Тоҷики афтодаи дур аз Ватан,
Чун сипанди рўйи оташ ҷону тан.
Мустаманду хастаҷону дилфигор,
Аз фироқи Тоҷикистон хору зор.
Дар ғарибиҳо яке бемор гашт,
Пеши чашмаш рўзи равшан тор гашт.
Сар ба болини ғарибӣ чун ниҳод,
Лаб ба зориву таваллоҳо кушод:
«Мурдаамро Тоҷикистонам баред,
Ҷониби хоки ниёгонам баред»…
Ин сатрҳо баёни охирлаҳзаҳои ҳаёти устод Сотим Улуғзода буданд, ки ҳангоми дар шаҳри Москва будан гаштаю баргашта такрор мекард: «Маро тезтар ба Тоҷикистон баред».
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Москва аз ҳолу аҳволи адиби шинохта хабар гирифта, ба Тоҷикистон оварданашонро тасмим гирифтанд. Бо сабаби бемории ҷиддӣ ва вазъи ноороми сиёсӣ овардани адиби бемор хатар дошт, бинобар он, муҳлатро ба таъхир гузоштанд.
Ҳамин тавр, 25-уми июни соли 1997 қалби ин абармарди ватандўсту ватанпарвар дар шаҳри Москва аз тапидан бозмонду 27-уми июн ҷасадашро ба хоки Ватан фиристонданд. Баъд аз ду рўз, яъне аз 29-уми июн маросими видоъ дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, нашъи устод дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Васияташро амалӣ карданд.
Банда баъди ду сол аз фавти устод ба дунё омадаам. Чӣ гуна ба осору эҷодиёти ин шахсияти бузург дилбастагӣ пайдо карданам низ панди худи устод аст, ки аз таъкиди М. С. Андреев ба мо гўшзад намуда: «Халқи худро шинос!»
Давраи мактабхонӣ мутолиаи китоби «Субҳи ҷавонии мо» маро мухлиси ин адиби тавоно гардонд. Хусусан, образи Собир, ки тимсол (прототип)-и он худи устод аст, бароям хеле таъсирбахш гардид.
Азобу уқубати як ниҳолаки бе боғбон, ки дар рў ба рўяш боду боронҳои зиёде меистод, пеши назар омада, касро ба риққат меорад. Хушбахтона, мактабҳои усули нав барои чунин ниҳолакон боғбонҳои асил мебахшид, то ки аз нобудӣ раҳо ёбанд. Баъдан оғўши Дорулмуаллимини Тошканд ба рўйи Сотими ҷавон кушода шуда, онро низ бо сарбаландӣ хатм карданаш барои ояндаи некаш заминаи пурқуввате гашт. Аллакай дар ҷодаи илму маърифат зина ба зина қадам мегузошт.
Аз оғози ҷанги соли 1941 то соли 1944 дар майдони набард мондан ва ҳамчун хабарнигор дар рўзномае, ки ба Фронти Ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият намудан аз садоқати баланди ў дарак медод. Сипас, бо ташаббуси котиби идеологии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров устод ба ақибгоҳ даъват шуда, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мегардад. Ин даъват ба он мақсад буд, ки устод Улуғзода мисли адибони дигари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода ва Ҳаким Карим талаф нашавад.
Агарчи устод зери фишорҳои зиёд барои фарзанди худ - Азиз монд, ноумед нашуд, сабрро пеша кард, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намуд, то дубора меҳру муҳаббати ватандўстиашро дар осори гаронарзишаш ба мутолиа гузорад.
Маҳз эҷодиёти пуробуранги устод Сотим Улуғзодаро ман ҳангоми донишҷў гардидан ба донишкадае, ки номи ин абармардро дорад, мавриди бештари мутолиа қарор додам. Мо, донишҷўён, агарчи дар факултаи романию - германӣ таҳсил мекардем, аз устодон пайваста супориши мутолиаи асарҳои устод Сотим Улуғзодаро мегирифтем.
Вақте ки романи таърихии «Восеъ» ба дастам расид, ба заҳмату талошҳои устод амиқтар ошноӣ пайдо кардам. Чаро ки тамоми ранҷу азияти миллати тоҷикро, ки аз саҳифаҳои таърих меомўхтем, дар асар дарёфтам. Хусусан, қаҳрамониҳои Восеъю ҳаммаслаконаш, ҷасорату матонати онҳо ба хонанда рўҳияи баланди худшиносӣ ва ватандўстӣ мебахшад. Офаридани нақши занон дар образҳои Аноргул, Гулизор ва Фотима аз ҷониби нависанда ба маротиб нишонрас аст.
Матонати дигари устод ин буда, ки истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ менамуд.
Аз ҷумла, ба ноҳияи Ховалингу гирду атрофи он сафар кардани нависанда барои воқеӣ баромадани романи Восеъ як падида бошад, падидаи дигар ба майдони адабиёт роҳнамоӣ кардани як ҷавони шеърдўст бо номи Ҳабибулло буд. Дар ҳақиқат, Ҳабибулло Файзулло бо дастгириҳои устод Сотим Улуғзода роҳ ба майдони адабиёт ёфт, ки ин як хизмати шоистаи инсонист.
Бояд қайд кард, ки тамоми осори Сотим Улуғзода шоҳкориҳои бузургеро дар бар мегирад, ки хонандаи хешро ба таърихи гузаштаву пурғановати миллат ошно мегардонад. Ба шарҳи гуфтаҳои боло эҷодиёти ў бо номи қисса – повести «Ёрони боҳиммат», романҳои «Навобод», «Фирдавсӣ» ва бархе дигар ба омўзандаи осораш гиреҳи роҳҳои зиндагиро мекушояд.
Маҳорати баланди суханварӣ ба устод имкон дод, ки «Шоҳнома»»-и Фирдавсиро ба наср китобат намояд ва касони аз пояи назм ноогоҳро ба ғояҳои ватандўстонаи Ҳакими Тўсӣ аз наздик огоҳ созад.
Аз ҷумла, барои миллати тоҷик боиси сарбаландӣ буд, ки романи «Фирдавсӣ»-и устод Сотим Улуғзода байни адибони форсизабон романи сол гардида, мақому манзалати бузургро насиб гашта, соҳиби 4000 сиккаи тилло гардад.
Ҷараёни рўзгори Фирдавсӣ дар роман гувоҳӣ медиҳад, ки устод сарнавишти худро бо Фирдавсӣ пайваста, фақат вақту замонро дигар нишон додааст. Устод тамоми дарду ғам, шикасту рехт ва нокомиҳои зиндагии Фирдавсиро дар худ кашф кард ва ҳамаро ба Фирдавсӣ нисбат дод. Дар таҳлилаш чунин нишон дода, ки тақдири ҳар фарҳангии асил чунин аст, вале афкори халқ болотар аз ҳама истодагарӣ мекунад.
Ман аз он ифтихор мекунам, ки тибқи квотаи Президентӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо дипломи аъло, хатм намуда, вориси забономўзи миллату давлат гаштаам. Бо ҳисси баланди ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ мекўшам, ки насли ояндаро аз дарси сабақомўзи устод Сотим Улуғзода воқиф карда тавонам.
Гулнора ГИЁЕВА,
хатмкардаи факултаи романӣ - германии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр