Нашрияи Омӯзгор

Нони истиқлол

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

Дар ҳамсоягии мо муаллимаи солхўрдае зиндагӣ мекард. Ўро хурду калони маҳалла бо эҳтиром «муаллима-апа» мегуфтанд.  Баъд аз 40 соли омўзгорӣ муаллима даврони пирӣ меронд. Ман ҳам аҳён-аҳён назди ў мерафтам, суҳбат карда менишастем. Ў аз даврони омўзгориаш қисса мекард. 

Тобистон. Субҳи саҳар, ҳаво салқин. Ширбиринҷ пухтаму як коса гирифта назди муаллима-апа рафтам. Бинам вай дар рўи кати ҳавлиаш нишаста буду болои дастурхон ду-се бурида нони чаппотии хушк ба чашм мерасид. Муаллима нони хушкро ба чой тар карда мехўрд.

-Муаллима, аз нони қоқ хўрдана, ширбиринҷро хўред, гармакак, - гуфтам.

Дар ҳамин вақт набераи муаллима омада нонҳои қоқро ҷамъ кардан гирифт.

-Мон истад, ман чой  қати мехўрам, -  амр кард.

-Бибӣ, айб аст, дар назди меҳмон нони қоқ мехўред. Ана, нони гарм овардам, - гуфт набераи муаллима.

-Эҳ, шумо, ҷавонҳо - ҷавонҳо, ба қадри неъмати дунё намерасед. Он солҳои сахтиро, ки мо дидем, асло шумоён набинед, - гуфта ба наберааш ишора кард, ки шинад. Ман ба шумо як ҳодисаеро, ки аз сарам гузаштааст, нақл мекунам.

Муаллима ба ҳикоя кардани саргузашташ оғоз кард. Солҳои 90-ум буд. Дар кишварамон ҳанўз нобасомониҳо идома дошт… Дар  он солҳо зиндагии халқ хеле душвор шуда буд. Хусусан, кўдакон азоб мекашиданд, чунки онҳо тоқати гуруснагӣ надоштанд. Мардҳо аз паси дарёфти қути лоямут мебаромаданд, то ки аҳли оилаашон гурусна намонанд. Рўзе шуд, ки дар хонаи мо низ на орд монду на нону на гандум. Новобаста ба ин ҳама душвориҳои зиндагӣ, дар мактаб кор мекардам, касбамро тарк накардам. Бо чор фарзанду шавҳарам зиндагӣ мекардем. Як бегоҳ дарк кардам, ки дар хона на орд ҳасту на гандум.

«Саҳар кўдаконам чӣ мехўранд»? - гуфта ба фикр ғўта задам. Ин ҳолро ба шавҳарам фаҳмондам. Он кас гуфтанд, ки саҳар мо ҳамроҳи ду-се марди ҳамсоя ба қишлоқ барои дарёфти гандум меравем, то як-дурўза худат як бало карда, кўдаконро уҳда намо.

Субҳи саҳар мардҳо баромада рафтанд. Ман ба осиёби маҳалламон рафтам, аммо осиёббон гуфт, ки ҳоло касе гандум наовардаасту орд ҳам нест. Ба хона омадаму духтарчаи калониамро бедор карда гуфтам, ки додару хоҳаронатро нигоҳ карда шин, ман ба хонаи тағоят рафта меоям.

- Оча, нон меоред ё орд? – гуфта пурсид духтарам.

- Намедонам, аммо шуморо гушна намемонам, - гуфтаму ба сўи маҳаллаи дигар раҳсипор шудам. Вақте ба хонаи бародарам наздик шудам, бўи  нони гарм ба димоғам расид.

«Кош, янгаам як нони гарм диҳад, кўдаконам бо чой мехўранд»,-гуфта аз дил  гузарондаму дарвозаи акоямро тақ-тақ задам. Янгаам дарвозаро кушода, ба ҷои ба хона таклиф кардан: -«Ҳа, каллаи саҳар қатӣ аз куҷо омадӣ?»- гуфт.

Ман салом додаму даромадам. Акоям дар хона набудааст. Янгаам: «Гузар шин, акоят дар хона нест», - гуфта ба рўи кати ҳавлиашон таклиф кард.

Ман лаби кат нишастам, писару духтари акоям чой менўшиданд. Янгаам як пиёла чой рехту «Нон гир,  ҳозиракак  пухтам», гуфта - як пора нон дароз кард. Як бурда нон шикастаму кўдакони дар хона чашм ба роҳам ба ёдам расиданд. Луқмаро ба зўр фурў бурдам. Янгаам чизе пайхас кардагӣ барин пурсид:

-Ҳа, саҳар қатӣ ба хайр!- гуфта пурсон шуд.

-Янга,  ман барои як кор назди шумо омадам, лекин акоям нестанд. Шояд шумо ҳоҷатбарори мо мешавед?

-Хайр, гап зан, чӣ будааст, охир? - пурсид янгаам.

-Янга, агар бошад, ба ман 5-6 кило орд ё гандум медодед, то аз хоб хестани кўдаконам ягон чиз мепухтам.

-Эҳа, ҳозир ба ту 5-6 кило гандум диҳам, боз кўдакони худам гушна намонанд? – гуфт ў. Ин суханони янгаам чун теғи алмос ба дилам расида бошад ҳам, худамро ба даст гирифтаму:

    - Янга, шумо бо ду кўдак чунин мегўеду офарини оилаҳои серфарзанд намегўед,- гуфта гиря гулўгирам кард,  дарро пўшида баромада рафтанӣ шудам. Чун аз дигар ҷое умеде надоштам, ба хотири кўдаконам боз истодагарӣ кардам.

-Янга, шумо ба ман  барои як-ду рўз гандум диҳед, шавҳарам, ки  овард, бармегардонам, - гуфтам. Баъди ин суханон янгаам розӣ шуду аз дастам халтаамро гирифт.

-Ин хел бошад, майлаш, биё.

Янгаам ба ошхонааш даромад. Ман ҳам аз паси он кас рафта  бинам, дар онҷо 4-5 халта гандум истодааст. Ман халтаи худро аз дасти янгаам гирифтаму «Раҳмати калон»-гуфта бо чашмони пуроб аз дарвозаи акоям баромадам. «Худо ҳеҷ касро муҳтоҷи касе накунад» гуфта ба хона баргаштам.

- Баъд чӣ шуд?- пурсид набераи муаллима. Ба акоятон чизе нагуфтед?

-Не, ман ин ҳодисаро ба касе нагуфтаам, ҳатто ба модарам, ки барҳаёт буданд.

-Пас, шумо гандуми янгаатонро баргардондед?- боз савол дод набераи муаллима.

- Ҳоло давомашро гўш кунед. Муаллима-апа нақлашро идома дод.

-Он рўз ман гандумро орд карда овардаму то хамир кардану нон пухтан ба кўдаконам ордбирён додам. Аз бўи ордбирён  кўдакони ҳамсоя низ ба хонаи мо омаданд. Ба мо ҳам, ордоб диҳед, муаллима – гуфтанд. Аммо касе аз кўдаконам:- Ин ордоби мост, ба шумо намедиҳем-гуфт. Ин хел нагўед, ба онҳо ҳам ордоб медиҳем, Худо ба мо боз ризқу рўзӣ медиҳад, гуруснаро сер кардан савоб аст, - гуфтам. Баъд аз якчанд рўз бародарам як халта гандум гирифта омад. Аз мошин гандум мефаровард, дилам таҳ кашид, боз бо янгаам ҷангу ҷанҷол нашуда бошанд?-гуфта аз дилам гузаронидам. Ба хонаи худатон мебурдед, шумо ҳам кўдакдоред, гуфтам ба акоям.

-Инро падарам аз қишлоқ фиристоданд, - гуфтанд акоям. – Хайрияте, - гуфта дилам пур шуд, ки янгаам ба акоям чизе нагуфтааст.

- Хоҳарам, танқисӣ кашида нашин, ба хона биё, ёрдам мекунам, ба ҳар ҳол, кўдакони хурдсол дорӣ, - гуфта акоям таъкид карда рафтанд. Ва ҳамаи ин ҳодисаро ба шавҳарам нақл кардаму гиристам.

Вай маро таскин дод:

-Зиқ нашав, ин рўзҳо ҳам мегузаранду дастархони мо боз пури нон мешавад.

-Иншоолоҳ, ба тақдири кўдакон боз тинҷию амонӣ шаваду серию пурӣ, - гуфтам. Албатта, шахсе ёфт мешавад, ки ба мо сулҳу амонӣ меораду Тоҷикистонро аз парокандагӣ ҳифз мекунад. Бале, шахсе, ки ҷонашро дареғ надошта баҳри халқу Ватани худ, баҳри сулҳу Ваҳдат мубориза бурд, ба мо зиндагии осоишта бахшид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

-Шукронаи сулҳу Ваҳдат, солҳост, ки зиндагии тинҷу осоишта дорем, аммо хотираи он рўзҳо ҳеҷ аз ёдам намеравад. Мебинам, ки чашми мардум аз нону об сер шудасту боз ба исрофкорӣ роҳ дода истодаанд.

Занони тоҷик худ кадбонуву нонпази моҳир ҳастанд. Онҳо бояд сарфаю сариштакор бошанду ба исрофкорӣ  роҳ надиҳанд, махсусан, нонро қадр кунанд. Мана, ҳамин нону чаппотиҳоро низ аз як тўйи маҳалла оварданд, ба соҳибхона гуфтам, ки нонҳоро қоқ карда ба гову мол  надиҳанд, ба ҳамсояҳо тақсим кунед, ба ман ҳам равон кунед. Мана, оварданд. Он рўзҳое, ки ба нон, ба нони қоқ муҳтоҷ будем, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Исрофи нонро бинам, чашмонам сиёҳ мезананд.

Нон хоҳ қоқ бошад, хоҳ гарм, бояд ба қадри он бирасем, нонро ҳурмату иззат кунӣ, худат низ дар зиндагӣ ҳурмату иззат меёбӣ, фаҳмидед,  духтарам, - гуфта муаллима-апа ҳикояашро ба охир расонд.

Сурмахон  АВАЗОВА,         

омўзгори мактаби №116, 

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш