Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони “Мактаби ОКСФОРД” идома дорад

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода  аз ҷараёни бунёди ин муассисаи шакли нави таълимии муосир боздид намуданд. Бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида, дорои имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад.

Дар мактаби «Оксфорд» 450 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва барои таълиму тарбияи онҳо дар баробари кадрҳои маҳаллӣ худуди 20 нафар омўзгор аз хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд.  Айни замон дар ин иншооти ҷашнӣ 170 нафар коргар ба кор ҷалб гардида, барои бунёди он беш аз 22 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Хуҷанд ба мактаби №28-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, санги асосро барои азнавсозии ин муассисаи таълимӣ гузоштанд. Бинои мазкур бо маблағгузории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 20 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш