Дар шаҳри Душанбе Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои адлияи кишварҳои узви СҲШ ва котиботи СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Дар машварат қонунҳо оид ба коронавирус, нақши қонунҳо дар давраи пандемия, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории миллӣ, нақши вазоратҳои адлия дар муқовимат ба коррупсия, лоиҳаи Конвенсияи СҲШ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ баррасӣ гардиданд.
Дар Машварати вазирони адлияи давлатҳои СҲШ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вусъати ислоҳоти ҳуқуқӣ, нақши вазоратҳои адлия дар муқовимат ба коррупсия, таъмини волоияти ҳуқуқ, баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва табодули таҷриба миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ вобаста ба масъалаҳои алоҳидае, ки манфиатҳои мутақобиларо ба танзим медароранд, дода шуд.
Дар анҷом оид ба натиҷаи Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул гардид.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр