Нашрияи Омӯзгор

Умри дубораи инсон

Сана: 2021-08-18        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар синфи 7 ё 8 мехондам. Боре аз китобхонаи мактаб қиссаи  “Субҳи ҷавонии мо”-и устод Сотим Улуғзодаро гирифта, ба хондани он шурўъ кардам ва худ бехабар мондам, ки китобро пурра хонда ба охир расонидаам. Аз ин китоб инсондўстӣ, ватанпарварӣ, дўстиву рафоқат, далериву ҷасурӣ, меҳнатдўстиву суботкорӣ  барин хислатҳои беҳтарини инсониро аз симоҳои асосии асар – Собир, Умархон - падари Собир, модараш, амакаш, Зебӣ ва дигарон омўхтам. Масалан, меҳнатдўстии Умархон маро мафтун карда буд. Ў меҳнатро манбаи дарёфти ризқу рўзии инсон медонад, бекориро бад мебинад ва намехоҳад, ки ба касе муҳтоҷ бошад. Умархон доимо ба аҳли оилааш мегуфт:

- Аз ҳамаи чиз дар зиндагӣ бадтар се чиз аст: Якум, дуздӣ, дуюм, ятимонро озор додан, сеюм бахилӣ. Худованд дуздро аз ҳама бадтар мебинад, зеро Офаридгор ба инсон зўру қувват додааст, ки онро кор фармуда, ризқу рўзияшро ёбад.

Образи модари Собир ҳам хеле писандам омада буд. Ў бори вазнини зиндагии  ҳамондавраро баробари шавҳараш мекашид, зани оқила, порсо ва босавод ҳам буда, Зебӣ ном ятимдухтари хоҳаршўяшро баробари фарзандонаш тарбия мекунад...

...Ҳангоми мутолиаи китоб гоҳҳо ба тақдири қаҳрамонони асар раҳмам меомад ва беихтиёр гиря гулўгирам мекард... Пас аз он асарҳои дигари Улуғзодаро ҷустуҷў менамудам ва то хатми мактаб бо шавқу завқи беандоза мутолиа менамудам.

Ман  устод С. Улуғзодаро натанҳо нависандаи тавоно, балки чун рўзноманигор, муаррих, ҷанговаре, ки на бо силоҳ, балки бо қаламу сухан дар ҷабҳаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дифои вазифа кардааст, раиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тарҷумони болаёқат, олими адабиётшинос, драматурги бузурги касбӣ шинохтаам.

Ин абармарди тавоно то охири умр аз рўи гуфтаи бузургон амал намуда, хулоса карданд, ки: “Агар одам халқи худро нағз нашиносад, ба вай нағз хизмат ҳам карда наметавонад”.

Навиштаҳо ва гуфтаҳо оид ба рўзгор ва фаъолияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода хеле доманадор ва мисли баҳри беканор аст. Маро бештар як давраи хеле ҳассоси ҳаёти нависандаи маҳбуб ба худ ҷалб менамояд ва банда ба шигифт меоям, ки дар ин давра, яъне охири солҳои 60-ум ба душвориҳои сахте рў ба рў гардида сабуронаву мардона он рўзҳои пурдаҳшату талхро аз сар гузаронида,  душвориҳои рўҳию равониро паси сар карда, ба вартаи ҳаёт дармондаанду бо раъйю тадбир раҳоӣ ёфтаанд...

Ин ёдоварии банда  аз ҳаёти нохуши адиб аз фоҷиаи нохуши рўзгори ман сарчашма гирифт. Ҳарчанд ҷавонам, азоби алими ҷудоӣ аз Бибиямро аз сар гузаронидам. Аслан ман падару модари меҳрубону ғамхоре дорам, садҳо шукр. Лекин бибии падариям, ки сафои хонадонамон буданд, маро аз тифлиям тарбия ва калон кардаанд. Сабаб он ки, он кас соҳиби панҷ писар буданду ба  як духтар орзуманд ва духтари ормонии он кас- ман, нахустнабера. Бо сад нияту орзую умед маро парваридаанд.  Бибии меҳрубон ва дар айни замон сахтгирам маро тарбия ва ба омўхтани илмҳои динӣ ва дунявӣ талқин мекарданд ва нахустустодам низ буданд. Гуфта буданд: “Худатро бо тарозуи ақлат баркаш, баъд ба иҷрои коре даст бизан. Дар мактаби олӣ хондан, пас ба касби интихобкардаат кор карданро агар лозим донӣ, бояд ҷиддӣ рафтор бикунӣ, вагарна гавҳари мақсуд ба даст намеояд”. Ана ҳамин бибии донишмандам дар айни хатми донишгоҳ ва ба кор даромаданам ногоҳ бемор  гузаштанд.

Рўзҳои  вазнини ҷудоӣ аз бибиам маро хеле нороҳат карданд, аз ин рў, рўй овардам ба сабр, рўй овардам ба фоҷиаҳои аз сар гузаронидаи нависандаи писандидаи худ С. Улуғзода.

Ин нависандаи ормонии ман чӣ рўзҳои сахту сангинеро пуртоқатона паси сар кардаанд. Саҳифаҳои рўзгори эшон ҳайратовар буда, ин абармард гоҳе шоду гоҳе ношод зистаанд.

 

Муноҷот Исматова,

омўзгори мактаби №2-и шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш