Нашрияи Омӯзгор

Шеъри сапеди Ватан

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Аё Модар!

Аё эй Тоҷикистонам!

Аё эй Тоҷикистони азизи ман!

Туро ман дўст медорам,

Маконатро, замонатро,

Замину осмонатро.

Ҳама ангораҳои бостонатро,

Суботу ваҳдату  умри ҷавонатро,

Ҳама ин достонатро.

Ту ҳастӣ сояи бахту саодат,

Ифтихори  мо,

Ту ҳастӣ мояи меҳру муҳаббат,

Иқтидори мо.

Чун одат кардаем бо рўзҳои гарму сармоят,

Ки бо ту бигзарад фасли хазону ҳам баҳори мо.

Надорем бе ту ороме,

Ба ҳар субҳеву ҳар шоме,

Надорем бе вуҷудат

Хонаву сармояву коме.

Ба номи ту бувад пайваста номи ҳар яке аз мо,

Надорем бе ту дар ин олами армонҳо номе...

Ҷамшед Гурезов,

номзади илми филология,

дотсенти кафедраи забонҳои

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш