Нашрияи Омӯзгор

Кори бомашварат наку ояд

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Тарбия ва ба воя расондани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи масъули падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан мебошад. Одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдўстӣ, хоксорӣ, ватандўстӣ, аз хислатҳои  беҳтарини инсонианд, ки фарзандон ин ҳамаро дар оила аз волидон меомўзанд.

Агар муҳити оила фарҳангӣ бошад, албатта, таъсири он ба фарзандон мерасад, зеро падару модари бофарҳанг ба беҳуда сарф шудани вақти фарзандон имкон намедиҳад. Волидон бояд пайваста бо мактаб ва ҷомеа  муҳит дар иртибот бошанд ва аз ҳоли фарзандашон  воқиф гарданд

Волидон бояд намунаи беҳтарин барои фарзандон бошанд. Онҳо дар баробари талоши зиндагӣ, мушкилоти моддии рўзгор бояд вақт ёфта, аз ҳоли фарзандони худ хабардор шаванд. Бо ёру рафиқон, ҳамсуҳбатони онҳо  ё ақаллан бо омўзгорон тариқи телефонӣ дар тамос шаванд, аз пешрафту давомоти фарзанди худ огоҳӣ дошта бошанд. 

Оила мактаби аввалин ва муҳими тарбияи фарзанд мебошад ва агар дар ин зина ягон каҷравие ба амал ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимони мактаб амали душвор мегардад. Барои бартараф намудани камбудиҳои пешомада омўзгорро зарур аст, ки бо падару модарон бештар ҳамкорӣ карда, аз шароити оилавии шогирдон воқиф бошанд, донанд, ки мушкилоти оила дар чист ва кўдак дар кадом муҳит ба воя расида истодааст.

Яке  аз воситаҳои ҳамкории муаллим бо волидайн, гузаронидани маҷлисҳои  синфии падару модарон мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамон маҷлиси синфӣ натиҷаи хуб медиҳад, ки дар шаклҳои гуногун ташкил ва гузаронида шаванд, ба монанди маҷлис – мубоҳиса, маҷлиси ҷамъбастӣ, рейтингҳо, иштироки фаъолонаи волидон дар баргузории чорабиниҳои синфӣ, иштирок ба дарсҳои устодон ва санҷидани фаъолияти фарзандон дар дарсҳо. 

 

Зуҳро БАБАЕВА,

омўзгори синфҳои ибтидоии

мактаби рақами 78,

ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш