барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Мутахассиси пешбари шуъбаи
таҳсилоти умумӣ - 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбӣ (равияи омўзгорӣ, донистани забонҳои русӣ, англисӣ бартарӣ дода мешавад);
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд;
-малакаи кор бо компютер.
Маоши мансабӣ 846 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони сардори раёсат;
-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
-шарҳи ҳол;
-нусхаи диплом;
-2 дона расми ¾
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда).
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд);
-маълумотнома (справка-объективка);
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Бохтар, кўчаи Бобоҷон Ғафуров-17, бинои раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Телефон барои тамос: 2-38-80
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр