид.

Дар ин муддати тӯлонӣ дар қатори ҳикояву очеркҳои беҳисобаш қиссаҳои хондании адиб «Хишти аввал», «Шаби охирин», «Ҷуфти кабӯтар», «Боғи умед», «Муҳаммад», «Бандаи ихтиёрӣ», «Тавба», романҳои «Умеди вопасин» ва «Фурӯғи ишқ» дастраси хонанда гаштанд.

Нависанда дар қиссаи хеш «Тавба», ки аз забони омӯзгори варзида Абдусамад Абдуаҳадов, ки бобоёну аҷдодаш ба китоб меҳр доштанд ва ин соҳибсаводӣ боиси озору азияташон гашт, инсонбадбинӣ, ҷаҳолат, ахлоқи бад, китобсӯзӣ, бегуноҳ ба зиндонҳо рафтан ва дигар хислатҳои пасти амалдорони нолоиқро мазаммат менамояд ва хислатҳои беҳтарини инсониро тарғиб мекунад.

Қисса аз забони қаҳрамони асосии асар Абдусамад Абдуаҳадов, ки солиёни дароз омӯзгор ва ҷонишини директор буд ва бо сабаби ба номи бобояш тамғаи «душмани халқ»- ро часпондан ба вазифаҳои баландтар намерасад, бо пули ҳалол панҷ фарзанди худро соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву ҷой гардондааст, бозгӯ мешавад. Меҳнати ҳалол, завҷаи меҳрубон, фарзандони тарбиятдида, шогирдони зиёд боиси ифтихори омӯзгоранд.

Омӯзгори нафақахӯр Абдусамадов як рӯзи ҷумъа пиёда пеш аз оғози намози ҷумъа дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор менамояд ва раҳораҳ лаҳзаҳои умри сипарикардаи худро пеши назар меорад. Ҳаёти ӯ дар деҳаи Себзори ноҳияи Шарафобод мегузарад, вале ҳар ҷумъа барои намоз ба масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд меояд, то ки бо баҳонаи адои намози ҷумъа бо шиносу ошноҳояш вохӯраду каме дар чойхона дами беғам зананд. Қиссаи «Тавба» аз шонздаҳ боб иборат аст. Муаллиф дар ин асар кӯшидааст, ки бо воситаи нақши Абдусамад Абдулаҳадов хонандаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намояд.

Қаҳрамони асар пеш аз намоз ба пирамарде вомехӯрад, ки барои фурӯш китобҳои зиёди қадимаро овардааст, вале бо сабаби аз хати форсӣ дур гаштани ҳамватанон на ҳар кас ба колои ӯ эътибор медиҳад.

Худи ӯ китоберо аз назди фурӯшанда мегирад, ба чашм айнак мегузорад, вале дуруст хонда наметавонад.

Чун ӯ аз назди китобфурӯш дур мегардад, воқеае ба ёдаш меояд.

Ҳангоме ки дар парваришгоҳ тарбия мегирифт, рӯзи шанбе баъди дарсҳо ба деҳа баргашт. Падараш амр намуд, ки хӯрокашро тановул намояду баъди намози аср бо ӯ пайи коре равад. Онҳо белу халта гирифта равон шуданд. Чун ба баландӣ ба арчазоре расиданд, падар амр намуд: « -Абду, ин ҷоро ков».

Абусамад ба кофтан шурӯъ намуд ва пурсид: « -Дадаҷон, ин ҷоро барои чӣ мекобем. Ягон вақт шумо кӯзаи тилло гӯр када будед?..

- Тилло не, аз тилло қимматтар-илму дониш...» Аз ин пора хонанда дармеёбад, ки аз тарси ҷазо надидан яке аз қаҳрамонони ин асар китобҳои ба хуни дил ҷамъовардаи худро дар ин ҷо гӯронидааст, вале ин боиси наҷоташ нагардидааст. Ӯро барои китобҳое, ки дар хона нигоҳ медошт ва «гуноҳ» - и дар мадрасаи Мири Араби шаҳри Бухоро таҳсил карданаш бо аҳли оилааш ба Сибир бадарға карданд. Ҳамин сабаб боис гардид, ки ягона фарзанди оила нобуд гардад ва Абдулаҳаду ҳамсараш солҳо доғи бефарзандӣ кашанд.

Баъди интизориҳо ҳамин Абдусамад ба дунё меояд.

Аслан таъқиби ин оила хеле пеш сар шуда буд. Баробари ғалабаи Инқилоби Октябр барои саводнокиаш бобояшро ба ҳабс мегиранд.

Нависанда дар тасвири ин ҳолат чунон ба сухан ҷозиба мебахшад, ки хонанда ҳар калимаро бе ашки чашм хонда наметавонад. Худи ҳамон рӯз ӯро бо гурӯҳи калони бандиён ба Хукдара бурда мепарронанд ва бе обу такфин ҳамроҳи дигарон дар чуқурие партофта ба рӯяш хок мекашанд.

Чунон ки зикр намудем, қаҳрамони асосии асар Абдусамад Абдулаҳадов, бо вуҷуди он ки дар Хуҷанд таҳсил карда, сазовори дипломи омӯзгорӣ гардидааст, дар ҳар сари қадам таъқиб мешавад ва баъзе беандешаҳо ӯро фарзанди «душмани халқ» ва ё «кулакбача» ном мебаранд. Ҳатто дар замони мактабхонияш барои аз ёд накардани шеъри «Ленини муаззам» аз тарафи омӯзгор чунин таънаро шунид, ки боиси аз мактаб дилхунук гардиданаш шуд. Маъруф Бобоҷон нависандаи мушоҳидакорест, ки хурдтарин равандҳои номатлубро мушоҳида мекунад ва онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирад ва роҳҳои ислоҳашро нишон медиҳад.

Дар асар баробари пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ пайдо шудани зумраи бо истилоҳ  «тоҷикони нав»дар симои раиси ноҳия Асадуллоҳ Шарафзода, табибони нохалаф дар симои Азим Азимов ва мӯйсафедони худонотарс дар симои Мулло Нуриддин хеле устодона тасвир ёфтаанд.

Қаҳрамони марказии асар муаллим Абдусамад аст. Бо вуҷуди ҳама кӯшишҳои дигарон рӯҳи шикастнопазираш ба шикаст тан намедиҳад.

Ӯ дар оиладорӣ, тарбияи фарзанд, муомила дар ҷамъият, дастгирии бечорагон намунаи ибрати дигарон аст.

Ҳатто се ҳазор долларе, ки келинаш Мавҷудабону ва писараш Абдулаҳад дар зодрӯзаш барои сафари ҳаҷ ба вай ҳадя мекунанд, ба ҳамдеҳааш Абдусаттори осиёбон, ки хонаҳояшро сел бурдаасту аз тарафи ҳукумати ноҳия ба ӯ чизе надодаанд ва писари ягонаи танбалу корношоями ӯ чанд сол пеш ба Россия рафта бедарак гаштааст, туҳфа мекунад.

Нависанда дар симои раиси ноҳия Асадуллоҳ Шарафзода он раисони худхоҳеро тасвир мекунад, ки солҳои аввали ба истиқлолият расидан ба зӯрӣ ба сари мансаб омадаанд ва «худ-ро шоҳу табъашонро вазир» медонанд. Ин турфа одамон гумон мекарданд, ки солҳо сари қудрат мемонанду касе «пишакашонро пишт» намегӯяд. Дар ин давра ҳатто гӯристонҳоро соҳиб шуданд. Ин воқеа дар зиёрати қабристони деҳаи Себзор тасвир шудааст. Писароне, ки ба нашъафурӯшӣ умр ба сар мебаранд, дар сари оромгоҳи падари хеш чунон сангеро гузоштаанд, ки гӯё ӯ дар зиндагиаш нодираи даврон бошад. Хушбахтона, баробари ба сари қудрат омадани ҳукумати қонунӣ ҳама зуҳуроти манфӣ аз байн рафт.

Дар асар нависанда ба симои Мулло Каримбой эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ин инсони хоксор ҳамеша кӯшиш мекунад, ки манфиаташ ба дигарон расад. Ба Хукдара барои зиёрати қабри бобои муаллим рафтанаш ҳам аз хоксории ӯ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз дар ҳамин зиёрат хонанда эҳсос менамояд, ки барои чӣ асар номи «Тавба»- ро гирифтааст.

Абдулаҳад пай мебарад, ки дар ҳақиқат, падари ӯ - муаллим Абдусамад муҷассамаи ақлу хирад аст. Қиссаи «Тавба», бемуҳобо, яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти муосир аст ва ҳунари нависанда арзандаи мукофоти баланд мебошад.

Исмоил ЗАРИФӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш