Нашрияи Омӯзгор

Рўзгори пурбаракат ва фаъолияти омўзанда

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Қиблагоҳам омўзгор, дорои хислатҳои барҷастаи инсонӣ, амсоли хоксориву фурўтанӣ, покизакориву меҳнатдўстӣ, ҳалимиву инсонпарварӣ буданд.

Он  кас соли 1932 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ, дар оилаи инсони поксиришту раиятпарвар, раиси хоҷагӣ,  ду даъват депутати Совети Олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Муҳиддин Ҷўраев ба олами ҳастӣ чашм во намудаанд. Падарам мактаби 7-солаи деҳаро бо сари баланд хатм намудаву сипас, бо дуои неки волидайн ба омўзишгоҳи  омўзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро бомуваффақият  ба итмом мерасонанд. Пас аз адои хизмат ба Ватан баргашта, дар мактаби рақами 20 - и ноҳия ба ҳайси омўзгори забони русӣ кору фаъолият намуданд. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. ғафуров дохил шуда, онро низ бо ихтисоси географ бо сари баланд ба итмом мерасонанд. Падарам  тўли  солҳои зиёд дар ин ҷодаи заҳматталаб ва пурифтихор кору фаъолият намудаву шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд. Шогирдони он кас имрўз бархе  пешаи  омўзгориро ихтиёр намудаву гурўҳи дигар дар соҳаҳои гуногун  кору фаъолият менамоянд. Падарам бо ҳамкасбон  ва шогирдон муносибати хуб доштанд. Аз ин рў, эшон аз кору фаъолияти пурсамар ва рўзгори ибратбахши он кас бо некӣ ёдоварӣ менамоянд. Падар омўзгори ботаҷрибаву сахтгир буда, нисбат ба  насли наврас меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир менамуданд. Ба ҷавононе, ки нав ҳамчун омўзгор ба дабистон қадам мегузоштанд, дўсту мададгор  ва роҳнамои ин пешаи пуршараф буданд. Хатоҳое, ки аз тарафи онҳо зоҳир мешуд, бо оҳистагӣ  фаҳмонида, роҳи дурусти ба муваффақиятҳо ноил гаштанро нишон медоданд. Дар байни омўзгорон бо хислатҳои ҳамидаи хеш обрўву эътибори хоса доштанд.

Ман  ҳамчун  фарзанди ин шахси соҳибобрў тайи 25 сол мешавад, ки дар ин ҷодаи заҳматталаб кору фаъолият дорам. Аз он ифтихор менамоям, ки пайрави қиблагоҳи азизам ҳастам ва дар пайроҳае қадам мениҳам, ки падари азизам тўли 60 сол қадам мондаанд. Падарам пас аз ба нафақа баромадан ҳам бо мактаб робитаи ногусастанӣ доштанд. Доим ба мактаб омада бо шогирдонашон суҳбат доир менамуданд. Ба онҳо оид ба  кору фаъолият дар мактаб маслиҳат медоданд. Ба шинонидани ниҳол ва бунёди боғ низ шавқи беандоза доштанд. Боғеро бунёд намуданд, ки дар он ҳар гуна ниҳолҳо нашъунамо доранд ва  имрўз аз самараи  дарахтони он фарзандону наберагон ва аберагонашон баҳравар гардида, дар ҳаққаш дуои нек мекунанд.

Имрўз падари бузургворам дар байни мо, фарзандон, нестанд, аммо ёди он кас, чеҳраи пуртабассум ва симои зебояшон дар дилу дидаи мо ҷовидонӣ нақш бастааст. Панду насиҳатҳояшон роҳнамои зиндагии мо буда, кору фаъолияташон сабақи зиндагиамон гаштааст.

Матлуба МУҲИДДИНОВА,

омўзгори мактаби  № 7, 

ноҳияи  Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш