Коршинос Сабрина Ғаффорова мегўяд, тибқи мушоҳидаҳо, дар лагерҳои наздимактабӣ баргузории машғулиятҳо, истироҳат, хўрокхўрӣ ва ташкили бозиҳо дар сатҳи зарурӣ сурат намегирад. Сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Давлат Сафар қайд кард, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ташкили лагерҳои мактабӣ беҳтар гардида истодааст. Зеро дар ин масъала на танҳо мактаб, балки худи волидон ҳавасманд мебошанд. Бо ин мақсад қарори раиси вилояти Хатлон, таҳти №119 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2021” қабул шуда, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят мавриди иҷро қарор гирифтааст. Имсол 173 ҳазору 320 нафар кўдаку наврас ба лагерҳои наздима-ктабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ бояд ҷалб карда шаванд. Аз ҷумла, 3200 нафар дар назди муассисаҳои томактабӣ, 4340 нафар дар муассисаҳои интернатӣ, 22300 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11310 нафар дар майдончаҳои варзишӣ, 89100 нафар дар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – таълимии муассисаҳои таълимӣ, 6890 нафар дар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – меҳнатӣ ва 6180 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дўстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода гуфт, ки беш аз 3 ҳазор нафар кўдаку наврас ба истироҳату фароғат басти аввали лагерҳои наздимактабӣ ҷалб гардиданд. Дар назди муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо аллакай басти якум гузаронида шуд. Басти дуюм низ дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфт. Ҳоло дар басти сеюми чанде аз хонандагони фаъол, фарзандони омўзгорон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта шудаанд.
-Дар назди 2 муассисаи томактабӣ 322 нафар, 5 муассисаи таълимӣ 125 нафар, 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 2630 нафар кўдаку наврас фаро гирифта шуда, дар басти сеюм омўзгорон бо ташаббуси худ фарзандонашро иловатан ба лагерҳои беруназшаҳрӣ равон намуда истодаанд, - афзуд Ш. Маҳмасаидзода.
Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иттилоъ доданд, ки дар назди 8 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 500 нафар аз ҳисоби падару модарон ва буҷаи маҳал, дар назди 1 муассисаи интернатӣ бо ҷалби 40 нафар бо додани хўрок ва 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 1075 нафар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – таълимӣ ташкил гардид. Илова бар ин, дар бастҳои дуюм ва сеюм фарогирии наврасон ба лагерҳо, хусусан, синфҳои аз 4 боло идома дорад.
- Агар дар назди муассисаҳои таълимӣ беш аз 2900 нафар ба истироҳатгоҳи фароғатӣ – таълимӣ, варзишию беҳдоштӣ ҷалб шуда бошанд, пас дар назди муассисаи томактабӣ 675 нафар фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар басти сеюм ҷалби хонандагон ба осоишгоҳи «Насими Фархор» идома дорад. Ба ҳамин монанд, дар шаҳри Кўлоб дар назди 11 муассисаи томактабӣ, 2 мактаб – интернат, 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҷалби 1416 нафар кўдак, 2880 нафар наврас лагерҳо ташкил карда шудаанд. Ҳамасола дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и шаҳри Кўлоб, ки дар ноҳияи Муъминобод фаъолият дорад, кўдакону наврасон фаро гирифта мешуданд. Имсол бо сабаби ҷудо нагардидани маблағ барои таъмиру тармими истироҳатгоҳи “Шарора”, ҷалби наврасон дар басти сеюм ба лагери мазкур ғайриимкон мебошад.
Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилоят, ба осоишгоҳи “Шифобахш”- и ноҳияи Вахш 80 нафар ғолиби олимпиада ва озмунҳо, “Офтобак”- и шаҳри Норак, “Насими Фархор” – и ноҳияи Фархор хонандагони пешсаф ва фаъол, фарзандони омўзгорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва амсоли ин дигар осоишгоҳҳо амал мекунанд ва дар басти сеюм кўдакону наврасон фаро гирифта шуда истодаанд.
С.АЗИЗӢ,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр