Нашрияи Омӯзгор

Ба диққати муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба омодагии  ибтидоии ҳарбӣ

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

«Ватанпарвар» ягона  нашрияи  умумиҷумҳуриявии ҳарбӣ – ватандўстист, ки  баҳри баланд бардоштани шуурнокии мудофиавии  шаҳрвандон, омода намудани онҳо барои дифои Ватан ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакатамон маводу матолиби хусусияти низомидоштаро  таҳия ва ба нашр мерасонад.

Аз ин рў, агар шумо хоҳед, ки доир ба

- асосҳои қонунгузорӣ ва оинномаҳои  соҳаи ҳарбӣ ва мудофиавӣ;

- таърихи афкори ҳарбии халқи тоҷик ва миллатҳои ҷаҳон;

- раванди ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон;

- ҷараёни баргузории машқҳо ва тамринҳои ҳарбӣ – мудофиавӣ;

- руйдоду навгониҳои ҳаёти низомии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

- ихтироъу навовариҳои  силоҳу  лавозимоти низомӣ;

- моделҳои  артишдории  кишварҳои  дунё;

- хосият ва фарқияти  техникаву  таҷҳизоти  ҳарбӣ;

- усулҳои  муассири баргузории тадбирҳои тодаъватӣ;

- роҳҳои беҳтари тайёр намудани наврасону ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ;

- тарзу тартиби пешбурди чорабиниҳои оммавӣ – мудофиавӣ;

- роҳу усулҳои баргузории бозиҳои ҳарбӣ – варзишии «Шафақ», «Уқобча», «Сипар»  ва  «Ҳомиёни Ватан»  байни  хонандагон;

- чигунагии рушд ва оммавият бахшидани намудҳои ҳарбӣ – амалӣ ва ҳарбӣ – техникии варзиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- тарзу тартиби ташкили созмонҳои ибтидоии Ташкилоти мададгори мудофиа дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

- роҳҳои пурсамари омода намудани наврасону ҷавонони синни мактабӣ ба хизмати ҳарбӣ ва мудофиаи Ватан;

- тарбияи ҳарбӣ – ватандўстии наврасону ҷавонони  синҳои тодаъватӣ ва даъватӣ  маълумоти  доимии давомдор  пайдо намоед, пас барои дарёфти нусхаҳои нашрияи ҳарбӣ – ватандўстии «Ватанпарвар»  иқдом намоед ва ба он барои соли 2022  обуна шавед.

Обуна дар шуъбаҳои почта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Арзиши обунаи солона 48  сомониро ташкил медиҳад.

Ҳадафи ин пешниҳод зиёд намудани адади нашр ва ё манфиати молиявӣ набуда, танҳо ба тақвияти тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи тайёрии тодаъватии сарбозони ояндаи Ватан тавассути таъмини самаранокии таълими фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона гардидааст.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, кўчаи

Спортивная - 8

Телефон барои дарёфти маълумот:

236-00-52; 93-409-46-44.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш