Нашрияи Омӯзгор

Қатрае сирко хуми асалро вайрон кунад

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Асри мо асри тараққиёти босуръати техникаи электронӣ, даврони комёбиҳои бузурги илмҳои дақиқ аст.

Асбаски ҳамаи комёбиҳо ба мутахассисони соҳибмаълумот ва донишманду масъулиятшинос вобаста аст, аҳли ҷомеа бояд  аз тақдири ояндаи Ватан ва фарзандон ҷиддӣ биандешанд. Як лаҳзаи ғафлат ва саҳлангорӣ дар тарбияи фарзанд, хоҳ дар мактаб асту хоҳ дар оила бохти ҷуброннопазире дар пай дорад. Равшан аст, ки урфу одат ва расму анъанаҳои ибратбахши миллати мо лоиқи ҳама гуна ситоиш аст. Вале бо мурури замон бо таъсири фарҳанги Ғарб пояҳои баъзе анъанаҳои суннатии мо заиф  гардида, ҷавонон аксарият тарзи  либоспўшӣ, муошират ва зиндагонии аврупоиёнро меписанданд.   Барои баъзеи онҳо ягон ғояи олии башарӣ ва ё ормоне вуҷуд надорад.

Аз ин зумра фардо на ба падару модар, на ба Ватан ягон манфиат нахоҳад расид. Баръакс, онҳо боиси заҳролуд шудани афкори наврасони камтаҷрибаю ноогоҳ мегарданд, мисли он ки як қатра сирко метавонад як хум асалро вайрон кунад. Мо, омўзгоронро ин вазъият сахт ба ташвиш андохтааст. Волидайни сабукандешу аҳли ҷомеа ва муҳит барои ба чунин тарзу шева ба воя расидани онҳо мусоидат кардаанд. Бемории ниҳоят хавфноке, ки ба аҳли ҷомеаи мо сироят кардааст, бетарафист.

Мо дигар мисли замони Шўравӣ  наврасонро насиҳат намекунем, танбеҳ намедиҳем. Гуноҳашонро нодида мегирем. Ин бетарафӣ боиси он шудааст, ки дар байни насли калонсолу наврасон иззату эҳтиром намондааст. Наврасон калонсолонро гўш кардан намехоҳанд, онҳо зиндагониро бо ҳамон ақли ҳанўз хому нокомили худ таҷриба мекунанд. Вале оё вақти беҳуда рафтаю умри зоеъгардидаро дубора дарёфтан мумкин аст?

Бо умеди саодати ояндагон ва ҳифз кардани анъанаҳои неки миллӣ ва тарбияи мақсадноку огоҳона Ҳукумати Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қабул кард. Ин қонун ҷойгоҳи ҳар як шахс ва вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро муайян месозад. Ободии рўзгор ва осудагии хотири мардум ба сулҳу созиш, дурандешӣ, сабру таҳаммули ҳамагон вобаста аст. Ин сифатҳоро танҳо инсонҳои адабандўхтаву дар кўраи омўзиш ба  камол расида дороянд.

Чархи таърих пас намегардад. Фаромўш набояд кард, ки фарзандони мо аз интернету компютер фақат дониш намеомўзанд.Селоби ҳазорҳо хабару маълумот онҳоро хоҳу нохоҳ саргарм месозаду халос. Ва онҳо дигар худро аз компютер дур нигоҳ дошта наметавонанд.Ин танҳоӣ онҳоро оқибат ба кўйи худхоҳиву бетарафӣ ва бегонаписандӣ меафканад. Ягона чораи ислоҳи ин камбудӣ дар ҳамдил шудани аҳли ҷомеа, хусусан, омўзгорону падару модарон аст. Масъулиятро дар кори тарбияи фарзанд ҳарду тараф бояд баробар ҳис кунанд.

Мо, тоҷикон, анъанаҳои неки ҳазорсола дорем, ки шукри Худо ҳанўз ҳам зинда аст. Фақат ба онҳо бо чашми дил нигариста, онҳоро нодида набояд гирифт.

Саёҳат НАБИЕВА,

омўзгори мактаби рақами 122,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш