Нашрияи Омӯзгор

Мақоми Созмони Ҳамкории Шанхай дар сиёсати ҷаҳонӣ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақавие мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад. СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуқтаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳое мебошад, ки кишварҳои минтақа Осиёро муттаҳид намудааст. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки то 15-уми июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши неруҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалаҳои умдаву ҷиддитари ҳаёти рўзмарраи аҳолии ин давлатҳо гардид. Дар ҳамин замина, соли 1996 дар доираи нишасти роҳбарони давлатҳои ҳудудан ҳамсарҳад Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Россия ва Қирғизистон дар шаҳри Шанхайи Чин доир гардид, ки дар асоси он муоҳидаи “Панҷгонаи Шанхай” қабул гардид. Мақсад аз нишаст ва қабули чунин ҳуҷҷат дар он ифода меёфт, ки  амнияти давлатҳои аъзо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин карда шаванд. 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин сарони кишварҳои Чину Россия, Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи назди сарҳад ва 24-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Москва Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро имзо намуданд. Зимнан, дурнамои ташкили “Панҷгонаи Шанхай”-ро асосан ба роҳ мондани ҳамкориҳои низомӣ ва амниятии давлатҳои аъзо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба хотири мубориза ва бартарафсозии хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллии онҳо ташкил медод. То соли 2001 ин намунаи маҳдуди ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзо буд, ки баъдан дар шакли созмон шакл гирифт ва таъсис ёфт.

Аҳамияти «Панҷгонаи Шанхай», пеш аз ҳама, дар он буд, ки давлатҳои ба он аъзо омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкорӣ дар амалӣ гардидани сулҳу оромӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ изҳор намуданд.

Дар ин чорчўба музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба барои ҳалли масъалаҳои сарҳадии аз таърих боқимонда ва масъалаи вобаста ба эҷоди тадбирҳои боварии мутақобил дар соҳаи низомӣ ва кам кардани қувваҳои мусаллаҳ дар марзҳои кишварҳои аъзо оғоз гардиданд, ки мурод аз он таъмини амнияти минтақавӣ ва ба ин васила, фароҳам овардани шароит ва заминаҳои зарурӣ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дўстона буд. Мисоли равшани он бо муваффақият анҷом ёфтани гуфтушунидҳои Тоҷикистону Хитой доир ба масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар миқёси «Панҷгонаи Шанхай» 6 маротиба мулоқоти сарони давлатҳо доир гардид.

Ҳамин тавр, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай вохўрии сарони давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” баргузор шуд, ки дар он масъалаи қабули Ҷумҳурии Ўзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар заминаи нишасти мазкур Ўзбекистон ба ҳайати “Панҷгонаи Шанхай” қабул гардид ва дар натиҷа Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид. Маврид ба зикр аст, ки Созмони Ҳамкории Шанхай то имрўз дар асоси Хартияи СҲШ, ки соли 2002 қабул гардидааст, фаъолият менамояд. Мутобиқи Оинномаи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ҷониби давлатҳои аъзо қабул шудааст, вазифаҳои асосии ин созмон чунин аст:

– мусоидат барои рушди муносибатҳои тарафайни дўстона байни кишварҳои аъзо;

– густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ ва амнияти минтақа;

– муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм;

– муборизаи дастаҷамъона алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти фаромиллӣ ва ҳамчунин, муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

– ҳавасмандгардонии ҳамко-риҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молиявӣ ва дигар соҳаҳо;

– мусоидат ба рушди иқтисоди ҳаматарафа, инкишофи минтақа тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо;

– мавзунгардонии муноси-батҳо дар рафти ҳамгироӣ ба иқтисодиёти чаҳонӣ;

– мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи ухдадориҳои қонунгузории миллии давлатҳои аъзо;

– дастгирӣ ва густариши равобит бо дигар созмонхои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ;

– ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалқӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта;

– ҷустуҷўи муштараки роҳҳои ҳалли масоиле, ки дар асри XXI пайдо мешаванд.

Айни замон созмон аз ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) иборат мебошад. Сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат июни соли 2017 дар шаҳри Остона дар рафти ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Ҳиндустон ва Покистон ба  узвияти  созмон пазируфта шуданд. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи заминро ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. СҲШ ҳамчун созмони байналхалқӣ дар раванди фаъолияти худ ҳадафҳои зеринро меҳвар қарор додааст:

Таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо. Тавре дар боло ҳам зикр намуда будем, яке аз муҳимтарин заминаи ташаккули СҲШ ин танзими муносибатҳои сарҳадӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар самти таъмини амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳои аъзо ташкил медод. Имрўз низ СҲШ дар заминаи пайгирии манфиатҳои умумии давлатҳои аъзо шароит ва имконеро ба вуҷуд овардааст, ки давлатҳо дар фазои дўстӣ ва суботу ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои дохилӣ ва байнидавлатиро танзим ва ҳал намоянд.

Мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сиёсӣ. Давлатҳои аъзо дар асоси оинномаи СҲШ ҳамасола ҷаласа ва форумҳои доираи васеъ ва фарогири масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баргузор менамоянд, ки меҳвари асосии онро таҳкими низоми сиёсӣ, мубориза бо гурўҳҳои радикалӣ ва ҳифзи истиқлолу таъмини бехатарӣ ташкил медиҳад.

Муносибатҳои иқтисодӣ. Давлатҳои аъзои СҲШ дар асоси муносибатҳои мутақобила ва шарикии стратегии баҳри рушди иқтисоди давлатҳояшон ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои муосири амниятӣ аз қабили терроризму экстремизм ва сепаратизм дар минтақа мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол мавзўъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла, терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият дар доираи ташаббусҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди таҳлилу баррасии бештар қарор мегиранд. Дар робита ба пешгирии ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёту сиёсатҳо дар байни аъзои созмон форумҳо баргузор карда мешаванд. Ҳамин гуна форум дар шаҳри Душанбе низ соли 2016 баргузор гардида буд. Форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, на танҳо барои кишварҳои узви СҲШ, балки дар тамоми минтақа як рўйдоди муҳими сиёсию таҳлилӣ мебошад. Вазифа ва ҳадафи он таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини фаъолияти он мебошад. Мақомоти доимоамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхай сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон қароргоҳ дорад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таъсис ёфтааст. Сохтори мазкур дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои  аъзо дар мубориза бо терроризм нақши муҳим дорад. Боиси қайд аст, ки роҳбарияти сохтори мазкурро дар ҳоли ҳозир намояндаи Тоҷикистон Ҷумахон Ғиёсов ба уҳда дорад. Намояндаи Комитети иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Артур Голованов иттилоъ дода буд, ки солҳои 2013-2017 аз ҷониби ин сохтор, дар натиҷаи ҳамкориҳои муштараки мақомоти дахлдор 500 амали террористӣ ошкор ва пешгирӣ шуд. 440 пойгоҳи тайёрии низомии террористон барҳам хўрда, зиёда аз 1000 нафар террорист безарару дастгир шуд ва аз онҳо 5 ҳазор яроқи оташфишон, 46 тонна маводи тарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид.

Дар тўли солҳои арзи ҳастӣ намудани созмон 26 ҷаласаи сарони давлатҳои аъзо (1 ҷаласа-11 ноябри соли 2020 тариқи видеоконфронс) доир гардид, ки дар онҳо умдатарин масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин, масъалаҳои муҳими вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, дар доираи СҲШ давлатҳои аъзо дар самти густариши фарҳанг, илму маориф, муҳити зист ва экология, масъалаҳои энергетика ва об, таъмини субот ва сулҳ дар минтақа, рушди демократия ва дигар самтҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, бо такя бар усули сиёсати «дарҳои кушод», сулҳдўстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дўстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таҳким бахшид. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар созмон дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад.

Бояд қайд кард, ки СҲШ аз оғози таъсиси худ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои одилонаи байналмилалӣ кўшиш мекунад. Бист соли фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки Созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.

Ҳабибҷон Мирзозода,

омўзгори  факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш