6-уми августи соли равон дар Душанбе Форуми сеюми намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Бинобар пандемия, он тариқи онлайн доир карда шуд.
Форум, ки ба мавзўи «Фазои иттилоотии СҲШ – воситаи муассири ҳамкорӣ» бахшида шуд, тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар соли 2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон - «Ховар» баргузор карда шуд.
Дар Форум роҳбарони ВАО ва коршиносон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ўзбекистон ва Котиботи СҲШ иштирок карданд.
Дар ҷараёни Форум иштирокчиён нуқтаи назари худро баён намуда, муҳимияти истифодаи фазои иттилоотиро барои ҳамкорӣ ва рушди кишварҳои СҲШ, пешбурди нақшаҳои ҳамёрии муваффақона ва самарабахши воситаҳои ахбори омма, инчунин, татбиқи босамари барномаҳо ва лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро таъкид намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи аҳамияти баргузории ин форум, ки чанде пеш дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» изҳор дошта буданд, махсус таъкид карданд:
«Имрўз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чӣ гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрўзаро чӣ гуна инъикос мекунанд. Муҳити дохилии кишвар ва низ муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рўзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар шахсони эҷодкор вобаста аст».
Дар Форум ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи муштарак оид ба муқовимат бо маълумоти фейкӣ (бардурўғ, беэътимод, беасос) ва комиссияи коршиносон оид ба мубориза бо фейкҳо таъсис дода шавад.
Ҷониби Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд модели нав иборат аз 3 банд таҳия карда шавад: таҳкими «Рўҳияи Шанхай» ва эҷоди консепсияи паёми ягонаи иртиботӣ; омўзиши мутақобила барои табодули таҷриба оид ба мазмуну мундариҷа; таҳияи нақшаи амал оид ба механизми мубодилаи маводи аудиовизуалӣ ҷиҳати мубориза бо коронавирус.
Аз ҷониби Ўзбекистон пешниҳод гардид, ки чораҳо оид ба таъмини озодии сухан, мубориза бо чолишҳо, маълумоти бардурўғ, ифшои маълумоти шахсӣ, киберҷинояткорӣ, муқовимат ба паҳншавии иттилооти дорои хусусияти экстремистӣ ва мазҳабӣ, ки боиси душмании миллӣ ва нажодӣ, бадномкунии шахсият ва нуфузи корӣ мешаванд, маълумот дар бораи маводи мухаддир ва маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ андешида шаванд.
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ВАО ҳамчун воситаи муҳим ва муассири инъикоси фаъолияти СҲШ дар минтақа ва дар маҷмўъ дар ҷаҳон пурра истифода намешаванд. Тазаккур дода шуд, ки фурсати таъсиси робитаҳои мустақими байниидоравӣ расидааст, ки метавонанд самаранок ва аз ҷиҳати истифода осон бошанд. Аз тарафи дигар, ташкил ва баргузории вохўриҳои онлайнӣ метавонад ба ҳамкории фаъолонаи ВАО-и кишварҳои узви СҲШ мусоидат намояд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи қарибулвуқўи Шўрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳамаҷониба инъикос гардад. Ҳамчунин, бо дарназардошти вазъи кунунии минтақа ва шиддатёбии фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ, ки ба амнияти фазои Созмон таҳдид мекунанд, дар инъикоси васеи ташаббусҳои кишварҳои СҲШ дар мубориза бо «се қувваи бадӣ» (терроризм, сепаратизм, экстремизм), ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо ҳаматарафа мусоидат карда шавад.
Иштирокчиён, ҳамчунин, ба мувофиқа расиданд, ки мунтазам вохўриҳои онлайнӣ гузаронанд ва инчунин, барномаҳои муштаракро оид ба густариши ҳамкорӣ таҳия намоянд.
Дар фарҷом қатъномаи Форум қабул карда шуд.
АМИТ «Ховар»
Маркази омўзишӣ ва магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
Дар Академияи идоракунии давлатии
Иловакунӣ
Иловакунии фикр