Нашрияи Омӯзгор

Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Деваштич

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Деваштич  ҷиҳати  омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсил сохтмон ба таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ бомаром  идома дорад.

Бинои нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Ҳазорчашма, ҷамоати деҳоти Мужун барои 640 нафар хонанда аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд  мегардад.

Сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №21-и деҳаи Хоҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан аз ҳисоби  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағи 1 миллиону дусад ҳазор сомонӣ оғоз  гардид. Бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Далёни Боло барои 350 нафар хонанда бо тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорон ҷараён дорад. Сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабиро барои 5 гурўҳ  (120 нафар кўдак)     соҳибкор  Самад Субҳонов  ба  уҳда гирифта, ба кор шурўъ кардааст.

Айни ҳол дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2940 нафар хонанда ва дар назди 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 320 нафар кўдак корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Неъмат НЕЪМАТЗОДА,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш