Нашрияи Омӯзгор

Оқибати фоҷиабори нашъамандӣ

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Нашъамандӣ проблемаи мушкилтарини ҳаёти ҷавонон дар тамоми кишварҳои дунё ба ҳисоб меравад. Маводи нашъаовар ба ҳолати рўҳӣ ва равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Барои узвҳои бадани инсон тамоми намуди маводи мухаддир зиёни сахт мерасонад. Дар натиҷа аз гирифторшудагони маводи мухаддир фарзандони носолим ба дунё меоянд. Дар гирифторшудагони он меҳру муҳаббат ва дўстӣ аз байн меравад, ишқ дар  вуҷуди чунин шахсон нодаркор мешавад, ҳатто муносибат бо аҳли оила ва падару модар заиф мегардад. Фаромўш набояд кард, ки нашъамандӣ – ҷавонӣ, зебоӣ, қуввату дармони одамро нест мекунад. Нашъамандӣ на танҳо ба нашъаманд, балки ба ҳамаи аҳли хонадон зиёни равонӣ мерасонад.

Маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои даромади асосии гурўҳҳои террористӣ ва муташаккили ҷиноятӣ буда, он имрўз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин омили манфӣ имрўзҳо ба субот ва рушди бисёр минтақаҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Маҳз паҳнкунандагони маводи мухаддир ҷавононро  зиёдтар ба ин беморӣ гирифтор карда, ҷомеаро заҳролуд сохта истодаанд.  Мувофиқи тадқиқоти мутахассисон ду намуди нашъамандӣ- ҷисмонӣ ва равонӣ вуҷуд дорад.

Ҷисмонӣ - ин одат кардан ба маводи мухаддир ва оқибат пайдо шудани аломатҳои шикасти ҷисм, яъне, дарди ҷонкоҳ аст, ки бе набудани миқдори ин маводи сахттаъсир сўзиши устухонҳо ва дарди сахти сар ба вуҷуд меояд.

Нашъамандии равонӣ баъди моҳҳо ё солҳо инсонро боз ба истеъмоли ин маводи сахттаъсир маҷбур месозад. Яъне, он нашъамандии психологиест, ки дар сатҳи фикр, эҳсосот ва рафтор пайдо мешавад. Ҳамарўза дар кураи замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнсолонро кўтоҳ мекунад. Аз ин рў, ақли солимро кор фармуда, ба фиребу дасисаҳои ҳар гуна гурўҳҳои нашъаҷаллобу экстремистӣ гирифтор набояд шуд.

Ф.Танабердиев,

омўзгори  коллеҷи  тиббии

 ноҳияи Б.Ғафуров

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш