Нашрияи Омӯзгор

Навишта кун

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Гуфтӣ, ки як ғазал ту бароям навишта кун,

Аз рамзи меҳру нуру сафоям навишта кун.

Гуфтӣ: - Бикун ба таҳниятам номае равон,

Ҳам оламе зи меҳру вафоям навишта кун.

Гуфтам, ки барф рехта бар мўйҳои ту,

Гуфтӣ, ки  на, зи умри бақоям навишта кун.

Ин ҷо ману қалам бари ту ҷаҳд мекунем,

Гуфтӣ, ки содагона бароям навишта кун.

Гуфтам зи олами ғаму андуҳи ту сухан,

Гуфтӣ: -Накун, зи нури самоям навишта кун.

Аз  марҳамату  ишқу зи алтоф то ба меҳр,

Ҳар чӣ, ки ҳаст хубӣ, бароям навишта кун.

Гуфтӣ ба меҳр: «Духтари тиллоимўйи ман»,

Аз лутфи фарш то ба Худоям навишта кун.

Меҳрафзо Кароматзода ,

 узви маҳфили “Адибони   ҷавон”-и

Маркази санъат ва эҷоди  кўдакони ба

номи Парии Ҳисории шаҳри ҳисор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш