Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми соҳибкорон

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

 

Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ  қайд намуд, ки дар соли хониши 2020 - 2021  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 45  медал  дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии мактаббачагон соҳиби  5 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ) гардиданд.  Соли равон 7 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№26,35 ва 46 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Кўлчашма барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №33 ва мактаби нав дар деҳаи Чилдухтарон барои 350 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлоли  давлатӣ  ба истифода дода мешавад. Аз тарафи соҳибкори ватанӣ  Раҷабалӣ Раҷабов дар деҳаи Хиргоҳтарош  бунёди  мактаби нав барои 144 нафар ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Аз ҳисоби шуъбаи маорифи ноҳия ба муассисаҳои таълимии ноҳия 12 адад компютер тақдим гардидааст. Мутаассифона, Маркази технологияи иттилоотии назди шуъбаи маорифи ноҳия то имрўз бо бинои асосӣ таъмин нест. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 дар шаҳраку деҳоти Муъминобод 178  иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, 23 муассисаи таълимӣ ва 14 муассисаи томактабӣ пешбинӣ шуда, корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷараён дорад.  Соли 2021  дар майдони 4 гектар  замин сохтмони лагери истироҳатӣ-фароғатӣ дар деҳоти ба номи Нуралишо Назаров барои 400 нафар кўдаку наврас ба нақша гирифта шудааст. 

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш