Сафари мо – ман ва рӯзноманигор – сайёҳ, Тоҷиддин Саидолимов (Раҷабзода) аз саёҳати навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардида, баъди тамошои Нораку Данғара омадем ба деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ба меҳмонии омӯзгори собиқадор Сироҷиддин Рустамов, ки соли 1970 факултаи филологияи тоҷики УДТ (имрӯза ДМТ) - ро ҳамроҳ хатм карда будем. Пасон роҳ пеш гирифтем сӯи Восеъ ва Кӯлоб, оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, озими ноҳияи Муъминобод шудем.
Ронандаи таксӣ моро назди хонаи даркориамон расонд. Аз дарвозаи дутабақа вориди саҳни ҳавлии тозаву озодаю обзада шудем. Моро марди чеҳракушоди босалобат хеле самимӣ чун шиносҳои дерин пешвоз гирифта, ба хона таклиф намуд. Барои мо аҷибу гуворо буд, ки буданамонро напурсида ба меҳмонхона даъватамон карданд. Мо хостем, ки аз куҷою кӣ буданамонро маълум кунем, вале соҳибхона аллакай болиштҳоро тахт карда, «шаб дароз, баҳузӯр шинос мешавем» гуфт бо лутфи ба худ хос. Хонаи Олимҷон Табаровро тасодуфан интихоб накарда будем. Ҳанӯз пагоҳирӯзӣ ба зиёрати Чилдухтарони Муъминобод рафтанамонро фаҳмида, сабақдарсам Сироҷиддин Рустамов гуфт, ки дар маркази ноҳия, албатта, хонаи Олимҷон Табаров мудири шуъбаи маорифи ноҳия – додарзодаи олими маъруфи тоҷик Соҳиб Табаровро суроғ кунед, ман огоҳаш мекунам. Бинобар ин рост назди дарвозаи ӯ омадем ва аҷоиб, дар он ки он бегоҳ телефони ҳамроҳи мизбони мо дар идораи маориф фаромӯш шуда будааст ва ин шаҳмарди кӯҳистон дари меҳмонхонаашро ба рӯи шахсони тамоман ношинос кушодааст. Ана, меҳмоннавозии тоҷикӣ, ана, ҷавонмардӣ.
Шаб суҳбат хеле тӯл кашид, соҳибхона бо як лаҳни хеле ширин аз зиндагии ҷадди бузургаш қиссаҳо кард. Гуфт, ки давраи охири ҳаёти ин абармарди илми тоҷик ҳамин ҷо паҳлуи зодгоҳаш – деҳаи Чорроҳаи ноҳияи Муъминобод ҷараён дошт ва дар маркази ноҳия паҳлуи ҳамсараш дафн карда шудааст, бо васияти устод. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар маркази ноҳия хона – музейи ин олими забардастро иборат аз ду бино ва боғча тарҳрезию бунёд кардааст. Масъулияти нигоҳубинии ин маркази ҷумҳуриявии илму фарҳанги тоҷик ба зиммаи нахустписари Олимҷон Табаров гузошта шудааст. Моро шарафи бузург насиб шуд, ки ба китобхонаи ин осорхона шинос шавем. Он аз се ҳуҷраи калон – калон иборат буд. Ин ҷо баробари адабиёти нодир бо чанд забон, дастхатҳои ин марди хирад дар 162 дафтари 96 варақа маҳфуз аст. Акнун, Муъминободро баробари мавзеи Чилдухтарон, ки аз маркази ноҳия 25-30 километр дур буда, бинанадаро бо салобату ҳашаматаш мафтун мекунад, боз бо оромгоҳи фарзанди барумандаш Соҳиб Табаров мешиносанд, ки сарҳади илми тоҷикро аз паноҳи Чилдухтарон то ба китобхонаю марказҳои бузурги шарқшиносии дунё интиқол дода тавонист.
Мирзоҳамдам Шарифзода,
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр