Дар Рўзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора сармутахасcиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабохон Одилова иттилоъ дод. Мавсуф иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурўъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷорӣ гардид. Имрўзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардидааст. Тибқи Низомномаи намунавӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми 3х4, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кўдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷойи зист талаб карда мешавад. М. Одилова зикр намуд, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ ба муҳлати 10 рўз - аз 10 то 20 август муқаррар карда шудааст. Ҳар сол барномаи омодашавӣ аз 1 август шурўъ мешуд, имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки он аз 10 август оғоз шавад. Акнун хонандагони синфи якум аз 10 то 20 август аз давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонандагон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд.
Ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат корҳои безараргардонӣ ҷараён доранд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд нақша дорад, ки бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати пешгирӣ ва безараргардонӣ корҳои омўзиширо ба роҳ монад.
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр