Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои ў дар назди ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро ба манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад. Шаҳрванд бояд қадру қимати худро донад ва онро ҳимоя намояд, аз миллат, таърих ва фарҳанги он бохабар бошад ва онҳоро гиромӣ донад».
Барои ба амал татбиқ намудани яке аз унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ мо бояд онро бо воситаи баргузории соатҳои тарбиявӣ, суҳбатҳо, вохўриҳо бо шоиру нависандагон, бо собиқадорони ҷангу меҳнат, бо панду андарзҳои ниёгонамон дар чорабиниҳои беруназсинфии тарбиявӣ мукаммал омўхта, ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Тарбияи хонандагон дар рўҳияи хештаншиносӣ, ормонҳои миллӣ, ҳувияту озодандешӣ ва эҳсоси волои ватандўстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ рисолати асосии омўзгорон ба ҳисоб меравад.
Суханварону донишмандони маъруфи тоҷику форс хештаншиносиро яке аз фазилатҳои асили инсони комил маънидод кардаанд. Таърихшиноси машҳури асри 11-и тоҷик Абулфазли Байҳақӣ ба маврид гуфта буд: «Нахустин сифати инсони хуб бояд он бошад, ки зоти хеш бишносад, зеро чун зоти худ бидонист, чизҳоро дарёфт. Ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чи гуна тавонад донист?»
Хештаншиносии насли наврас, пеш аз ҳама, дар падидаҳои ватандўстӣ, ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ зоҳир мешавад. Дар тарбияи хештаншиносӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар фанҳои таълимӣ бояд ин мавзўъро ба таври комил омўхта, шогирдонамонро роҳнамо бошем. Ташкили маҳфили «Таърихи кишваршиносӣ» барои омўхтани мустақилонаи хонандагон аз ҳаёти одамони барўманди диёр, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аввалин омўзгорони диёр, занҳои барўманд, таъсиси аввалин мактабҳо, қаҳрамонони меҳнат ва ғайра, ки хеле ҷолибанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Сурайё Низомиддинова
омўзгори калони
кафедраи психология,
педагогика ва методикаи таълими ФДҷТИБКСМ
дар Суғд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр