Роҳе, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст
Роҳбарияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баҳри амалисозии ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди малакаи соҳибкорон чораҳои судмандро амалӣ карда истодаанд. Донишкада то имрӯз беш аз даҳ ҳазор нафар мутахассиси баландихтисосро дар бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти миллӣ омода намудааст, ки дар ин самт кору фаъолият намуда истодаанд. Ҳамчунин, дар донишкада Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки дар он малакаву маҳорати соҳибкорони навовар, менеҷерҳо ва маркетологҳо такмил дода мешавад.
Фатҳулло Ҷабборов,
сардори шуъбаи таълими ДСХ
***
Яке аз сарчашмаҳои ифлосшавии ҳавои атмосфера истеҳсолот ва партовҳои истеҳсолӣ ба шумор мераванд. Дар истеҳсолоти соҳаҳои гуногун барои қонеъ гардондани яксолаи як нафар бо хӯрок, манзил ва либос 20 тонна ашёҳои гуногун сарф мешаванд. Аз ин миқдор 10 фоиз ба моддаҳои охири истеҳсолӣ 90 фоиз ба партов табдил гашта, организмҳои зиндаро халалдор мекунад. Аз ин рӯ, роҳҳои пешгирӣ ва тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера дар замони муосир хеле муҳим мебошад.
У. Шафаинзода,
омӯзгори коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб
Пиряхҳои кӯҳистони Зарафшон нисбат ба кӯҳистони Помир бо суръати тез таназзул меёбанд ва ин раванд бо як қатор омилҳои табиӣ ва антропогенӣ вобаста мебошанд. Пиряхи Зарафшон калонтарин пир-ях дар ҳавзаи Зарафшон маҳсуб меёбад. Омӯзиши он аз соли 1870 оғоз ёфта, то ба имрӯз давом дорад. Он 27, 8 км дарозӣ ва бо шохаҳояш 132, 6 км масоҳат дорад. Забонаи пирях аз сатҳи баҳр дар баландии 2810 км воқеъ аст. Мушоҳидаҳои бисёрсола ба он далолат мекунад, ки пирях дар ҳолати таназзул қарор дорад. То ба имрӯз доир ба унсурҳои мувозинаи оби пиряхи Зарафшон маълумоти саҳеҳ нест, вале мусаллам аст, ки пирях ҳар сол андозаи масоҳат ва ғафсии худро талаф дода истодааст.
М. Саидов,
Ҳ. Аброров,
С. Давлатова,
устодони Маркази илмӣ ва маърифати экологии назди факултаи биологияи ДМТ
Тоҷикистони мо дар саргаҳи обҳое қарор дорад, ки рӯдҳои бешумораш аз пиряхҳову чашмасорони обҳои мусаффо сарчашма мегиранд. Зиёда аз 50 фоизи обҳое, ки сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ истеъмолу барои обёрӣ истифода мебаранд, маҳз аз Ватани мо берун мераванд. Яъне мушкили асосии мо нарасидани об не, балки истифодаи дурусти он мебошад.
Мавлуда Холиқова,
омӯзгори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе
Шогирдон он вақт дарсҳои омӯзгоронро хуб дарк менамоянд, ки агар машғулиятҳо дар шакли бозиҳои шавқовар гузаронда шаванд. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ин шакл метавонад тамошои филм бошад. Фикр сода аст: филми шавқоварро бе тарҷумааш тамошо карда, гуфтугӯи қаҳрамонҳоро тарҷума мекунем, ибораю калимабандии онҳоро муҳокима менамоем. Дар рафти дарс мо ба тарзи талаффузи овозҳо диққат медиҳем... Аз мусиқиҳои хориҷӣ низ истифод кардан мумкин. Усули дигар тайёр кадани саҳначаҳо дар дарсҳои забони англисӣ аст, ки худи шогирдон иҷро менамоянд.
Шодимурод Қаҳҳоров,
омӯзгори фанни забони англисӣ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Ба фикри инҷониб яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар гардидани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён шахсияти омӯзгор ва сатҳи касбии ӯ маҳсуб меёбад. Ба гуфти Заҳири Форёбӣ:
Ин дасти бастаро ту кушодӣ, ки
оқибат,
Он кас кӣ буд, тарбия устодвор
кард?
Омӯзгор парваришгари маънавияти инсонӣ аст ва бояд, ки шахси бофарҳанг, сухансанҷу сухандон, ростқавлу ростгӯ, мушфиқу меҳрубон бошад. Шогирди имрӯза дар симои устод бояд шахси ҳамақидаву ҳамфикри худро бинад. Устод ягона шахсест, ки барои илм омӯхтани шогирдонаш мунтазам ғам мехӯрад.
Боймат Набиев,
сардори бахши мониторинги сифати таҳсилот ва сайқали маҳорати касбии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Дар ҳазорсолаи сеюми то солшумории ҳозира одамон бодбонро барои ҳаракати қаиқҳо истифода мебурданд, аммо танҳо дар асри 7- и мелодӣ форсҳо осиёби бодиро ихтироъ намуданд, ки бо ҳамин таърихи муҳаррикҳои бодӣ сар шуд.Чархҳои корӣ дар дарёҳои Нил, Фурот ва Янсизи истифода мешуданд. Осиёбҳои бодӣ ва чархҳои обӣ то ба асри 17 намудҳои асосии муҳаррикҳо буданд.
Дар охири асри 17 ва аввали асри 18 дар Италия, Фаронса, Америка, Россия, Испания кӯшишҳои бисёре карда буданд, ки муҳаррике ба вуҷуд оранд, то аз оби равони дарёҳо ва аз бод вобаста набошад.
Л. Қассобов,
Д. Давлатшоев,
дотсентони ДТТ ба номи
академик М. Осимӣ
Бо шарофати истиқлолият тараққиёти илму техника ва дастрас будани компютеру техникаи компютер омӯзгор имконият пайдо кард, ки воситаҳои зарурии намоиширо бо назардошти шароити маҳал ва дараҷаи дониши хонандагон худаш тайёр намояд. Ин маводи намоиширо омӯзгор бе харҷи зиёдатӣ бо истифода аз барномаи PowerPoint тартиб дода метавонад.Барномаи номбурда ба гурӯҳи барномаҳои идорӣ дохил ва ҳангоми сабти идора ба компютер ин барнома низ сабт карда мешавад.
Комилҷон Мирзоев,
муовини директори коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав
«ОМӮЗГОР»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр