Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон – муттакои кишвари соҳибистиқлол

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Сулҳу ваҳдат, барои мо, тоҷикон, бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он, қабл аз ҳама, натиҷаи талошҳои пайгиронаи хирадмандонаи  Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

  Таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии миллати сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу суботи кишвар  ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи  мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки як порчаи он Ватан ном дораду як каф хоки он  муқаддастарин неъмати рўи дунёст, аз вазифаҳои муҳим ва калидии насли  наврас ва ҷавонон ба шумор  меравад. Аммо таассуфовар  аст, ки бархе аз нотавонбинон  ин  арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш  ҳазорон нафар дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик ҷони худро фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрўзи босаодати моро сохтанд, пушти по зада,  арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то ҷое, ки метавонанд, ба осоиштагии халқу амнияти кишвар халал ворид мекунанд.

Мусаллам аст, ки дар ҷавоби ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат  ҷавонони бонангу ор ва бошарафи миллати тоҷик ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки  ҳам бар сухан, ҳам дар амал ҳимоятгари содиқи Ватан бошанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки  агар дар ҳар як маҳалла, деҳа, ҷамоат, ноҳия, шаҳр зиёиён  ҷавононро дар рўҳияи волои дўст доштани ватан ва  содиқ  будан ба мазҳабу  суннати аҷдодӣ  тарбия намуда, ҳамвора дар мулоқоту суҳбатҳо аз дастовардҳои  кишвар нақл намоянду аз оқибатҳои хеле бад доштани хизмати хирсона   ба хоҷагони  беруна, ки ҳадафашон  санг задан ба Тоҷикистони азиз мебошад, огоҳ созанд,  ҳеҷ гоҳ сафи чунин ҷавонони роҳгумзада зиёд намегардад.

Дар шароити  ба ҳам омадани тамаддунҳои ҷаҳонӣ гумроҳ намудани ҷавонон бо таблиғи ғояҳои ифротгаронаю террористӣ аз ҷониби ҳаракату аҳзоби тундгарои террористӣ хелел осон аст.

Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи имрўзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Агар  созмону аҳзоби  сиёсии динӣ дар доираи қонун барои озодӣ ва ҳуқуқҳои динӣ фаъолият баранд, ба пешрафти кишвар ҳаргиз монеа эҷод намешавад. Мутаассифона, баъзан дар ҷомеа қувваҳое  ба майдони сиёсӣ ворид мегарданд, ки зери ниқоби дини мубини ислом,  ҳадафҳои муғризонаи сиёсию идеологии худро амалӣ карданӣ мешаванд ва ҷавононро ба роҳи каҷ раҳнамоӣ мекунанд.

Аз ин рў, мо, ҷавонон,  набояд ба суханони авомфиребонаи  чунин гурўҳҳо гўш надиҳем ва аз хатари шомилшавӣ ба чунин гурўҳҳои тундгаро эҳтиёт кунем, аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро огоҳ созем ва онро ба унсури асосии тақвиятбахши фарҳанги ҷомеа табдил диҳем.

Муҳайё ТОҲИРОВА,

омўзгори калони   кафедраи забонҳои хориҷии               

ДПДТТ,  ба номи академик М. С. Осимӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш