Нашрияи Омӯзгор

Маркази омўзишӣ ва магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»

Сана: 2021-08-12        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази омўзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ифтитоҳ гардид.

Маркази омўзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №1463 дар сохтори Академия таъсис ёфта, мақсади асосии он омўзиши масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ифтитоҳи расмии Маркази омўзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, доктори фахрии Академия Абдуллозода Нусратулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, Ҳакимзода Шарифҷон ва дигар олимону муаллифони китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни кушодашавии расмии шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази омўзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, ректори академия, профессор Абдухалил ғафурзода иброз дошт:

- Чун сухан дар бораи “Меъмори Ваҳдат”, “Бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон”, “Тоҷикистони муосир”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва амсоли инҳо равад, симои бузурги сиёсию давлатӣ, роҳнамои миллати бузурги тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён мешавад. Пас, месазад, мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, ҳамаҷониба омўзонида шавад, - таъкид намуд Ғафурзода А.Д.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин қайд намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон гардид, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, аз уҳдаи идоракунии мамлакат намебаромаданд. Мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоёни таҳқиқ ва омўзиш буда, моро зарур аст, ки нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омўзонем.

Бояд гуфт, қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рўйи ихтисосҳои 1-26010101 - идораи мақомоти маҳаллӣ, 1-260101 - идораи давлатӣ, 1-23010101 - сиёсати берунӣ ва дипломатия ва 1-2301060301 - менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд.

Таҳсил дар магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, зимни чорабинии мазкур ҷилдҳои 1, 2 ва 3 - и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташакул ва рушд” ба меҳмонону иштирокчиён муаррифӣ гардид. Таъкид гашт, ки ҷилдҳои 4  ва  5 – и китоби мазкур давоми соли ҷорӣ ба нашр хоҳад расид. 

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш