Баъзеҳо аз пайи ҳавову ҳавас гашта, ба истеъмолу истифодаи маводи мухаддир машғул мешаванд, ё ин ки ба баъзе гурўҳҳо шомил шуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Гарчанде ки олимону донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, омўзгорон аз оқибатҳои ногувори ин амалҳо ба воситаи баромадҳо, китобҳо онҳоро огоҳ мекунанд, аммо ҷавонон ба чунин корҳои бад даст мезананд, “Ҳероин”, ки бо номи маводи мухаддир шинохта шудааст, аз ҷумлаи маводе ҳаст, ки дар дини ислом ҳаром дониста шудааст. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд: “Ҳар чизе, ки ақлро аз байн бубарад, хамр гуфта мешавад”. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки мағзи сари шахси истеъмолкунандаи машруботи алкоголӣ ва хусусан маводи мухаддир карахт шуда, ақли ў кам ва хотирааш заиф мегардад.
Харид ва фурўши маводи мухаддир инсонро муфлис, қарздор ва хору зор мекунад. Ин боис мешавад барои туъмаи дасти бархе аз ватанфурўшон гаштан. Ҷавонони зиёде қурбони ҳавову ҳавас гашта, роҳи нодурустро интихоб мекунанд, ки оқибати он худкушист.
Қуръони карим дар ин бора ба мусалмонон чунин амр намудааст: “Худро ба дасти худ ба ҳалокат нарасонед” (сураи “БАҚАРА”, ояти 195) чунин зарароварӣ ба худ ва ҷомеа аз доираи талаботи исломӣ берун буда, як навъи гуноҳ ба ҳисоб меравад.
Падару модари нашъаманд ё ҷавоне, ки ба доми фиреби хоҷагони “зархарид” афтода, аз афъоли бади фарзандашон чи қадар азоби рўҳӣ мекашанд ва ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Ба таъбири устод Лоиқ : “Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад”
Мутаассифона, бештари ин ашхос ҷавононанд. Аз ин рў, ба ояндаи кишвар, маънавият ва насли оянда таҳдиди ҷиддӣ дорад, зеро аз мардони заифу заҳролуд фарзанди солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда ҳеҷ фикри дурусте ҳосил намешавад.
Бархе аз падару модарон чун наметавонанд ба фарзанди худ роҳбарӣ кунанд, нотавонӣ зоҳир менамоянд, ки ислоҳнопазир аст ва сарбасарӣ ба ў фоида надорад. Бо изҳори норозигӣ ба ҷойи ёрӣ ба кўдак зарар мерасонанд, ҳеҷ чиз чун бовар ба сифатҳои хуби ҷавон ва ҳавасманд сохтани ў дар ин самт наметавонад ёрӣ расонад. Ин аст, ки имрўз масъалаи мубориза бо майзадагӣ, маводи мухаддир, терроризм, экстремизм дар ҳақиқат, мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳувият ва умуман, ояндаи ҳар миллат мебошад.
Марям Равоқова,
муовини директори мактаби №33, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр